Предыдущая публикация
****
Соқи ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб,бигӯ,ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози саҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Тарсам,ки сарфае накунад рӯзи бозхост,
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Ҳаргиз намирад он,ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Эй бод,агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ барu ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ?
Худ ояд он,ки ёд наёри зи номи мо.
Ҳофиз,зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Шояд,ки мурғи васл кунад қасди доми мо.
Шурб-май.
Аҳбоб-дӯстон.
Амдо-қасдан: махсусан
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2