Предыдущая публикация
Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.
Бо сорбон бигуед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.
Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гунаҳкорон.
Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон.
Чандон ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам илло як аз ҳазорон.
Саъдӣ, ба рӯзгорон меҳре нишаста дар дил,
Берун наметавон кард, илло, ба рӯзгорон.
Чандат кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ наметавон гуфт, илло, ба ғамгусорон.
🏵️ 🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃🌹🌻 🌼 🍁
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2