Аҳмад Зоҳир аз қабили ҳамон овозхонҳои афғон аст, ки онҳоро омотур (яъне шавқии худҷӯш) мегӯянд. Ӯ тибқи маълумоти хешу ақрабо ва дӯстони наздикаш, ҳунари мусиқиро дар ягон мактаби ҳирфаӣ ва назди ягон устоди ин фан наомӯхтааст. Аз овони хурдсолӣ ба ин ҳунари зебо дилбастагӣ дошт ва навохтани созҳои мусиқиро, бахусус ҳармониюм ва аккордеонро, аз пеши худ ёд гирифт. Дар баробари сурудҳои худ Аҳмад Зоҳир суруду таронаҳои овозхонҳои ҳиндӣ ва ғарбиро низ мехонд.Ӯ на танҳо забони англисиро хуб медонисту ба он ба таври олӣ ҳарф мезад, балки бо фарҳангу адабиёти Инглистон ва бахусус ҳунари мусиқии он, хеле шиносоии хуб дошт. Элвис Пресли — улгӯи Аҳмад Зоҳир аз байни овозхонҳои маъруфе, ки дар солҳои 60-70-уми қарни гузашта бо забони инглисӣ суруд мехонданд, Аҳмад Зоҳир бештар аз ҳама ба тарзу равиши сурудхонии “шоҳи рок-н-рол”» Элвис Преслии омрикоӣ таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир мекард. Сурудҳои ӯро беш аз дигарон гӯш мекард ва замзама мекард.Талош мекард, ки дар саҳна ҳарчи бештар ба ӯ монанд бошад. Тарзи сурудхониаш, ҳаракатҳояш, ҳатто шеваи либоспӯшиаш шабеҳи Элвис Пресли буд. Меарзад, ки дар ин ҷо дар бораи ин нобиғаи ҳунари мусиқии попи ҷаҳон мухтасар ҳам бошад маълумоте бидиҳем. Элвис Пресли соли 1935 дар шаҳрчаи Тюпели иёлати Миссисипии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар хонаводае камбағале таваллуд шуд. То наврасиаш қариб ҳар рӯз ба калисо мерафт ва дар он ҷо бо гурӯҳи хори мазҳабӣ ҳамеша суруд мехонд.Пресли мактабро соли 1953 хатм карда, ронандаи мошине боркаш мешавад. Вале меҳри мусиқӣ дар дили ӯ на танҳо хомӯш намегардад, балки торафт аланга мегирад. Солҳои 1954-1955 ӯ барои худ чанд олбуми сурудҳояшро дар истудиюҳои мухталиф сабт мекунад. Ҳатто бо дӯстонаш дар шаҳрҳои мухталиф кунсертҳо доир мекунад, вале чандон муваффақ намешавад. Комёбии ҳақиқӣ ба ӯ танҳо дар соли 1956 даст дод. Ин солро дар тақдири Элвис Пресли мусиқишиносон ва муҳаққиқони ҳунари ӯ як гардиши бузурги таърихӣ медонанд. Аввалин олбуми сурудҳои ӯ бо номи «Elvis Presley» соли 1956 дар як муддати кӯтоҳ бо тирожи 1 милюн нусха ба тарзи ҳайратовар тез ба фурӯш меравад.Дар таърихи истудиюҳои сабти овози Омрико ин бори аввал буд, ки тирожи як олбум аз милюн нусха мегузашт ва он ҳама нусхаҳо дар як муддати кӯтоҳ ба фурӯш рафтанд. Муваффақиятҳои Элвис Пресли дар саҳнаи мусиқӣ дари Ҳолливудро ба рӯйи ӯ боз кард. Солҳои 1956-58 ӯ дар чаҳор филми Ҳолливуд нақш бозид. Ҳамаи ин филмҳо танҳо ба хотири он ки дар он Элвис Пресли таронаҳо хондааст, мақбули тамошобинони зиёде гардиданд ва барои муаллифонашон даромади ҳангуфте оварданд.«O sole mio», «It’s Now Or Never»- «Шабе зи шабҳо»Соли 1958 Элвис Пресли ба хизмати сарброзӣ ба Урупо даъват мешавад. Ҳангоми хидмати сарбозӣ агарчи аз сабаби тангии вақт суруду таронаҳои нав сабт накарда бошад ҳам, вале бо ҳунари овозхонии мардумони маҳаллӣ, бахусус итолиёиҳо, аз наздик шинос мегардад. Ба ӯ оҳанги чанд суруди машҳури неополитанӣ, аз ҷумла «O sole mio» («Офтобаки ман»), «Torna a Suгriento», («Ба Соренто баргард») ва «La Paloma» («Кабӯтар») ки, бархе аз мусиқишиносон онро моли мардуми Куба меноманд) писанд меояд.Элвис ПреслиБаъди бозгашт ба Омрико ӯ аз дӯстони шоъираш Орун Шрёдер ва Уоли Голд хоҳиш мекунад, ки дар ҳавои таронаи машҳури «O sole mio», ки аслан то ин замон овозхонҳои маъруфи дигар халқу миллатҳо онро бо ҳамон лаҳҷаи неополитании забони итолиёӣ месуруданд, барояш бо забони англисӣ матне нависанд. Воқеъан суруди «O sole mio» таърихи аҷибе дорад. Таронаи мазкурро соли 1898 оҳангсози машҳури итолиёӣ Эдуардо ди Капуа ва шоъир Ҷовани Капурро навиштаанд. Ривояте ҳаст, ки онро оҳангсоз дар Одесса ҳангоми тамошои манзараи Баҳри Сиёҳ эҷод кардааст.Аҳмад Зоҳир талош мекард, ки дар саҳна ҳарчи бештар ба Элвис Пресли монанд бошад«O sole mio» ба тоҷикӣ «Офтобаки ман» тарҷума мешавад. Онро дар тӯли беш аз сад сол овозхонҳои машҳури дунё, аз қабили Энрико Карузо, Марио Ланца, Лучано Паваротти, Андреа Бочелли, Патрицио Буанне, Франко Корелли, Робертино Лоретти, Муслим Магомаев, Хулио Иглесиас, Хор Туретский, Дима Билан маъмулан бо ҳамин шеваи неаполитанӣ хондаанд.Соли 1960 баъд аз он ки Элвис Пресли оҳанги ин таронаро бо дигар матн ва бо номи «It’s Now Or Never» («Ё ҳоло ё ҳаргиз») месарояду ба олбуми навбатии худ, ки ҳамин номро дошт, ворид мекунад, ин суруд хеле машҳур мешавад.Ҳамин кофист агар бигӯём, ки баъди аввалин иҷрои Элвис Пресли суруди «It’s Now Or Never» дар муддати 9 ҳафта ҳамеша дар сархатти беҳтарин сурудҳои рӯз ҳам дар Омрико ва ҳам дар Бритониён қарор мегирад. Дар муддате кӯтоҳ 10 милюн нусхаи ин олбум дар сар то сари ҷаҳон ба фурӯш меравад. Аз овозхонҳои тоҷик ин сурудро ба ҳамон забони неополитанӣ устодони вокали тоҷик Аҳмад Бобоқулов, Бурҳон Муҳаммадқулов, Акбар Мирраҷабов, Рустам Дулоев ва чанд сарояндаи дигар низ хондаанд.Азбаски оҳанги суруд хеле дилчаспу дилнишин аст, бисёр шуда, ки бо хоҳиши овозхонҳои машҳури ин ва ё он миллат ва мамлакат шоъиронашон матни ин сурудро тарҷума ва ё дар ҳамон оҳанг шеъре тозае эҷод карда, ба овозхонҳои худ пешниҳод кардаанд. Аз ҳамин ҷост, ки ин суруд тақрибан бо тамоми забонҳои маъруфи дунё, аз ҷумла русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра тарҷума ва суруда шудааст. Дар пояи оҳанги ин суруд бори аввал ба забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар солҳои 60-уми қарни гузашта Аҳмад Зоҳир бо номи «Шабе зи шабҳо» суруде эҷод мекунад.Ин суруд дар олбуми дувуми Аҳмад Зоҳир, ки дар истудиюи родиюи Кобул сабт гардида, ҷо дода шудааст. Сурудро Аҳмад Зоҳир ба ҳамон тарзе, ки овозхони дӯстдоштааш Элвис Пресли таронаи «It’s Now Or Never»-ро хондааст, сурудааст. Аҳмад Зоҳир онро ҳатто ба ҳамон тарзе, ки Элвис Пресли оғоз кардааст, яъне бо усули вокалӣ ё худ кашиши садо оғоз мекунад. Фарқ ин ҷост, ки агар дар суруди Элвис Пресли кашиши садо аз сӯйи гурӯҳи вокалӣ иҷро шуда ва он кашиши кушодаи садо бошад, дар суруди Аҳмад Зоҳир суруд бо кашиши садои худи Аҳмад Зоҳир оғоз ёфта, дар тафовут бо суруди Элвис Пресли дар ин ҷо кашиши пӯшидаи садоро мешунавем. Аҳмад Зоҳир таронаи «It’s Now Or Never»-ро ба забони инглисӣ низ сароидааст. Ин суруд дар истудиюи «Музик сантар» сабт шуда ва вориди олбуми шумораи чаҳори сабтҳои ҳамин истудию шудааст.«You are my sunshine» («Ту офтоби манӣ»)Дигар сурудҳое, ки Аҳмад Зоҳир ба забони инглисӣ иҷро карда, асосан дар маҳфилҳо суруда шудаанд. Аҳмад Зоҳир кӯшиш ба харҷ медод, ки таронаҳоеро бихонад, ки онҳо барои доираи шунавандагонаш маълум ва писанд бошанд. Яке аз чунин таронаҳо суруди «You are my sunshine» («Ту офтоби манӣ», на «Офтобаки ман» (О sol mio») мебошад. Ин суруд ҳам яке аз таронаҳои машҳури инглисӣ маҳсуб мешавад. Муаллифони ин суруд, Ҷиммӣ Девис ва Чарлз Митчел, онро дар соли 1939 эҷод кардаанд.Ин тарона ҳазорҳо маротиба дар истудиюҳои гуногуни кишварҳои мухталиф сабт шудааст ва ба яке аз сурудҳои дӯстдоштаи мардуми инглисизабон табдил ёфтааст. Ин сурудро аз овозхонҳои машҳури инглисизабон Ҷонни Кэш, Боб Дилан, Брайан Уилсон, Трини Лопес, Рэй Чарлз, Арет Франклин ва дигарҳо сурудаанд. Ба ақидаи бархе аз мусиқишиносон, ин сурудро хубтар аз дигарон Ҷонни Кеш, овозхони омрикоӣ, ки соли 2003 дар синни 71-солагӣ вафот кард, сурудааст.«Torna a Surriento», «Surrender»- «Ёди рӯзгори ширин»Дар осори Аҳмад Зоҳир суруде мавҷуд аст бо номи «Ёди рӯзгори ширин». Оҳанги ин тарона ҳамон мусиқии суруди машҳури неаполитании «Torna a Surriento»-ро ба хотир меорад. Аммо дар ҳамин ҳол, ба эҳтимоли зиёд Аҳмад Зоҳир «Ёди рӯзгори ширин»-ро дар пайравӣ на аз ин тарона, балки аз суруди «Surrender»-и Элвис Пресли, ки бар пояи суруди машҳури «Torna a Surriento» таҳия шудааст, эҷод кардааст. Таърихчаи суруди «Torna a Surriento» низ хеле ҷолиб аст. Ин таронаро оҳангсози машҳури итолиёӣ Эрнесто де Куртис барои шеъри навиштаи бародараш Ҷамбатист соли 1902 эҷод кардааст. Ҷамбатист матни ин сурудро бо хоҳиши мири шаҳри Сорренто Гулелмо Трамантано ба муносибати ба ин шаҳр ташриф овардани сарвазири вақти Итолиё Ҷузеппи Занарделли навиштааст.Дар тӯли беш аз сад соли арзи вуҷуд кардани ин тарона онро овозхонҳои зиёде сурудаанд, ки Бенямино Ҷили, Дин Мартин, Хосе Каррерас, Пласидо Доминго, Лучано Паваротти, Марио Ланца, Франко Корелли, Робертино Лоретти, Джузеппе ди Стефано, Франческо Албанезе ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Акбар Мирраҷабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалии ба номи Глинка, Шаляпин ва дигар озмунҳо, солисти Теотри давлатии уперо ва боллеи ба номи Садриддин Айнӣ, дар як сӯҳбат бо нависандаи ин сатрҳо иброз дошт, ки бори аввал суруди «Баргард ба Соренто»-ро ҳанӯз сӣ сол пеш дар давраи донишҷӯияш дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода сурудааст. Албатта онро ба забони асл, ба шеваи неаполитании забони итолиёӣ сурудааст.Ин сурудро қаблан устодон Аҳмад Бобоқулов, Абдулло Абдурауфов, Бурҳон Муҳаммадқулов низ сурудаанд. Дар пояи оҳанги ин суруди машҳури неаполитанӣ барои Элвис Пресли шоъири дӯсташ Клод Авелинг матнеро ба забони англисӣ менависад, ки онро «Surrender» («Таслим») номгузорӣ карда ва ба олбуми навбатиаш ворид мекунад. Соли 2002 барномаи «Ҷоми ҷаҳоннамо»-и бахши форсии родиюи Би-би-сӣ дар мавзӯъи «Кадом суруди «Шоҳи рок-н-рол»-ро беҳтарин суруди ӯ мешуморед?», назарсанҷие баргузор кард. Бо аксарияти оро ҳамин суруди «Surrender» беҳтарин суруди Элвис Пресли шумурда шуд. Аҳмад Зоҳир бо истифода аз оҳанги ҳамин суруди Элвис Пресли таронаи «Ёди рӯзгори ширин»-ро эҷод кардааст.«La Paloma»- «No More»- «Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ»Пажӯҳишгарони мусиқӣ бар ин назаранд, ки дар таърихи мусиқии ҷаҳон таронае, ки дар дунё аз ҳама зиёдтар аз тарафи овозхонҳои халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон суруда ва сабт гардидааст, таронаи «La Paloma» аст, ки онро беш аз 2000 овозхони шинохта дар рӯйи замин ба забонҳои гуногун сурудаанд ва дар олбумҳои худ сабт кардаанд. Муаллифи матну оҳанги суруди «La Paloma» Себастян Ирадер соли 1809 дар «кишвари баскҳо», шаҳрчаи Лансего, таваллуд шудааст. Ӯ аввал ба Фаронса, сипас ба Омрико, сафар карда, дар он ҷо дар теотрҳои бузург ба ҳайси дирижёр фаъолият мекунад.Солҳои 1854-56 ӯ чанд муддат дар Куба будааст. Маҳз дар ҳамин давра ӯ суруди «La Paloma»-ро бо истифода аз эҷодиёти шифоҳии мардуми бумӣ эҷод мекунад ва аввалин бор ин суруд дар Куба садо медиҳад. Мазмуни ин суруд хеле сода, вале ниҳоят таъсирбахш аст. Кабӯтар вопасин номаи баҳрнавардеро, ки дигар аз уқёнус барнамегардад, ба хушкӣ ба ёдгор овардааст. Маҳбубияти суруд дар солҳои шастуми қарни гузашта баъди он ки Элвис Пресли таҳти унвони «No More» таронае сароид, дар байни ҳаводорони мусиқӣ баякборагӣ боло рафт. Матни суруди Элвис Пресли бо матни суруди «La Paloma» комилан фарқ мекунад. Суруди «No More»-ро шоъир ва оҳангсоз Доналд Робертсон бо ҳамроҳии шоъир Ҳал Блер дар ҳавои «La Paloma» навиштаанд.Ин суруд дар иҷрои Элвис Пресли аввалин маротиба дар филми ҳунарии «Ҳовойии нилгун» («Blue Hawaii»), ки дар он Элвис яке аз нақшҳои асосиро бозӣ мекард, садо додааст. Ва аммо Аҳмад Зоҳир суруди «Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ»-ро дар зери таъсири суруди Элвис Пресли ва ё таронаи асл, «La Paloma»- и испанӣ, эҷод кардааст? Ақидае ҳаст, ки ин сурудро аввалин бор тақрибан 60 сол пеш дар Афғонистон овозхони вақт Гулаҳмади Шефта сурудааст. Матни сурудро оҳангсоз ва мутриб Салими Сармаст навиштааст.Ба қавле, суруд дар иҷрои Гулаҳмади Шефта он замон чандон маҳбубият касб накард. Баъдан бо пешниҳоди Салими Сармаст онро Аҳмад Зоҳир ба феҳристи таронаҳои худ шомил сохт. Сурудро Аҳмад Зоҳир дар истудиюи «Афғонмузик» сабт карда ва он дар «Олбуми ҳаштум»-и бастаи сабтҳои «Афғонмузик» ҷо дода шудааст.«Дорогой длинною», «Those were the days»- «Зебонигорам ба ман нигоҳ кун»Соли 1968 Пол Маккартни, яке аз асосгузорони гурӯҳи овозадори «Битлз», ки дар охири солҳои шастум яке аз оҳангсозони машҳури ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, дар ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон бо Мери Ҳопкин ном духтари 18-солаи шотландӣ дучор мешавад. Мери садои гиро, ҷозибадор ва завқи фавқулъода баланди мусиқӣ дошт. Айнан дар ҳамин вақт Пол Маккартни дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Ландан дар иҷрои як ҳофизи барояш ношинос суруди «Those were the days»-ро бори аввал мешунавад, ки хеле писандаш меояд.Баъдан Пол Маккартни мефаҳмад, ки суруди «Those were the days» солҳои панҷоҳум дар Омрико миёни мардум хеле маҳбубият доштааст. Онро бори аввал як муҳоҷири рустабор бо номи Ҷин Раскин бо ҳамроҳии занаш Франческа дар тарабхонаҳои Омрико дар шакли дуэт мехондааст. Хулоса, Пол Маккартни тасмим мегирад, ки бо ҳамроҳии Тони Висконти, корманди истудиюи сабти овози «Apple» ба он ороиш (оранжировка)-и нав бахшида, барои сурудан ба Мери Ҳопкин пешниҳод намояд.Моҳи августи соли 1968 ин суруд бори аввал дар иҷрои Мери Ҳопкин садо медиҳад ва мақбули милюнҳо алоқамандони мусиқӣ дар сартосари ҷаҳон мешавад. Суруди «Those were the days» дар иҷрои Мери Ҳопкин дар озмуни беҳтарин таронаҳои соли 1968 дар Инлистон мақоми аввалро гирифт. Олбуме, ки дар он суруди «Those were the days» ҷойгир шуда буд, пурхаридортарин олбуми истудиюи «Apple», истудиюи марбут ба гурӯҳи «Битлз», мешавад. Баъдан Мери Ҳопкин ин сурудро бо забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ ва испониюлӣ месарояд ва дар ин кишварҳо низ ин суруд маҳбубият касб мекунад.Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди муваффақият пайдо карданаш аз решаҳои русӣ доштани ин суруд дар Ғарб камтар ёдовар мешуданд, ки ин ба иззати нафси мусиқишиносони рус мерасад. Барои ҳамин, пажӯҳишгарони мусиқии рус дар пажӯҳише собит месозанд, ки оҳанги суруди «Those were the days» аз сӯйи як оҳангсози рус эҷод шудааст. Гуфта мешавад оҳанги ин сурудро Борис Фомин дар соли 1924 сохтааст. Матни русии онро шоъири гумном Константин Подревский навиштааст.Аҳмад Зоҳир бо фаҳмишу фитрати худододияш, эҳсоси баланди зебоишиносӣ ва завқи мусиқияш дарк карда буд, ки ин оҳанг дурдонаи хазинаи санъати мусиқии ҷаҳонӣ ба шумор рафта, яке аз шоҳкорҳои ин ҳунари зебост.Ӯ аввалин бор аз овозхонҳои форсизабон онро ба забони форсӣ-дарӣ -тоҷикӣ сурудааст. Дар бораи шеъри ки будани матни суруди «Зебонигорам, ба ман нигоҳ кун» дар ягон сарчашмаи барои мо дастрас маълумоте ёфт нашуд. Вале мо ба ин назарем, ки матни ин суруд низ маҳсули эҷоди худи Аҳмад Зоҳир аст.«Я встретил девушку», «Дидам ҷамоле»Соли 1976 Аҳмад Зоҳир дар Кобул меҳмони хонадони олими шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Кабиров мешавад. Оқои Кабиров ва ҳамсараш шоъира Меҳринисо ба ҳайси тарҷумони мутахассисини русзабони шӯравӣ дар Кобул ифои вазифа мекарданд. Дар ин маҳфил олим ва овозхони маъруф Ҷӯрабек Назриев бо Аҳмад Зоҳир якҷо сурудхонӣ мекунанд. Шоъира Меҳринисо ба онҳо ҳамовоз мешавад. Дар баробари хондани таронаҳои дарӣ- тоҷикӣ аҳли маҳфил якҷо суруди русии «Я встретил девушку»-ро, ки ҳамон солҳо яке аз таронаҳои дӯстдоштаи мардуми Шӯравӣ буд, месароянд.Агарчӣ Аҳмад Зоҳир ҳамагӣ чанд мисраъи онро ҳам ба забони русӣ ва ҳам тоҷикӣ мехонад, вале ниҳоят дилнишин ва гуворо месарояд. Ин суруд бори аввал дар филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам», тавлиди истудиюи «Тоҷикфилм» дар замони Шӯравӣ садо додааст. Оҳангсози ин тарона Андрей Бобоев аз Озарбойҷон аст. Матни тоҷикии онро Мирзо Турсунзода навиштааст. Онро ба русӣ шоъир Эл -Регистон тарҷума кардааст.«Эл-Бимбо», «Танҳо шудам, Танҳо шудам»Александр Василев, яке аз мусиқишиносони саршиноси рус, дар яке аз пажӯҳишҳои илмияш Аҳмад Зоҳирро муаллифи суруди машҳури «Эл-Бимбо хондааст. Ӯ аз Аҳмад Зоҳир ба унвони «шоҳи мусиқии Афғонистон» ном мебарад ва менависад, ки вай таронаи «Эл-Бимбо»-ро ҳанӯз соли 1971 эҷод карда, худи ҳамон сол вориди олбуми «Лайлиҷон» мекунад. Вай меафзояд: “Баъдан онро аъзои дастаи мусиқии «Bimbo jet» бидуни ёдоварӣ аз Аҳмад Зоҳир ба феҳристи таронаҳои худ шомил сохтаанд.” Манзури Александр Василев аз «Эл-Бимбо» суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» аст, ки Аҳмад Зоҳир хондааст. Оё дар ҳақиқат оҳанги суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» моли Аҳмад Зоҳир аст?Тибқи маълумотҳои дақиқ олбуми мазкур соли 1971 не, балки соли 1977 мунташир шудааст. Яъне замоне ба нашр расидааст, ки суруди «Эл-Бимбо» аллакай се сол боз дар ҷаҳон, бахусус дар Урупо, шӯру валвалае барпо карда буд. Аз тарафи дигар, суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» ягона суруди Аҳмад Зоҳир мебошад, ки оҳангаш аз тарафи мутрибони афғонӣ навохта нашудааст ва ба эҳтимоли зиёд дар берун аз Афғонистон аз тарафи мутрибони Урупоӣ, шояд оркестри симфоние, навохта шуда бошад.Дар ҳайъати оркестре, ки ин оҳангро навохтааст, садои виюлан (скрипка)-ро мешунавем. Аҳмад Зоҳир дигар суруде надорад, ки онро оркестри симфонӣ навохта бошад, бахусус садои виюлан, ки аз сӯйи гурӯҳи виюланнавозон навохта шуда бошад, дар он баръало шунида шавад. Садои скрипка дар дигар сурудҳои Аҳмад Зоҳир тамоман шунида намешавад. Ин ҳолат ба мо ҳақ медиҳад ҳадс бизанем, ки ин таронаро Аҳмад Зоҳир бо истифода аз фонограмма сурудааст. Яъне оҳангро ё ансамбли «Bimbo jet» ё оркестри Пол Мариа алоҳида навохтаанд ва Аҳмад Зоҳир бо истифода аз ин оҳанг (аниқтараш фонограмма) суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам»-ро дар яке аз истудиюҳои сабти овоз суруда ва сабт намудааст.Чизи дигари ҷолиб дар робита бо ин тарона ин аст, ки матни онро Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти шоъири эронӣ Абулҳасани Варзӣ гирифтааст. Ин шеъри Абулҳасани Варзӣ як манзумаи 132-мисраъист. Аҳмад Зоҳир бо истифода аз ҳамин манзума ду суруд эҷод кардааст. Якум, ҳамон суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» ва дувумӣ, суруди «Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам». Таронаи «Эл-Бимбо»-ро ба забонҳои гуногуни дунё қариб тамоми овозхонҳои машҳури олам сурудаанд. Ин тарона бо забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, испониюлӣ, итолиёӣ, лаҳистонӣ, булғорӣ ва даҳҳо забони дигар дар сартосари сайёраи замин садо додааст ва то имрӯз садо медиҳад.Аҳмад Зоҳир ва Энрико МасиасБоре яке аз рӯзноманигорони афғони муқими Фаронса аз овозхони маъруфи ин кишвар Энрико Масиас суол кардааст, ки «оё ӯ медонад, ки Аҳмад Зоҳир, овозхони машҳури Афғонистон, чанд суруди ӯро ба дарӣ хондааст? Аҳмад Зоҳир чанд таронаи Энрико Масиас, овозхони фаронсавиро ба забони дарӣ иҷро кардааст. Дар посух Энрико Масиас гуфтааст, ки «Оре, медонам. Ва мӯътақидам, ки Аҳмад Зоҳир ин сурудҳоро аз ман хубтар хондааст.» Кист Энрико Масиас ва кадом таронаҳои ӯро Аҳмад Зоҳир сурудааст? Аввал бояд бигӯем, ки Энрико Масиас тахаллуси овозхонии ӯ мебошад. Дар асл ӯ Гастон ном дошта 11-уми декабри соли 1938 дар шаҳри Константини Алҷазоир дар оилаи як виюланнавоз (ғижжакнавоз) таваллуд шудааст.Энрико МасиасСолҳои 1960 вазъияти сиёсӣ дар Алҷазоир рӯ ба вахомат гаройид. Гастон бо ҳамроҳии хонаводааш аз ватанаш ба Фаронса фирор кард. Вай дар Фаронса бо тахаллуси Энрико Масиас ба овозхонӣ машғул шуд. Аввалин суруди ӯ «Adieu mon pays» («Алвидоъ кишварам») мақбули доираи васеъе аз муҳоҷирони алҷазоирӣ дар Фаронса мешавад. Се суруди дигари ӯ «Oh, guitare, guitare» («Оҳ, гиторам, гиторам»), «Ma maison, ma maison» («Хонаи ман») ва «Par ton premier baiser» («Бӯсаи аввалин»), ки якҷо бо суруди «Алвидоъ кишварам» сабт шудаанд, писанди шунавандагони сершумор на танҳо дар Фаронса, балки берун аз он низ мегарданд.Энрико Масиас дар солҳои шастуми қарни гузашта яке аз машҳуртарин овозхонҳои ҷаҳон ба шумор мерафт. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамон солҳо сурудҳои Масиасро овозхонҳои машҳури шӯравӣ Муслим Магомаев, Ботир Зокиров ҳам ба забони фаронсавӣ ва ҳам ба забони русӣ мехонданд. Дар Тоҷикистони азиз низ ҳамон солҳо суруди машҳури Энрико Масиас «Оҳ, гиторам, гиторам»-ро овозхони маъруфи кишвар Зафар Нозимов ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ мехонд. Соли 1967 Энрико Масиас дар ҷанги шашрӯзаи Исроилу кишварҳои арабӣ барои аскарони Исроил суруд мехонад, ки боъиси хашму ғазаби ҳамватанонаш дар Алҷазоир ва дигар кишварҳои арабӣ мегардад.Нақл мекунанд, ки Энрико бо хоҳиши модари яке аз сарбозони исроилӣ, ки мухлиси ашаддии ин овозхони нотакрор буда ва дар ин ҷанг баъди захмӣ шуданаш ҳафт рӯз беҳуш буда, ба шифохона меравад ва дар сари болини бемор суруд мехонад. Баробари шунидани садои овозхони дӯстдоштааш бемор ба ҳуш меояд ва ба гап медарояд ва шифо меёбад. Энрикоро агарчи роҳбарони кишвараш ба ватан омаданашро мамнӯъ карда бошанд ҳам соли 1978 Анвар Содот ӯро барои иҷрои ккнсерте ба Миср даъват мекунад ва ӯ дар пояи яке аз аҳроми Миср барои 20 ҳазор тамошобин кунсерт баргузор мекунад. Энрико Масиас барои суруди «Enfants de tous pays» («Кӯдакони тамоми кишварҳо») унвони ифтихории «Сарояндаи сулҳ»-ро аз сӯи СММ ба даст меорад ва аз ӯ ба унвони “қосиди сулҳ” ном мебаранд.Воқеъан ин ҳамон сурудест, ки Аҳмад Зоҳир бар пояи оҳанги он суруди «Ай гулузори ман»-ро эҷод кардааст. Тафовут дар ин ҷост, ки Энрико Масиас дар сурудаш ба кӯдакони тамоми мамлакатҳо муроҷиъа карда, мегӯяд, ки «кӯдакони тамоми мамолик, соҳибони пӯстҳои рангин, даст ба дасти ҳам бидиҳед, силоҳҳоро ба замин бигзоред, дигар ашк марезед, базри ишқ бикоред. Тақдири Замин дар дасти шумост. Ин ҷаҳонро ба биҳишт мубаддал созед». Аҳмад Зоҳир бошад дар матни ба ҳамин оҳанг сурудааш ба дилдодаи худ муроҷиъа карда, дарди як ошиқи сӯхтадилро иброз медорад:Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман.Шамъи мазори ман, биё, биё…Аммо мазмуни таронаи дигари Энрико Масиасро бо номи «La femme de mon ami» («Хонуми рафиқи ман») Аҳмад Зоҳир тақрибан пурра дар суруди ба оҳанги ин тарона хондааш, ки «Донам чаро чашмони ту, ашки оташбор дорад» номгузорӣ шуда, овардааст. Энрико Масиас ин сурудро ба зани дӯсташ, ки нисбат ба овозхон дар дил эҳсоси муҳаббат мепарварида, бахшидааст. Овозхон дар сурудаш аз ҳамсари дӯсташ таманно мекунад, ки ин эҳсосотро аз худ дур созад, зеро ӯ ҳамсари рафиқи ӯст. Ӯ ба зани рафиқаш муроҷиъа карда, мегӯяд, ки «ман туро ба он хотир эҳтиром мекунам, ки ту ҳамсари дӯсти ман астӣ». Дар матбуъоти Тоҷикистон хабаре низ дарҷ шудааст, ки тибқи он, Аҳмад Зоҳир боз як суруди эҷоднамудаи Энрико Масиас «Oh, guitare, guitare»-ро ба дарӣ баргардон карда, хондааст.Вале мутаассифона, дар ҳоли ҳозир ягон муҳаққиқи осори Аҳмад Зоҳир ва ё алоқамандони садояш ин сурудро дар иҷрои Аҳмад Зоҳир дар хазинаи худ нақд надорад ва ё агар дошта бошад ҳам, мо, мутаассифона, дар ин бора иттилоъ надорем. Аҳмад Зоҳир агарчи худ дар лисеи «Ҳабибия»-и Кобул таҳсил мекард, вале бо лисеи «Истиқлол», ки дар он ҷо асосан устодони фаронсавӣ дарс мегуфтанд, рафтуомади зиёде дошт. Ӯ бахусус дар тадобири фарҳангии ин лисей, ки умдатан ба забони фаронсавӣ мегузаштанд, ширкат мекард ва аз ҳунари мусиқӣ ва ҳунармандони фаронсавӣ бисёр пурсон мешуд. Ҳамин буд, ки ӯ на танҳо бо эҷодиёти Энрико Масиас, балки бо осори дигар овозхонҳои фаронсавӣ шинос буд ва аз онҳо низ истифода мекард.Барои мисол, мо дар натиҷаи каме ҷустуҷӯйи осори овозхонҳои фаронсавӣ пай бурдем, ки суруди «Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам» бар пояи як суруди овозхони шинохтаи Фаронса Салваторе Адамо «En blu jeans et blouson d”cluir» эҷод шудааст. Аҳмад Зоҳир дар вақти хондани ин суруд ҳатто аз ҳамон ҳуштаккашии Салватор Адамо дар сурудаш истифода кардааст. Яъне ӯ низ мисли Салваторе Адамо дар мобайни суруд ҳуштак мекашад. Ҳуштак кашидан дар вақти сурудхонӣ солҳои 60-70-уми қарни гузашта як навъ мӯд ба ҳисоб мерафт. Муҳим он аст, ки Аҳмад Зоҳир барои ин оҳанги дар ҳақиқат дилангез ва зебо матни хеле хуб ва мувофиқе пайдо кардааст. Матни ин сурудро ӯ аз ашъори шоъираи машҳури Эрон Фурӯғи Фаррухзод интихоб кардааст:Туро афсуни чашмонам, зи раҳ бурдаст, медонам,Чиро беҳуда мегӯӣ, дили чун оҳане дорам…Ба ҷои хулосаҲамин тариқ, Аҳмад Зоҳир чӣ гуна мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ дод?Пеш аз ҳама, ӯ дар ниҳоди худ заминаи хубе барои овозхони маъруф шудан дошт, яъне садои нодир, истеъдоди худодод, дарки олии мусиқӣ, шеър ва муҳимтар аз ҳама, ишқи беандоза қавӣ ба ин ҳунари зебо ва қобилияти беҳудуди заҳмат кашидан. Як нуктаи дигарро низ набояд фаромӯш кунем, ки ӯ забони англисӣ ва забони ҳиндиро, ки барои як овозхони сатҳи ҷаҳонӣ шудан хеле муҳиманд, хуб медонист. Ҳамин замина боъис шуд, ки вай битавонад сурудҳои беҳтарини овозхонҳои беҳтарини ҷаҳонро бо беҳтарин сабки танҳо ба ӯ хос бихонад.Аҳмад Зоҳир агар сурудҳои ин овозхонҳоро бо ҳамон забон ва тарзе, ки онҳо суруда буданд, мехонд, шояд ба ин муваффақияте, ки дошт, даст намеёфт. Аниқтараш, ба ҳадаф, яъне оштӣ додани ду мусиқӣ намерасид. Ӯ аввалин коре, ки кард, ин таронаҳои ҷовидонаи машҳури ҷаҳонро ба забони модариаш хонд. Аҳмад Зоҳир дар таърихи мусиқии форсӣ-дарӣ- тоҷикӣ аввалин овозхонест, ки сурудҳои дар ҷаҳони мусиқӣ машҳури «Torna a Surriento», «O sole mio», «La Paloma» -ро бо забони дарӣ -форсӣ- тоҷикӣ хондааст ва оҳанги ин сурудҳои ҷовидонаро ба самъи шунавандаи форсзабон расондааст.Мардуми оддӣ ин таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ҳамчун моли худи Аҳмад Зоҳир қабул карданд. Зеро ӯ ба ғайр аз он ки онҳоро ба забони модариаш хондааст, ҳамчунин дар таҳияи онҳо эҷодкорона муносибат намудааст. Ба иборати дигар, ширинии мусиқии шарқиро дар вақти хондани таронаҳои ғарбӣ ба онҳо ворид кардааст. Дар ин бора муҳаққиқон ва мусиқишиносони худи ғарбӣ низ ибрози ақида кардаанд. Аз тарафи дигар, дар вақти навохтани оҳанги ин таронаҳо Аҳмад Зоҳир дар баробари истифода аз созҳои мусиқии ғарбӣ аз созҳои миллии афғонӣ ва умуман шарқӣ, хеле моҳирона истифода кардааст.Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи он овозхонҳои афғон аст, ки бештар аз дигарон аз созҳои мусиқии урупоӣ истифода кардааст. Ӯро ҷумлаи нахустин овозхонҳои порсигӯе медонанд, ки аз сози барқии синтезатор истифода кардааст. Ин эҷодкориҳову ин ибтикорҳо албатта бенатиҷа набуданд. Онҳо оҳиста -оҳиста таъсири худро бар дигар ҳунармандони мусиқӣ, аввал дар Афғонистон ва баъдан дар тамоми кишварҳои форсзабон мегузоштанд. Дар ин бора маъруфият ва маҳбубияти таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он гувоҳи равшан аст. Бояд эътироф кард, ки Аҳмад Зоҳир имрӯз ягона овозхони форсигӯст, ки баъди вафоташ сурудҳои ӯро дар берун аз кишвараш аз ҳама бештар мехонанд ва мешунаванд.Таъаҷҷубовар он аст, ки ҳамаи наслҳо, ҳам овозхонҳои насли худи Аҳмад Зоҳир ва ҳам насли баъди ӯ ва инак насли наврас низ бо як ҷаҳон шавқу меҳри беандоза ин таронаҳоро месароянду замзама мекунанд. Ахиран шоҳиди он мешавем, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро на танҳо бо забони худаш, балки дар оҳанги таронаҳои Аҳмад Зоҳир мардуми ғайрифорсизабон ҳам сурудҳоеро бо забони худ мехонанд. Кор ба ҷое расидааст, ки даҳсолаҳо баъди маргаш дар борааш шоъирони дигар миллатҳо шеър менависанд, оҳангсозони дигар халқҳо дар васфаш оҳанг месозанд, овозхонҳо бо забони худ дар борааш суруд мехонанд.Раванди ба ҳамоштисозии ду мусиқӣ, ду тамаддунро имрӯз Аҳмад Зоҳир баъди марги нобаҳангомаш бо ҳамон таронаҳои ҷовидонааш идома дода истодааст. Имрӯз таронаҳои ӯ аз он чи ки ӯ мехост, фарохтар қадам гузоштаанд. Имрӯз онҳо дар талоши онанд, ки на танҳо ду тамаддун, балки тамоми ҷаҳонро ба ҳам биёранд, ба мардум лаҳзае ҳам бошад, фараҳ бубахшанд, онҳоро ба ҳамдигар наздиктару дӯсттар намоянд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев