намоз КИСМИ ДУЮМ (( ТАХИЯИ
Оятуллохи Саиднеъмон ))
Бисмиллохир-рахмонир-рахим “Бе шак,
муъминхо пируз ва растагоранд,
касонеанд, ки дар намозашон хушуъ ва
хузуъ доранд” (Муъминун, 1)
Сипосу ситоиш мар Худовандеро, ки
инсонро тавассути калам таълим дод ва
ба у он чизхоеро омузонид, ки аз
донистани он очиз ва махрум буд ва
дуруду саломи бепоён ба хабиби у
Мухаммад (с) бод!
Банда тасмим гирифтам бо кумаку ёрии
Худованд чанд нуктаи мухимро атрофи
ибодати бузург, ки намоз аст, дар шакли
китобчае таълиф намуда, такдими
мусалмонон гардонам.
Аз Парвардигори олам умед мекунам, ки
ин амали ночизи маро бо хама
камбудихояш ба даргохаш кабул ва дар
номаи аъмоли банда китобаташ
бигардонад. Омин…Китобча ба шакли
суолу чавоб тартиб дода шудааст, иборат
аз сад савол ва чавоб буда, тибки
мазхаби Имоми Аъзам Абуханифа
мебошад.
Саволи 51: Мусофир будам ва пушти
имоми муким намоз хондам, оё каср
хондам, оё каср хонам ё бо имом пурра
хонам?
Чавоб: Агар мусофир буди ва пушти
имоми муким намоз хонди, дар ин холат
имомро пайрави карда, бо онхо намозатро
пурра мехони.
Саволи 52: Агар имом бошам ва
муктадихо мукиманд, чи бояд кард?
Чавоб: Намозатро каср мехони, онхо
баъди саломи ту намозхояшонро пурра
мекунанд, аммо кабл аз намоз онхоро ба
мусофир буданат бояд ёдрас куни.
Саволи 53: Сафар кардам, дар шахр ё
кишлоке расидам, ният кардам, ки аз 15
руз кам меистам, аммо муддати
икоматам дар он чо аз 15 руз зиёд шуд,
дар ин холат каср хонам ё пурра?
Чавоб: Агар нияти аз 15 руз кам карди,
аммо аз ин муддат соле хам гузарад, ту
бо ин нияти баргаштан боши, то баргаштан
каср мехони.
Саволи 54: Агар дар сафаре бошам, ки
бароям хеч машаккат нест, оё
намозхоямро каср хонам?
Чавоб: Агар масофаи аз 98 км зиёдтарро
тай намуди, намозхоятро каср хохи хонд,
фарке надорад, ки сафарат мушкил бошад
ё осон.
Саволи 55: Агар дар холати каср хондани
намози пешин ё аср ё хуфтан каъдаи охир,
яъне баъди ду ракъатро нанишастам,
хукми намозам чист?
Чавоб: Дар ин сурат намозат фосид
мешавад, чунки каъдаи аввал дар хакки
мусофир фарз аст, мисли каъдаи охир дар
хакки муким.
Саволи 56: Намози пешинро танхо
мехондам, дар ин холат чанд нафаре
омаданду намози пешинро чамоат барпо
карданд, оё намозамро тарк карда бо
чамоат хамрох шавам?
Чавоб: Агар дар ракъати аввал буди ва
хануз сачда накарда буди, дар ин холат
намозатро катъ карда, ба чамоат хамрох
мешави.
Саволи 57: Агар сачдаи ракъати аввалро
карда бошам, чи кор кунам?
Чавоб: Дар ин холат ду ракъат хонда,
салом медихи ва ба чамоат хамрох
мешави ва он ду ракъатат нафл хисоб
мешавад.
Саволи 58: Агар се ракъати намози
пешинро хонда бошам, чи кор кунам?
Чавоб: Намозатро ба итмом расонида,
баъди намоз бо он чамоат нафл ният
мекуни.
Саволи 59: Оё намози аср ва хуфтан хам
чунин хукм дорад?
Чавоб: Бале, магар баъд аз намози аср.
Дар холати итмом кардани намозат бо
имом хамрох шуда, нафл намехони чунки
нафл баъд аз аср макрух аст.
Саволи 60: Чунин холат дар намози шом ё
бомдод рух дод, чи кор бояд кард?
Чавоб: Агар як ракъати намозии шом ё
бомдодро хонда буди ва чамоат барпо
шуд, агар сачдаи ракъати якумро карда
боши ё на харду холат намозатро катъ
карда, бо чамоат хамрох мешави.Агар
баъди сачдаи ракъати дувум чамоат
барпо шуд, намозатро катъ накарда ба
итмомо мерасони.
Саволи 61: Оё баъди ба итмом
расонданам бо чамоат хамрох мешавам?
Чавоб: Дар ин холат ба чамоат хамрох
намешави.
Саволи 62: Агар ба суннаит пешин шуруъ
кардам, ногахон намози чамоат барпо
гардид, оё намозамро катъ кунам?
Чавоб: Дар ин сурат ду ракъат хонда,
намозатро катъ намуда бо чамоат хамрох
мешави.
Саволи 63: Дар намози бомдод дар холе
расидам, ки чамоат мехонданд, аммо ман
суннати бомдодро нахонда будам, дар ин
холат чи бояд кард?
Чавоб: Агар бар он гумон боши, ки
суннатро хонам як ракъати чамоатро
дармеёбам, дар ин сурат суннатро дар
наздикии дар хонда, сипас ба чамоат
хамрох шав ва агар гумон бар он дори, ки
суннати бомдодро хонам чамоатро
дарнамеёбам, дар ин сурат суннатро
нахонда ба чамоат хамрох шав.
Саволи 64: Оё баъди чамоат ин суннати
фавтшударо казо медорам?
Чавоб: Абуханифа ва Абуюсуф бар ин
кавланд, ки на кабл аз тулуъи Хуршед ва
на баъд аз тулуъи он суннат казо дошта
намешавад, аммо Мухаммад, шогирди
Абуханифа мегуяд, ки дуст медорам баъди
тулуъи Офтоб то завол суннати фавтшуда
хонда шавад.
Саволи 65: Агар суннати кабли намози
пешинро казо кардам, кадом вакт онро
казои хонам?
Чавоб: Чахор ракъат суннати кабли
пешинро баъд аз ду ракъат суннати
намози пешин хохи хонд.
Саволи 66: Агар дар хоб монда хестам, ки
Офтоб баромадаасту бомдодро казо
кардам, дар ин холат чи кор кунам?
Чавоб: Дар ин сурат хам суннат ва хам
фарзро то завол метавони казо дори.
Саволи 67: Оё суннат ва фарзро казо
гуфта ният кунам?
Чавоб: Бале, казои ният хохи кард.ъ
Саволи 68: Дар кадом вактхо намоз
гузоридан макрух аст?
Чавоб: Дар се холат намози фарз, суннат,
навофил, сачдаи тиловат ва намози
чаноза макрух аст: якум, вакти тулуъи
Офтоб, дувум, вакти киёми руз, яъне
нимаи руз, сеюм, вакти гуруби Офтоб.
Савли 69: Гайр аз ин се вакт боз дар
кадом вактхо намоз гузоридан макрух
аст?
Чавоб: Бъаид намози бомдод то тулуъи
Офтоб ва баъд аз намози аср то намози
шом нафл хондан макрух аст.
Саволи 70: Оё дар ин ду вакт намози
казои хонам чоиз аст?
Чавоб: Дар ин ду вакт намози казоиро
хондам боке надорад.
Саволи 71: Агар дар намоз аз руи
фаромуши сухане гуфтам, хукми намозам
чист?
Чавоб: Агар намоз аз руи фаромуши ё
касдан ё сахван, агарчи як калима хам
бошад, намозро фосид мегардонад.
Саволи 72: Агар дохили намоз бошам ва
атсаи шахсеро чавоб дода ярхамукаллох
гуфтам, хукми намозам чист?
Чавоб: Дар ин холат намозат фосид
мегардад.
Саволи 73: Дар дохили намоз синаамро аз
чониби Кибла ба дигар тараф гардонидам,
хукми намозам чист?
Чавоб: Дар ин холат намозат фосид
мегардад.
Саволи 74: Агар дар дохили намоз атса
задам ва алхамдулиллох гуфтам, хукми
намозам чист?
Чавоб: Дар ин сурат намозат фосид
намегардад, аммо хубтар ин аст, ки баъди
атса задан сукут карда, баъд аз намоз
алхамдулиллох гуйи.
Саволи 75: Дар дохили намоз кадом
афъол намозамро фосид месозад?
Чавоб: Амали бисёр дар дохили намоз
намозатро фосид месозад.
Саволи 76: Кадом амал амали зиёд
шуморида мешавад ва кадом амал амали
кам?
Чавоб: Амали зиёд амалест, ки ба ду даст
анчом дода мешавад ва амали кам
амалест, ки ба як даст анчом дода
мешавад, ё ин ки дар дохили намоз амале
карди, ки шахсе аз хоричи намоз туро дид
ва гумон кард, ки ту дар намоз нести, ин
хангом ту амали зиёд кардаи ва намозат
фосид гаштааст.
Саволи 77: Агар дар дохили намоз
бокимондаи таъомро аз байни дандонхо
фуру бурдам, хукми намозам чист?
Чавоб: Агар он бокимондаи таъом аз
микдори як нахуд камтар бошад, хеч боке
надорад ва агар аз микдори як нахуд
калон бошад, намозат фосид мегардад.
Саволи 78: Байни дандонам шириние буд,
ки дохили намоз ширинии онро хис карда,
ба дарун фуру мебурдам, хукми намозам
чист?
Чавоб: Дар ин холат намозат фосид
мегардад.
Саволи 79: Агар дохили намоз мусибатеро
шунидам, “инно лиллохи ва инно илайхи
рочиъун” гуфтам, хукми намозам чист?
Чавоб: Дар ин холат намозат фосид
мегардад.
Саволи 80: Агар дар дохили намоз саф ба
сафи дигар рох гаштам, хукими намозам
чист?
Чавоб: Аз саф ба сафи дигар рафтан боке
надорад, аммо агар ду саф пайдарпай
рафти намозат фосид мегардад ва агр як
саф рафта каме истоди, сиапс ба сафи
дувум рафти, ин хангом намозат фосид
намегардад.
Саволи 81: Агар дар намоз ох кашидаву
афсус хурам, хукми намозам чист?
Чавоб: Дар ин холат намозат фосид
мегардад.
Саволи 82: Агар дар намоз хандидам,
хукми намозам чист?
Чавоб: Ага рхандае бошад, ки овози онро
худат шуниди, намозат фосид мегардад.
Саволи 83: Агар дар намоз гарданамро ба
тарафи чап ё рост гардонидам хукми
намозам чист?
Чавоб: Ин амал дар намоз макрух аст.
Саволи 84: Дар вакти сачда оринчхоямро
ба замин хобондам, хукми намозам чист?
Чавоб: Хобондани оринч ба замин дар
сачда макрух аст.
Саволи 85: Агар намозамро бо кукртаи
остинкалта адо кардам, хукми намозам
чист?
Чавоб: Намозат дуруст аст, иншоаллох,
чунки дастон аврат нестанд. Модомеки
аврат пушонида бошад, намоз дуруст аст,
магар китфон, чунки Расулуллох (с) аз ин
тарз намоз гузоштан нахй кардаанд.
Саволи 86: Агар намозамро бо шорт адо
кардам, хукми намозам чист?
Чавоб: Агар шорт аз зону поён бошад
намозат дуруст аст.
Саволи 87: Аврати мард аз кучо то кучои
бадан мебошад?
Чавоб: Аврати мард аз зери ноф то поёни
зонухо мебошад.
Саволи 88: Дар холати сачда куртаам
боло шуда, пушт ва баъзе аз макъадам
намоён шуд, хукми намозам чист?
Чавоб: Агар чоряки узви авратат намоён
шуд, намозат ботил хохад шуд ва агар
камтар аз чоряки узви авратат намоён
шуд, намозат макрух мебошад.
Саволи 89: Агар бо сари луч намозамро
адо кардам, хукми намозам чист?
Чавоб: Сар аврат нест, ки пушонида
шавад. Агар аз руи такаббури напушониди
хукмаш макрух аст ва илло хеч боке
надорад ва баъзе уламо пушонидани
сарро хукми афзал додаанд.
Саволи 90: Маъзур будаму намози чумъа
нарафтам, оё намози пешинро метавонам
бо чамоат бихонам?
Чавоб: Дар рузи чумъа пешинро чамоат
хондан макрух аст, метавони онро танхо
бихони.
Саволи 91: Агар як ракаъати намози
чумъаро дарёфтам, чи бояд кард?
Чавоб: Баъди саломи имом бархеста
ракаъати фавтшударо мехони.
Саволи 92: Агар намози чумъаро дар
ташаххуди охир дарёфтам, чи бояд кард?
Чавоб: Баъди саломи имом бархеста
харду ракъатро мехони.
Саволи 93: Дар вакти хутбаи имом оё
намози тахияи масчидро хонам, ё ин ки
сукут кунаму гуш дихам?
Чавоб: Агар дар вакти амри маъруфе, ки
пеш аз хутба мешавад, дохили масчид
шуди, ду ракъат намози тахияи масчидро
хон ва агар дар вакти хутбаи имом дохил
шуди, туро вочиб аст, ки сукут карда гуш
ба хутба дихи.
Саволи 94: Агар дуои кунутро нахондам,
хукми намози витрам чист?
Чавоб: Дар ин холат туро сачдаи сахв
лозим мегардад.
Саволи 95: Дар холати муктади буданам
аз пушти имом оё сураи фотиха мехонам?
Чавоб: Аз пушти имом дар намози чахрия
ё хуфя муктади чизе намехонад ва агар
дар намозхои хуфя хонад хам, боке
надорад, ба шарте, ки хонданаш ба имом
халал наорад.
Саволи 96: Агар 5 дакика пеш аз дохил
шудани намози бомдод ё дигар намозхо
ба хотири коре намозамро хондам, хукми
намозам чист?
Чавоб: Шинохтани вакт фарз аст, то вакт
дохил нашавад, намозат чоиз намегардад.
Саволи 97: Оё дар хондани намозхои
казоиям азон ва икома шарт аст?
Чавоб: Агар казоии зиёд хонди, дар
аввалаш азон ва икома мегуйи, дар
бокияш танхо икома.
Саволи 98: Агар дар намоз бехуш шудам,
хукми намозам чист?
Чавоб: Намозат фосид шудааст.
Саволи 99: Агар хамзае, ки дар такбир
аст, мад додам, хукми намозам чист?
Чавоб: Намозат фосид мешавад, чунки ба
мад додани хамзаи “Аллоху акбар” маъно
тагйир меёбад.
Саволи 100: Агар дар дохили намоз аз
пешониам хокро пок кардам, хукмаш
чист?
Чавоб: Ин амал дар намоз макрух аст.
Саволи 101: Дар намоз чашмонамро
пушида нмоз хонам, хукми намозам чист?
Чавоб: Пушидани чашмон дар намоз
макрух аст, магар дар холате, ки хотири
туро машгул созад. Дар ин сурат
пушидани чашм ба хотири хушуъ боке
надорад.
Саволи 102: Оё ишораи сабоба карданам
зарур аст?
Чавоб: Ишораи сабоба суннати Паёмбар
(с) аст, ки хангоми “ло Илоха” ангуштро
бардошта, хангоми “иллаллох” мехобони.
Дар охир аз хонандаи гиромикадр хохиш
менамоям, ки дар хакки худам ва падару
модарам дуои хайр кунад. Аз Худованди
муттаол масъалат дорам, ки кумакам
кунад, то бокии ин силсилакитобчахоро ба
итмом бирасонам. Омин…
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6