мабош...
Ғамгин мабош:
Зеро ғам гузаштаи
талхатро ширин
намекунад,
ояндаатро бароят тарсон мекунад
ва
имрузатро барбод медиҳад.
Ғамгин мабош: Зеро ғам дилатро
танг,
ҷеҳраатро гирифта ва руҳатро
хаста
мекунад, орзуҳоят барбод
меравад.
Ғамгин мабош: Зеро ғам на
гумшудаеро
бармегардонад ва на мурдаро
зинда
мекунад, на тақдиро дигар
мекунад ва на
суде ба суят бармегардад.
Ғамгин мабош: Агар ту тангдаст
бошӣ,
дигаре ба хотири як луқма ду даст
дароз
кардааст, агар ту савора набоши
дигаре
пой аз даст додааст, агар аз
дардҳо
шикоят кунӣ дигарон дар
тобутҳои сафед
хобидаанд, агар ту як фарзанд аз
даст
додаи дигарон фарзандҳо аз даст
додаанд.
Ғамгин мабош: Агар гуноҳе
кардаи тавба
кун, агар бад кардаи талабӣ
мағфират
кун, агар хатое кардаи ислоҳаш
кун, зеро
раҳмати Худованд бе поён аст ва
дарвозаи тавба боз аст.
Ғамгин мабош: Магар намебинӣ
абрҳои
сиёҳ чи гуна пароканда ва шаби
торик чи
гуна равшан ва туфони сахт чи
гуна ором
аст? пас сахтиҳоят ба сӯи нармӣ ва
зиндагиат бо сафо ва ояндаат ба
сӯи
неъматҳо раҳсипоранд.
Ғамгин мабош: Зеро беморӣ
шифо
меёбад, мусибатзада беҳбуд
мешавад,
гуноҳ бахшида мешавад, қарзҳо
пардохта
мешавад, зиндонӣ раҳо меёбад,
гумшуда
бармегардад, гунаҳкор тавба
мекунад ва
нотавон тавоно мегардад.
Ғамгин мабош: Ҳаргоҳ, ки аз
чораҷӯи
бозмондӣ ва роҳоятро баста ёбӣ,
орзуҳо
поён ёбанд ва ресмонҳо канда
шаванд
нидое аз қалбат барор ва бигӯ: эй
Аллоҳ
«Вало ҳавло ва ло қувата илло
биллоҳи».
яъне нест қудрат ва тавоной
барои
бозгашт аз гуноҳон ва анҷом
додани
амали нек магар ба ёрии
Худованди
бузург.
Ҳаргоҳ, ки замин ба паҳноияш
бароят
танг шуд ва нафсат низ бароят
танг шуд,
пас аз қалбат нидое ба сӯи Аллоҳ
барор,
ки ҳамаи махлуқот нолаатро
шунавад ва
бигӯ: «Ҳасбуно Аллоҳу ва неъмал
вакил».
яъне басанда аст барои мо
Худованди пок
ва ӯ таъоло беҳтарин ёвар аст.
Ҳангоме, ки мусибате рух диҳад
ва
бадбахтие даратро кубад ва
гирифторӣ
буҳрон шавӣ, нидое барор ва
бигӯ: эй
Аллоҳ «Вало ҳавло ва ло қувата
илло
биллоҳ». яъне нест қудрат ва
тавоной
барои бозгашт аз гуноҳон ва
анҷом
додани амали нек магар ба ёрии
Худованди бузург. Ва ҳаргоҳ
тамоми
дарвозаҳо ба руят баста шуданд,
пас
нидое барор ва бигӯ: эй Аллоҳ
«Ҳасбуно
Аллоҳу ва неъмал вакил». яъне
басанда
аст барои мо Худованди пок ва ӯ
таъоло
беҳтарин ёвар аст.
Парвардигорро! бар ҷашмҳои
бедор хобу
оромӣ ва бар нафсҳои беқарор
сукунат ва
итминон биёвар ва ҳар дурро ба
пирузӣ
наздик бирасон.
Парвардигорро! курдилонро ба
сӯи нурат,
гумроҳонро ба роҳи рост,
роҳгумкардагонро ба сӯи
ҳидоятат
раҳнамои кун, Парвардигорро!
ғамро аз
фикрамон, андуҳро аз ҷеҳраамон
ва
тарсро аз дилҳоямон бардор.
Парвардигорро! ба Ту паноҳ
мебарем аз
ҳар тарс магар тарсӣ аз худат ва аз
ҳар
паногоҳ магар паногоҳе ба сӯят ва
аз ҳар
тавакал магар тавакал ба зотат ва
аз ҳар
савол магар аз боргоҳат ва аз ҳар
кумаку
мадад магар аз даргоҳат, Туи
чораҷӯи мо,
эй беҳтарин ёвар ва мададгор.
Барои касоне, ки ҷӯяндаи панду
насиҳатанд ин ду ояти Худованд
барояшон басанда аст вагарна
дар ғазабӣ
Худованд гирифтор мешаванд, ки
халосӣ
аз он нест магар, ки ӯ таъоло
хоҳад,
Худованд дар сураи Иброҳим ояти
7
мефармояд:
Ва Парвардигоратон эълом кард,
ки
агар Маро шукр гӯед, бар неъмати
шумо меафзоям ва агар ношукрӣ
кунед, бидонед, ки азоби Ман
сахт аст!
Дар дигар ҷой мефармояд:
Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад
рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба
Худо таваккул кунад, Худо ӯро
кофист.
Ҳаройна, Худо кори
худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар
чизро
андозае қарор
додааст. ( Сураи Талоқ, 3)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев