Мустахаб аст, ки домод бо хамасараш мулотафат кунад. Масалан вақте, ки бори аввалбо у якчоя ва хилват мешавад ба вай шарбат ё ширинӣ ва монанди он бидихад. Дар ин мавридхадисе ривоят шудааст, ки Асмоа духтари Язид гуфт: «Оишаро барои Паёмбар (алайхиссалом) ороиш кардам. Сипас назди Паёмбар (алайхиссалом) рафтам ва Уро барои ба назди Оиша даромадан даъват кардам. Омад ва канори Оиша нишаст. Сипас зарфе аз шир оварда шуд. Паёмбар (алайхиссалом) аз он нушид ва ба Оиша дод. Оиша сарашро поин овард ва шарм кард». Асмоа мегуяд: «Бар сари у овозамро баланд кардам ва гуфтам зарфи ширро аз дасти Паёмбари Худо (алайхиссалом) бигир! Оиша ширро гирифта каме аз он нушид». Ривояти Ахмад 458/438/6. Суннати дигар дар шаби аввали арусӣ ин аст, ки домод дасташро бар пешонии хамсараш гузошта бисмиллох бигуяд ва аз Худо талаби баракат кунад ва ин дуоро, бихонад: «Аллохумма инни асьалука мин хайрихо ва хайри мо чабалтахо ъалайхи ва аъузу бика мин шаррихо ва шарри мо чабалтахо ъалайхи». Яъне (Худовандо! хайри у ва хайри он чи дар вай офаридаатро аз Ту мехохам ва ба Ту аз шарри у ва шарри он чи дар вай офаридаӣ панох мебарам». Сахехи ибни Моча 1557. Инчунин суннат аст ду ракаат намоз бо хам бихонанд. Зеро ин кор аз салаф нақл шудааст. Аз Абусаид ривоят аст, ки : «Дар холе, ки ғулом будам издивоч кардам. Чамоате аз ёрони Паёмбарро даъват кардам, ки дар миёни онхо хазрати ибни Масъуд, Абузарр ва хузайфа хузур доштанд. Сипас барои намоз иқома гуфта шуд. Абузарр пеш рафт, то имом шавад. Ба ман гуфтанд: Ту имоматӣ кун! Абусаид гуфт: Ман имомати кунам? Гуфтанд: Бале. Гуфт: Дар холе, ки ғулом будам, имом шудам. Онхо ба ман ёд доданд ва гуфтанд: харгох ба назди хамсарат даромадӣ, ду ракаат намоз бихон, сипас аз Худованд хайри он чи ба хонаи ту воридшударо бихох ва аз шарри у ба Худованд панох бибар. Сипас ба кори худат ва хонаводаат машғул бишав!». Сахех: ибни Абушайба 4/311. Дар вақти хамхобагӣ бо хамсар хондани ин дуо суннат аст: «Бисмиллох, Аллохумма чаннибнаш шайтона ва чаннибиш шайтона мо разақтано». Яъне (Ба номи Худо, Худовандо! шайтонро аз мо ва аз ончи ба мо неъмат додаӣ дур бигардон!». Паёмбари Худо (алайхиссалом) дар фазли ин дуои зикршуда фармуданд: «хар шахсе, ки ин дуоро бихонад, агар кудаке аз онхо таваллуд шавад, шайтон харгиз ба у зарар намерасонад». хадиси муттафақун алайх. Мард метавонад дар махалли насл (шармгох) ва аз хар тарафе, ки бихохад, аз пеш ё аз пушт локин фақат дар махалли насл бо хамсараш хамхобагӣ кунад. Дар ин бора Худованд фармудааст: «Занони шумо махалли кишти шумоянд, пас бо хар рохе, ки мехохед ба он махал (яне фақат дар махалли насл) дароед». Сураи «Бақара» ояти 223. Аз Чобир (Худованд аз вай розӣ бод) ривоят аст: «Яхудиён мегуфтанд, ки агар марде аз пушт ва дар махалли насл бо хамсараш хамхобагӣ кунад, бачаи ахвал (чашмаш кач) таваллуд мекунад. Худованд дар радди ин иддиои яхудиён ин ояти дар боло зикршуда фиристод». хадиси муттафақун алайх. Хулоса лаззат бурдани зани мард аз хамдигар ба хар рохе, ки набошад чоиз аст фақат ба шарти ин, ки аз махалли насл хамхобагӣ кунанд ва амали қавми Лутро накунанд. Худованд барои мардон дар ғайри махалли насл хамхобагӣ бо хамсаронашонро харом кардааст. Дар ин замина Паёмбари Худо (алайхиссалом) фармуданд: «хар шахсе, ки бо занаш дар холати хайз хамхобагӣ мекунад (яъне дар шармгохаш духул мекунад) ва ё дарғайри махалли насл хамхобагӣ мекунад ва ё назди фолбине меравад ва ба гуфтаи вай бовар мекунад, чунин шахс ба он чи бар Мухаммад фиристода шудааст, куфр варзидааст». Ибни Моча 1/209/639. Бар марду зан шоистааст, ки хадафашон аз издивоч покдоманӣ бошад, то худро аз он чи Худованд харом кардааст, мухофизат кунанд. Дар ин холат хатто хамхобагӣ барояшон дар номаи аъмолашон садақа ва ачр навишта мешавад. Ба далели хадиси Абузарр (Худованд аз вай розӣ бод): «Гурухе аз ёрони Паёмбари Худо (алайхиссалом) ба Паёмбар гуфтанд: Эй Расули Худо! сарватмандон ачр ва савоби фаровоне дарёфт мекунанд. Зеро онхо монанди мо намоз мехонанд, руза мегиранд ва изофа бар он аз молхояшон садақа медиханд. Паёмбар (алайхиссалом) фармуд: «Оё Худованд чизеро барои шумо қарор надодааст, ки бо он садақа бидихед? хар «субхоналлох, аллоху акбар, ло илоха иллаллох ва алхамду лиллох», ки мегуед барои шумо садақа навишта мешавад. Амри ба маъруф ва нахйи аз мункар садақа аст. Наздикӣ ва хамхобагиятон бо хамсаронатон барои шумо садақа махсуб мешавад». Гуфтанд: Эй РасулиХудо! Охир якеи аз мо дар хамхобагӣ бо хамсар шахваташро мебарорад, боз ба болои ин барояш ачру савоб низ хаст? Паёмбар фармуд: «Магар намедонед, ки агар хамон шахватро аз рохи харом бароварда кунад, гунахкор мешавад? Пас ба хамин тартиб агар дар рохи халол ва бо зани никохии худаш бароварда кунад, ачру савоб дарёфт мекунад». Сахехи Муслим 2/697/1006. Пас ба таври хулоса метавон гуфт, ки ислом дар мавриди хамхобагӣ бо хамсар фақат ду чизро харом донистааст; 1- хамхобагӣ дар вақти хайз (хунрезӣ хангоми одати мохонаи занон), нифос (баъд аз таваллуд, то замоне, ки аз хун пок шавад), дар рузхои мохи шарифи Рамазон, вақти эхром хангоми хач ё умра, то ин ки аз эхром берун ояд. 2- хамхобагӣ аз пушти зан аз махалли мадфуъ яъне дар мақъад. Паёмбари Худо (алайхиссалом) фармуданд: «Лаънати Худо бод бар касе, ки хамсарашро аз мақъадаш кунад». Ривояти Абудовуд 2162. Аммо агар аз пушт истода дар махалли насл хамхобагӣ кунад боке надорад. Пас хар навъ хамхобагӣ бо хамсар ва бо хар равише, ки бошад ба ғайри ду мавриди дар боло зикршуда чои мебошад..
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев