Парешон
Чаро фомилҳо аз ҳам ҷудоянд
Чаро дустон рафиқон бевафоянд
Чаро хоҳар зи хоҳар мегурезад
бародар бо бародар меситезад
Чаро духтар зи модар нанг
Дорад
падар бо бачаҳояш ҷанг дорад
чаро меҳру муҳабат кимиëшуд
ҳамма дусти рафоқатҳо риëшуд
набинам хандае бар руи лабҳо
на руз оромише дорем на шабҳо
на касро лаҳзае осуда бини
ба сад ғам ҷумларо олуда бини
на пулдорро зи пулаш лазате
Ҳаст
на нодорро ба ҷое ъизатеҳаст
на осиш на оромиш на роҳат
Ҳамма муштоқи як дам
истироҳат
набини як нафарро ки касал
Нест
пураст дилҳо ва ҷои дарди дил
нест
ҳамма даргири навъи истиробан
ки нафрин гашта доим дар
азобан
Бахуд ойд азизон роҳ каҷшуд
Аз инру зиндагониҳо фалаҷшуд
Чи мардумро аваз шуд
Зиндагони
шуда инзиндагони зиндамони
ҳамма чиз ҳаст рузи хуш
набинем
Мадом сар дар гиребон
менишинем
Базоҳир хонаҳомон кохи шоҳаст
дарунаш як ҷаҳон андуҳу оҳаст
Дару деворҳо кошию сангаст
Вале ҳархона як майдони
ҷангаст
Тамоми хайру барактҳо бар
афтод
Табиат бо шумо мардум дар
афтод
Чаро ин гуна шуд аз ман кунед
гуш
Шуда меҳру муҳабатҳо фаромуш
Дигар аз фазлу бахшишҳо асар
нест
Зи инсофу мурубатҳо хабарнест
Шуда ноëб сафову меҳрабони
Таоруфҳо ҳамма сарду забони
Ъамуҷон холаҷон дигар нагуем
Барои маргиҳам дар орзуем
Яке ҳаҷ меравад соле дусебор
канораш хоҳараш нодоруночор
Яке бо суди пулҳои нузули
Равад мака бо умеди қабули
Яке аз карбалову шом гуяд
барои фахри бар ағвом гуяд
Яке нозад ба мошину ба боғаш
Яке боди такабур дар димоғаш
Яке ингор аз бинии фил аст
Зи бас худхоҳу мағруру бахиласт
Яке вақте ба мошинаш савораст
Фақат мисли буте аз заҳру мор
аст
Чунон дар қаб қабаш боду ғурур
аст
Ки гуи аз наҷоташ салми тур аст
таммои корҳо гашта риëи
Наҷобатшуд аваз бо беҳаëи
Бузургтарҳо надоранд эҳтироми
Ба муҳтоҷон надорем итминони
Ҳамма часпидаанд ҷайбу кори
худро
Бафикранд то бубинанд бори
Худро
Касеро бо касе коренабошад
Агар боре бувад ëре набошад
фақат дунболи нафъу кори
хешанд
Ба фикри гардиши бозори
хешанд
На дар фикри ҳалолу на ҳароман
Ҳамма доранд вале неъмат
заволанд
Барои пул дароранд чашми
ҳамро
Баҳаргаде намоянд пур
шикамро
Зӣ бас ҳирсу тамаъ дар сина
доранд
Мадом боҳам чу душман кина
доранд
Шарафро мисли коли
мефурушан
Бародарҳо бародарро бидушанд
Ҳануз бобо намурда сардимоғ
аст
Сари меърос даъво доғ доғаст
ҳамма дар олами дигар бигар
данд
Абусу масҳу беҳису сарданд.
Чунин мардум дигар хайре
набинанд
Агар қорун шаванд бозҳам
ҳаминанд
Хулоса дустон донед чи корем
ҳамаги бар хари шайтонсаворем
биë то дасти якдигар бигирем
замонат нест то фардо намирем
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев