🔕
Пурсиш: Ассалому алайкум, ҳадиси саҳеҳро аз ҳадиси заъиф чи хел фарқ кунем?
Посух: Бисмиллоҳ, вал-ҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ.
Ва алайкумус-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Аввалан:
Ҷудо кардани ҳадисҳо ба саҳеҳу заъиф ва баррасии аҳодис илми алоҳидае ҳаст, ки бо номи “Мусталаҳул-ҳадис” машҳур аст. Яъне баррасии ҳадисҳову ҷудо кардани он кори саҳлу осоне нест.
Ва баррасии ҳадисҳо ду марҳала дорад:
Якум, бояд он ривоятро дар кутуби ҳадис пайдо намояд ва тамоми санадҳои онро фаро гирад (зеро ки як ривоят гоҳо бо чанд санад (санад – яъне силсилаи ривояткунандаҳо) меояд) ва муъайян кунад, ки мадори ин ривоят бар кадом санаде ҳаст.
Ва дуввум марҳала ин аст, ки ба таҳқиқу баррасии санад ва матни ин ҳадис пардозад. Баррасии адолат ва сидқу диёнат ва қувваи ҳофизаи ровиҳо ва ҳамчунин қуввати фаҳму забти ровиҳо.
Ва низ тариқаи ривояти ин ҳадис, ки муттасил (пайваста бидуни инқитоъ) аст ё ки мунқатеъ ва ё мурсал (яъне дар охири санад ровие ҳазф шудааст).
Ва низ омухтан ва баррасии ин ҳадис дар умум, ки иллате надошта бошад, мисли мухолифат бо аҳодиси саҳеҳ ва изтироб ва ғайра аз иллатҳо.
Пас маълум мешавад, ки баррасии ҳадисҳо корест азиму ҷалил ва дар айни ҳол хатарнок, ки на ҳар касе тавони онро дорад. Зеро ки таъаллуқ дорад ба инкору исботи чизе нисбати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).
Ва сониян:
Аммо агар аз тарафи дигар посух диҳем, мегӯем ки ҷудо кардан байни ҳадиси саҳеҳ ва заъиф саҳлу осон аст, баъди интишори китобҳо ва илму дониш ва ҳукми уламо бар аҳодис.
Зеро ки Худованд фармудааст:
إنا نحن نزلنا الذكر وإنا له لحافظون
“Мо ин зикрро (ваҳйро) нозил кардаем, ва мо худамон онро ҳофизу нигаҳбон ҳастем”.
Ва ин ваҳйе ки Худованд фуру фиристод, ҳамон Қуръон ва ҳамчунин Суннати набавӣ аст. Суннати Паёмбар низ ваҳй аз ҷониби Худованд аст, ки Ӯ таъоло онро аз фосидону муфсидон ҳифозат мекунад.
Дар тули торих аз номи Паёмбар ҳадису ривоёти дурӯғро сохтаанду нашр кардаанд, вале Худованд бо аҳли ҳадис ва уламо шариъати худро ва суннати расули худро ҳифз кардааст.
Суфёни Саврӣ мегӯяд:
الملائكة حراس السماء وأصحاب الحديث حراس الأرض
“Малоика посбони осмон ҳастанд ва асҳоби ҳадис (уламои ҳадис) посбони замин”.
Ва имрӯзҳо низ аҳли бидъат ва хурофот ақидаи ботилу фосиди хешро ва ривоёти ботилро ба Паёмбар ва дину шариъати ӯ нисбат медиҳанд, вале Худованд бо аҳли ҳақ ва тавҳиду суннат ин аботил ва хурофоту гумроҳиҳоро радд мекунад ва дини хешро покиза нигаҳ медорад.
Ва аҳли илм аз қадим дар пайи таҳқиқу баррасии аҳодис ҳастанд ва ривоятҳои дурӯғ ва заъифро дар китобҳои алоҳида ҷамъоварӣ кардаанд, ки ҳар мусалмоне метавонад бо осонӣ аз он бохабар шавад ва барҳазар бошад ва дигаронро низ аз он ривоятҳои ботилу заъиф барҳазар дорад.
Нигар масалан: “Илали мутаноҳия”-и Ибни Ҷавзӣ, ва “Манорул-маниф”-и Ибни Қаййим, ва “Лаолии маснуъа”-и Суютӣ, ва “Фавоиди маҷмуъа”-и Шавконӣ, ва “Заъифул- ҷомеъ”ва “Силсила”-и Албонӣ…
Ва солисан:
Мисол барои ҳадиси заъиф ё дурӯғ:
“Ҳар шахсе ки инсонеро ғайбат кунад, ва сипас барои он инсон истиғфор кунад, ғайбати кардааш бахшида мешавад”.
» من اغتاب رجلا ثم استغفر له غفرت له غيبته «.
Ин ҳадис дурӯғ ва сохташудааст. Барои онки дар санади он Ҳафс ибни Умар ибни Маймуни Аблӣ ҳаст, ки назди аҳли ҳадис бо дурӯғгӯӣ маъруф аст. Нигар “Силсилаи аҳодиси заъифа”, №1520.
“Беҳтарин дуъо, дуъои инсон барои худаш ҳаст”.
» أفضل الدعاء دعاء المرء لنفسه «.
Ин ҳадис заъиф аст, зеро ки дар санади он Муборак ибни Ҳассон мебошад. Нигар “Силсила” №1563.
“Ҳар шахсе ки либосе пушад, токи худро намоиш диҳад ва мардум ба ӯ назар кунанд, Худованд ба ӯ нигоҳ нахоҳад кард, токи он пушидаашро кашад”.
» ما من أحد يلبس ثوبا ليباهي به، لينظر الناس إليه، لم ينظر الله إليه حتى ينزعه «.
Ин ҳадис сахт заъиф аст, зеро ки дар санади он ду иллат аст, яке инки дар санад Абдулмалик ибни Марвон аст, ки аз ӯ ҳадис нашояд гирифт, аз сабаби адами адолаташ (адолат — дар илми ҳадис ба маънои тақво ва парҳезгорӣ мебошад) ва иллати дуввум АбдулХолиқ ибни Зайд ҳаст, ки заъиф мебошад. Нигар “Силсила” №1704.
Дар посухи ин суол аз фатовои Шайх Солеҳ Мунаҷҷид истифода кардаам. Нигар фатвои рақами 140158 ва 70455 ва 6981.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев