« Ва агар бошед чунуб, пас худ пок кунед» ( сураи Моида ояти-6) Аз чанобат чунуб ба сабаби гусл тохир мешавад. Агар об пайдо нашавад ё зарараш кунад, пас ба сабаби таямум пок мегардад. Аз хамин чихат донистани ахкоми гусл ва сабабхои вочиб шудани он, амри зарурист. Сабаби аввал: Фуруд омадани мани ба вачхи чахидан аз шахсе, ки вакти чудо шудани мани аз маконаш, шахват дошта бошад. Аммо агар дар ин вакт шахват надошта бошад, гусл вочиб намешавад. Масалан агар аз баланди бичахад ё бори зиёдеро бардорад, ки дар натича мани аз маконаш бидуни шахват чудо шавад, гусл вочиб намешавад. 2 . Гоиб шудани хашафа; яъне сари олати таносули мард дар кубул; яъне дар шармгохи зан ё дар дубур; яъне кафои марду зан. Дар ин ду сурат ба харду; яъне марду зан гусл вочиб мешавад, агарчи дар пушти зану мард расидан харом аст. Чунончи Расулуллох ( алайхис-салом) мефармояд: «Касеро дидед, ки амали кавми Лутро анчом медихад, кунанда ва кардашуда; яъне хар дуро, бикушед!» Аллох таъоло ба марде, ки дар кафои зане ё марде расида бошад ба назари рахмат, назар нахохад кард.» Худованд моён ва чумлаи мусалмононро аз чунин афъоли зишт нигах дорад. 3 . Дидани шахси аз хоб бедор шуда мани ё мазиро; яъне агар шахс аз хобаш бедор шавад хох мард бошад ё зан, дар либос ё дар бадани худ мани ё мазиро бинад, гусл бар вай вочиб мешавад. Мани оберо гуянд, ки Худованд (ч-ч) аз он адам халк мекунад ва мази оберо гуянд, ки аз мани тунуктар ва аз бавл ( пешоб) гализтар буда, ба мани шабохат дорад. Дар ин ду холат; яъне дар холати дидани мани ва мази гусл вочиб мешавад. Аммо мази ки дар холати бедори хангоми бози кардани мард бо занаш хорич мешавад гуслро вочиб намегардонад. Фарк байни хуручи мани ва мази дар он аст, ки баъди хуручи олати мард тагир ёфта чисмаш заъиф мешавад. Аммо мази бидуни ин, ки хабар шавад, мебарояд. 4 . Тамом шудани муддати хайзу нифос; яъне баъди тамом шави хуне, ки аз даруни зан хар мох хорич мешавад, ки онро мохёна гуянд ва катъи хуни баъди вилодати фарзанд, чори буда. Аммо гусл аз барои намози чумъа, иди фитру курбони, аз барои шуруъ кардани хач, ва дар ( Арафот ) суннат аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев