Рӯзи баъд ҳангоми тановули субҳона, зан мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳамсояааш либосҳои шустаро овезон карда истодааст. Дар ин ҳангом зан рӯ ба ҳамсараш карду гуфт: Либосҳоро чандон тоза нашустааст, шояд либосшуиро хуб сарфаҳм намеравад.
Мард чизе нагуфт.
Муддате бо ҳамин минвол гузашт ва ҳар боре, ки зани ҳамсоя либосҳои шустаро овезон мекард, ӯ ҳамон ҳарфҳоро такрор менамуд.
Як рӯз бо тааҷҷуб дид, ки ҳамсояаш либосҳои тамизро овезон карда истодааст. Пас гуфт: Акнун либосшуиро ёд гирифт.
Мард бо табассум посух дод: Ман имрӯз барвақттар аз хоб хестам ва шишаҳои тирезаамонро тамиз кардам.
-----------------------
Он кас, ки бинои айби хеш бошад ва чашмони хешро барои ҷӯстани айби дигарон боз накунад, хирадмандтарини мардумон аст.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12