ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО
МАҶМӮИ СУПОРИШОТИ ТЕСТӢ
Варианти VI
Блоки I (химия)
1. Ҳамаи гидрогенеро, ки аз 12 г як навъи хлориди натрийи техникӣ ҳосил шудааст, барои тайёр кардани кислотаи хлориди консентронида истифода бурданд. Ҳамаи кислотаи ҳосилшуда бо оксиди манган (IV) ба реаксия дохил шуд. Дар натиҷа 1,12 л (ш. м.) газ ҳосил шуд. Ҳиссаи массаи NaCl – ро дар ин навъи хлориди натрий (бо фоиз) муайян кунед!
A. 75,2% B. 97,5% C. 98,0% D. 104,2% E. 106,3%
2. Барои тайёр кардани 1 л маҳлули 30%-аи кислотаи хлорид (зичиаш 1,155 г/мл) чанд миллитр маҳлули 35%-аи ин кислота (зичиаш 1,18 г/мл) лозим аст?
A. 1240,2 B. 1020,3 C. 838,9 D. 534,4 E. 24,3
3. Ҳангоми ба алюминий (массааш 32,4 г) таъсир кардани 200 мл маҳлули 30%-аи гидроксиди калий (зичиаш 1,29г/мл) чанд литр гидроген (ш. м.) хориҷ мешавад?
A. 11,2 B. 40,3 C. 56,3 D. 64,2 E. 72,2
4. Ба 200 мл маҳлули 82%-аи кислотаи сулфат (зичиаш 1,755г/мл) 800 мл об ҳамроҳ карданд. Ҳиссаи массаи кислотаро (бо ҳисоби фоиз) дар маҳлули ҳосилшуда ҳисоб кунед!
A. 25 B. 23 C. 21 D. 18 E. 15
5. Даҳони зарферо, ки кислотаи сулфати 43%-а дошт, кушода монданд. Баъди чанд вақт массаи кислота аз 920 то ба 1000 гр афзуд. Ҳиссаи массаи кислотаро (бо фоиз) дар маҳлул ёбед!
A. 85,2 B. 214 C. 39,6 D. 44,8 E. 56
6. Барои тайёр кардани маҳлули 10%-и аммиак дар 2 л об чанд литр аммиакро (дар ш. м.) ҳал кардан лозим аст?
A. 112,4 B. 146,3 C. 260,2 D. 292,8 E. 360,4
7. Ҳиссаи массаи оксиди фосфор (V) – ро (бо фоиз) дар пресипитат CaHPO4•2H2O муайян кунед!
A. 41,3 B. 32,4 C. 31,8 D. 25,6 E. 23,1
8. Ҳангоми аз маҳлули гидроксиди барий гузаронидани 4м3 ҳаво 35,2 г таҳшини карбонати барий ҳосил шуд. Ҳисоб кунед, ки дар таркиби ҳаво чанд фоиз гази карбонат мавҷуд аст.
A. 0,1% B. 0,2% C. 0,3% D. 0,4% E. 0,5%
9. Гази карбонатро, ки ҳангоми сӯхтани 50г ангишт ҳосил шудааст, аз маҳлули гидроксиди барий гузарониданд. Ҳиссаи массаи карбон дар ангишт 96% аст. Массаи таҳшини ҳосилшударо (бо гр) ёбед!
A. 781 B. 788 C. 792 D. 794 E. 796
10. Санги тарозу аз чӯяне, ки 95,25% оҳан дорад, сохта шудааст. Ҳисоб кунед, ки дар чунин санги 2 килограммӣ чанд мол оҳан мавҷуд аст.
A. 18 B. 24 C. 34 D. 48 E. 56
11. Озон аз оксиген чанд маротиба вазнинтар аст?
A. 1,5 B. 2 C. 0,66 D. 4,1 E. 4,5
12. Барои пурра оксидонидани 15,3г гидрогенсулфид чнд литр оксиген (ш. м.) лозим аст?
A. 15л B. 10,42л C. 10,5л D. 15,12л E. 16,9л
13. Барои сӯхтани омехтаи 5л метан ва 2 л этан (ш. м.) чанд литр ҳаво лозим аст? Ҳиссаи ҳаҷми оксиген дар ҳаво 21%-ро ташкил медиҳад.
A. 45,2 B. 72,6 C. 75,3 D. 80,9 E. 85,6
14. 2,2-диметилпропан ба синфи карбогидридҳо дохил мешавад, ки формулаи умумиашон чунин намуд дорад:
A. СnH2n+2 B. CnH2n C. CnH2n-2 D. CnH2n+1 E. CnH2n-6
15. Ҳангоми бо натрий ба реаксия дохил шудани 23 г спирти якатома 5,6 л гидроген (ш. м.) хориҷ шуд. Массаи молекулавии спиртро ҳисоб кунед!
A. 18 B. 28 C. 92 D. 46 E. 56
16. Дар натиҷаи бо оксиди нуқра оксидонидани пропанал 0,1 мол нуқра барқарор шуд. Ҳисоб кунед, ки чанд гр алдегид ба реаксияи “оинаи нуқрагин” дохил шудааст?
A. 1,2 B. 2,9 C. 3,5 D. 4,3 E. 5,8
17. Дар 1л маҳлули кислотаи атсетат 2 мол кислота мавҷуд аст. Дараҷаи диссотсиатсияи он ба 10% баробар аст. Чанд грамм электролит др ин маҳлул диссотсиатсия шудааст?
A. 12 B. 13 C. 14 D. 15 E. 16
18. Барои нейтрализатсияи 3,7г кислотаи якасосаи сер 5 мл маҳлуле, ки ҳиссаи массаи гидроксиди калий дар он 40% аст (зичиаш 1,4г/мл) сарф карданд. Формулаи кислотаро муайян кунед ва массаи молекулавии онро нишон диҳед!
A. 32 B. 46 C. 62 D. 74 E. 80
19. Ҳангоми туршонидани 2 мол фруктоза чанд мол спирти этил ҳосил мешавад?
A. 1 B. 2 C. 3 D. 4 E. 5
20. Агар баромади маҳсули реаксия 80%-ро ташкил диҳад, аз 24,6кг нитробензол чанд кг анилин ҳосил мешавад?
A. 14,9 B. 23,3 C. 19,7 D. 18,6 E. 25,6
21. Ҳодисаи физикавиро нишон диҳед!
A. сӯхтани чӯб B. Нафасгирии растаниҳо C. Оташ гирифтани ҷангал D. Буғшавии об E. Оксидшавии оҳан
22. Дар таркиби 928 т магнетит чанд тонна оҳан мавҷуд ст?
A. 231 B. 452 C. 633 D. 672 E. 765
23. Дар оксиди нитроген ба 16 ҳиссаи массаи оксиген ва 14 ҳиссаи массаи нитроген рост меояд. Формулаи он оксидро тартиб диҳед ва валентнокии нитрогенро дар он муайян кунед!
A. 1 B. 2 C. 3 D. 4 E. 5
24. Схемаи сохти қабатҳои электронии атоми силитсийро тартиб диҳед ва миқдори электронҳои қабати пеш аз охирини онро нишон диҳед!
A. 10 B. 2 C. 8 D. 4 E. 6
25. Формулаи графикии карбонати алюминийро нависед ва шумораи бандҳои ковалентии онро нишон диҳед!
A. 4 B. 8 C. 12 D. 6 E. 18
26. Аз рӯи реаксияи термохимиявии байни оксиди мис ва кислотаи хлорид ҳисоб кунед, ки ҳангоми ба реаксия дохил шудани 200 гр оксиди мис чанд кҶ гармӣ хориҷ мешавад?
CuО + 2HCl → CuCl2 + H2O + 63,6кҶ
121 B. 159 C. 233 D. 420 E. 862
27. Дар чанд мл маҳлули 32%-аи кислотаи нитрат (зичиаш 1,2г/мл) 45 г кислота мавҷуд аст?
A. 117,2 B. 12,4 C. 118 D. 52,6 E. 55,6
28. Дар 120 мл об 20л газе, ки зичиаш нисбат ба гидроген ба 17 баробар аст, ҳал карданд. Ҳиссаи массаи ин газро (бо фоиз) дар маҳлули ҳосилшуда ёбед!
A. 20,2% B. 20,8% C. 20,4% D. 20,44% E. 20,66%
29. Ба 250мл маҳлуле, ки ҳиссаи массаи кислотаи сулфат 12% мебошад, 120 гр об илова намуданд. Ҳиссаи массаи кислотаи сулфатро (бо фоиз) дар маҳлул ёбед (зичиаш 1,08г/мл).
A. 32,4% B. 8,3% C. 30,4% D. 12% E. 1,2%
30. Реаксияи зеринро баробар кунед ва коэффисиенти назди барқароркунандаро нишон диҳед!
I2 + HNO3 → HIO3 + NO + H2O
1 B. 2 C. 3 D. 4 E. 5
Саволҳое, ки ҷавобашон махфӣ аст
1. Аз дохили 10 г омехтаи бензол ва анилин гидрогенхлоридро гузарониданд. Дар натиҷа 1,3 гр таҳшин ҳосил шуд. Ҳиссаи массаи анилинро (бо фоиз) дар омехта муайян кунед!
2. Аз 44,8 литр нитроген (ш. м.) чӣ қадар (гр) кислотаи нитрат ҳосил мешавад?
3. Зичии 30 л омехтаи метан ва нитроген нисбат ба гелий ба 5 баробар аст. Дар ин омехта чанд литр метан мавҷуд аст?
4. Дар маҳлул 9,8гр кислотаи сулфат ва 6,5 гр ишқори натрийро омехтанд. Миқдори намакҳои ҳосилшударо ёбед!
5. Реаксияи оксиду барқароршавии зеринро ба анҷом расонида коэффисиенти назди барқароршавандаро нишон диҳед!
CuO + NH3 → ………
6. Омехта аз оҳан, оксиди оҳан (II) ва оксиди оҳан (III) иборат аст. Ҳангоми коркарди 1 грамми чунин омехта бо кислотаи хлорид 112 мл (ш. м.) гидроген ҳосил шуд. Дар натиҷаи таҷрибаи дигар зимни бо гидроген барқарор кардани 1г ҳамин омехтаи аввала 0,2115 мл об ҳосил шуд. Ҳиссаи массаи оксидҳои оҳанро (бо фоиз) дар омехтаи ибтидоӣ ёбед!
7. Муодилаи реаксияи оксиду барқароршавии зеринро бо усули мувозинат (баланс) – и электронӣ баробар намуда, коэффисиенти назди моддаи “Х” – ро нишон диҳед!
K2Cr2O7 + H2O2 + H2SO4 → Cr2(SO4)3 + K2SO4 + X↑ + H2O
8. Барои тайёр намудани 800гр маҳлули 25%-а аз маҳлулҳои 50%-а ва 10%-а чӣ қадарӣ гирифтан лозим аст?
9. Ҳангоми гидролизи 222 гр чарб 213 гр кислотаи олии чарб ҳосил гардид. Массаи молекулавии ин чарбро ҳисоб кунед!
10. Аз 1 тонна картошкае, ки 26% крахмал дорад, дар мавриди пурра ба глюкоза мубаддал шудани он чӣ қадар глюкоза ҳосил кардан мумкин аст? Аз чунин миқдор глюкоза чӣ қадар спирти этил ҳосил шуда метавонад?
Блоки II (биология)
1. Норасогии …. дар ғизо ислоҳшаванда аст, зеро вай аз аминокислотаҳо таркиб ёфтааст.
A. об B. чарб C. Қанд D. Карбогидрат E. Сафеда
2. Ёрии авалинро ҳангоми хунравии дохилӣ шарҳ диҳед!
A. хунгузаронӣ B. Бастан бо докаи тоза C. Бастан бо тофтаи резинӣ D. Буридни ҷои ҷароҳат E. Гузоштанӣ халтачаи полиэтилении яхдор ба ҷои ҷароҳат
3. Чӣ қадар талафоти хун барои инсон марговар аст?
A. 0,25-0,5 литр B. 0,8-1 литр C. 1,2-1,5 литр D. 1,5-2 литр E. 2-2,5 литр
4. Хунро ба дил чӣ мекашонад?
A. шоҳраг B. Рагҳои шараён C. Мӯйрагҳо D. Ркагҳои варидӣ E. Камони аорта
5. Бо даври калони гардиши хун ба куҷо ҳаракат мекунад?
A. ба ҳамаи узвҳои организм B. Ба шуш C. Танҳо ба дил D. Танҳо ба гурда E. Ҳаракат намекунад
6. Ба рагҳои лимфагӣ чӣ хос аст?
A. доштани маҷрои калон B. Пур будан аз хун C. Доштани дарича D. Ба ду давр ҷудо шудан E. Фишори баланд доштан
7. Барои чӣ дили одам монда намешавад?
A. аз девори ғфси мушакӣ иборат аст B. Хуни ғализро тела медиҳад C. Моеъи халтаи атрофи дил қувваи молишро кам мекунад D. Мушакҳои дил бо навбат кашиш мехӯранд ва суст мешаванд E. Кори мушакҳои дили одам идора карда намешавад
8. Ҳар як дандон реша, гарданак ва ғилофак дорад, ки ... дар устухони ҷоғ устувор аст, ... дар милкҳо ҷойгир аст, ... ба ковокии даҳон мебарояд.
A. реша, гарданак, ғилофак B. Гарданак, реша, ғилофак C. Реша, ғилофак, гарданак D. Гарданак, ғилофак, реша E. Ғилофак, гарданак, реша
9. Ҳубобчаҳои шуш дар куҷо ҷой гирифтаанд?
A. дар охири шохаҳои хурдтарини нойи нафас B. Дар хирной C. Дар ковокии бинӣ D. Дар гулӯ E. Садопардаҳои шуш
10. Хлорофилҳои обсабзҳои сабз дар куҷо ҷамъ шудааст ва онҳо чӣ хел ғизо мегиранд?
A. дар хлоропластҳо, сипрофитӣ B. Дар лейкопластҳо, хемотрофӣ C. Дар вакуолаҳо, фототрофӣ D. Дар пластидҳо, сапрофитӣ E. Дар хроматафорҳо, фототрофӣ
11. Ба растаниҳои буттагӣ ... дохил мешаанд
A. финдиқ, ёс, мушол B. Марҷонбутта, бобуна, тӯс C. Газна, мушхор, булут D. Мушол, газна, тӯс E. Фарк, тӯс, зирфун
12. Донакмеваро ... паҳн мекунанд.
A. канаҳо B. парвонаҳо C. паррандаҳо D. обхокиҳо E. Хазандаҳо
13. Дар кадом ҳолат формулаи гули салибгул нишон дода шудааст.
A. К4Г4Г2+4М2 B. К2+4Г2Г4М4 C. К1Г2+4М4 D. К4Г2+4Г2М1 E. К4Г2+4Г2М
14. Растаниҳои бехмевадор одатан чанд сол умр мебинанд?
A. як B. ду C. се D. чор E. Бисёрсолаанд
15. Аҳамияти бактерияҳои лӯндагӣ барои растаниҳо аз чӣ иборат аст?
A. таъмин бо сафеда B. Таъмин бо оксиген C. Таъмин бо об D. Нигоҳдории намии хок E. Таъмин бо ғизои нитрогенӣ
16. Тавассути рагҳо ... ҳаракат мекунанд.
A. об ва ғизои нитрогендор B. Об ва глюкоза C. Об ва нитрогени моеъ D. Об ва оҳари дар он ҳалшуда E. Об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда
17. Қабати сахти сербаре, ки дар зери пӯстлох ҷой гирифтааст чӣ ном дорад?
A. чӯб B. лиф C. Камбий D. Нах E. Дила
18. Дар амёба шираи ҳозима дар куҷо ҳосил мешавад?
A. дар вакуолаи ихроҷ B. Дар вакуолаи кашишхӯранда C. Дар ситоплазма D. Дар ядро E. Дар парда
19. Дар ҳар як буғуми бандкирми гов чанд ҳазор адад тухм мавҷуд аст?
A. 200 ҳазор B. 175 ҳазор C. 280 ҳазор D. 195 ҳазор E. 250 ҳазор
20. Кирминаи аскарида барои чӣ ба тарафи шуши инсон ҳаракат мекунад?
A. О2 B. Н2О C. СО2 D. хун E. Ғизогирӣ
21. Дарозии гиҷҷаи инсон чанд аст?
A. қариб 0,5см B. Қариб 1см C. Қариб 2 см D. Қариб 3 см E. Қариб 10 см
22. Чӣ қадар намуди бандпойҳо ҳоло маълум шудаанд?
A. зиёда аз 1,5млн B. Зиёд аз 4 млн C. Зиёда аз 300 млн D. Зиёда аз 800 млн E. Зиёда аз 850 млн
23. Рӯйпӯйши хитинӣ бандпойҳоро аз чӣ муҳофизат мекунад?
A. аз таъсири ҳавои хунук B. Аз таъсири гармӣ C. аз таъсири механикӣ ва кимиёвӣ D. аз таъсири намнокӣ E. Аз таъсири хушкӣ
24. Андозаи бадани фаланга чӣ қадар аст?
A. 2-3 см B. 5-10 см C. 12-13 см D. 14-15 см E. 16-18 см
25. Соҳаҳои нави биологияро номбар кунед!
1-кибернетика, 2-биотехнология, 3-инженерияи генӣ, 4-информатика, 5-валеология, 6-бионика
A.1,2,3 B. 2,4,6 C. 1,4,6 D. 2,3,6 E. 1,3,5
26. КРН-е, ки дар бораи сохти сафедаҳо ба рибосомаҳо хабар медиҳад, чӣ ном дорад ва дар куҷо ҳосил мешавад?
A. КРН-рибосомагӣ, дар рибосома B. КРН-нақлиётӣ, дар ядро C. КРН, дар ядроча D. КРН-ахборӣ, дар ядро E. КДН, дар рибосома
27. Ҳодисаи аз ҳам дуршавии аломатҳоро ... меноманд.
A. ароморфоз B. идиоадаптатсия C. дивергенсия D. конвергенсия E. Дегенератсия
28. Дар оилае, ки зан баранда ва мард гирифтори бемор мебошад, эҳтимолияти таваллудшавии фарзандони гирифтори касалии гемофилияро муайян кунед: гени гемофилия ресесиӣ буда, дар Х – хромосома ҷойгир аст.
A. 0% B. 25% C. 75% D. 50% E. 100%
29. Оё аз волидони сиҳат писари гирифтори гемофилия таваллуд шуданаш мумкин аст?
A. не, чунки гени гемофолия бо У-хромосома часпида B. Мумкин дар 25% чунки гени гемофилия ресессивӣ бо Х-хромосома часпида C. Мумкин 50% агар модар гетерозиготӣ бошад ва ин ген дар Х-хромосома ҷойгир бошад D. Умуман мумкин нест E. Ҳа, ҳамаи ҷавобҳо дуруст аст
30. Молекулаи сафедаҳо чандто аминокислота дорад, агар гени ин сафедаро ҳосил кунанда аз 300 нуклеотид иборат бошад.
A. 64 B. 50 C. 200 D. 100 E. 500
Саволҳое, ки ҷавобашон махфӣ аст
1. Гард дар куҷо ҳосил мешавад?
2. Барг кадом вазифаро иҷро намекунад?
3. Панҷаи пои ангуштони қурбоққа бо чӣ пайваст аст?
4. Фарқияти хуни парандагон аз хуни хазандагон дар чист?
5. Андозаи эритроситҳои одам ба чанд баробар аст?
6. Фишори хуни одамро бо чӣ чен мекунанд?
7. Натиҷаи бемории рахит аз чӣ иборат мебошад?
8. Организмҳое, ки усули автотрофӣ ва гетертрофӣ ғизо мегирад, чӣ ном дорад?
9. Модар гурӯҳи хуни IV дорад ва падар гурӯҳи хуни I. Фарзандони онҳо кадом гурӯҳи хунро дошта метавонад?
10. Дар вақти дурагакунии ду фарди гомозиготӣ (АА – аа) дар насли дуюм чанд фоиз гетерозигота ҳосил мешавад?
Блоки III (физика, матеметика)
Физика
1. Формулаи калонкунии пурбинро нишон диҳед!
A. Г = H/h B. Г = Fоб/Fок C. Г = f/d D. Г 0,25/F E. Г = Fоб•Fок
2. Даври лаппиши ҳаракати ҷисм 0,2 с аст. Басомади даври лаппишро ёбед!
A. 3π B. 2π C. 7π D. 10π E. 13π
3. Нисбти В/В_0 = μ чӣ ном дорад?
A. нуфузпазирии диэлектрикӣ B. зариби соиш C. Нуфузпазирии магнитӣ D. Индуктивият E. ҚЭҲ
4. Ҳангоми электролизи маҳлули обии сулфати мис дар 50 дақиқа, ҳангоми 0,2 А будани қувваи ҷараён, дар катод 48 мг мис ҷудо шуд. Зариби электрохимиявии мисро ёбед!
A. 0,12•10-6 кг/Кл B. 0,23•10-6 кг/Кл C. 0,57•10-6 кг/Кл D. 30,44•10-6 кг/Кл E. 0,33•10-6 кг/Кл
5. Доимияти Фарадейро дониста, эквиваленти электрохимиявии қалъагии чорвалентаро ёбед!
A. 0,53 кг/Кл B. 0,24 мг/Кл C. 0,65 мг/Кл D. 0,43 мг/Кл E. 0,31 мг/Кл
6. Массаи 50 мол гази карбонат чӣ қадар аст?
A. 2,2кг B. 2кг C. 1,8кг D. 2,04кг E. 2,6кг
7. Ҳангоми сӯхтани 2 кг чӯби хушк чӣ қадар миқдори гармӣ хориҷ мешаад? Гармии сӯзиши чӯби хушк L=1•107Ҷ/кг
A. 4•107 Ҷ B. 2•107 Ҷ C. 1•107 Ҷ D. 0,5• 107Ҷ E. 5•107Ҷ
8. Нисбати шумораи атом ё молекулаҳои ҷисм N – ро бар адади Авогадро NA чӣ меноманд?
A. фишори газ B. Энергияи кинетикии миёна C. Кадрати суръати миёна D. Зичии газ E. Миқдори модда
9. Он қисми механика, ки мувозинати ҷисмҳоро меомӯзад, чӣ ном дорад?
A. кинематика B. динамика C. статика D. гидромеханика E. Оптика
10. Аз формулаи моменти қувва M = F•d китфи қувваро муайян кунед!
A. d=M•F B. d = M + F C. d = M/F D. d = M – F E. d = F/M
Саволҳое, ки ҷавобашон махфӣ аст
1. Ҷисм дар 5 сония 10 маротиба мелаппад. Даври лаппиши ҷисм ёфта шавад!
2. Ҳангоми пайваст кардани аккумлятор ба муқоимати 0,2 Ом қувваи ҷараён дар занҷир 0,5 А аст. Ҳамин аккумлятор ҳангоми пайаст кардан бо муқовимати 2,4 Ом ҷараёни 0,25 А ҳосил мекунад. ҚЭҲ аккумляторро ёбед!
3. Автомобил аз болои кӯпрук мунтазам бо суръати 18 км/соат ҳаракат мекунад. Автомобил дар чанд вақт аз болои кӯпрук мегузарад, агар дарозии кӯпрук 480 м бошад?
4. Мо ба мошини таксӣ савор шуда, барои чӣ пул медиҳем: барои роҳ ё кӯчиш?
5. Велосипедрон дар 5 сонияи аввал 40 м, дар 10 сонияи оянда 100 м ва дар 5 сонияи охир 20 м масофаро тай кард. Суръати миёнаро дар ҳар як қитъа ва дар тамоми роҳ ёбед!
Математика
Муодиларо ҳал кунед!
5 - (х+3)/х = x
2. Массаи фил 4 т буда кувваи боркашиаш 16% массаашро ташкил медиҳад. Ин фил чӣ қадар бор кашида метавонад?
3. Ифодаро содда кунед!
(√(175 )- √63 + √700)/( √7 )
4. Ҳисоб кунед!
[ - 17 – (-2) + 10 + ( - 5) • 30]
5. Дуди 1 дона сигор 5мг заҳри никотин дорад. Шахсе, ки дар як шабонарӯз 10 дона сигор мекашад, чӣ миқдор заҳрро фурӯ мебарад, агар ба як дона сигор 1/5 ҳиссаи никотин ба организми одам дохил шавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3