Пас аз ҳамлаи террористии марговар дар минтақаи Кашмир, ки боиси кушта шудани 27 нафар гардид, танишҳои сиёсӣ ва низмӣ байни Ҳиндустон ва Покистон ба нуқтаи ҷӯш омадааст.
Ба гузориши ТоиҷкПресс, пас аз ҳамлаи террористии марговар дар минтақаи Ҷамму ва Кашмири зери итоати Ҳиндустон, ки боиси кушта шудани 27 нафар (аз ҷумла як шаҳрванди Непал) ва захмӣ шудани 17 нафар дигар гардид, танишҳои сиёсӣ ва низмӣ байни Ҳиндустон ва Покистон ба нуқтаи ҷӯш омадааст.
Ин воқеа, ки ҳамчун яке аз хавфноктарин бӯҳронҳои охир дар ин минтақа тавсиф шудааст, ду кишвари соҳиб ҳастаиро ба сӯи афзоиши муноқиша равона кардааст.
Ҳамлаи террористӣ ва посухи Ҳиндустон
Ҳамлаи террористӣ дар қисми ҳиндии Кашмир, ки дар он сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ қурбонӣ шуданд, ҳамчун оғози ин бӯҳрон шинохта шудааст.
Полис Ҳиндустон эълон кард, ки се муҳоҷим дар ин амал иштирок доштанд ва ин ҳамла бевосита ба дасти Покистон айбдор карда шудааст.
Ҳукумати Ҳиндустон ин воқеаро “ҷиноят ва пешакӣ тарҳрезӣ шуда” номида ва ҳатто талаб кардааст, ки амали байналмилалӣ зидди Покистон анҷом дода шавад. https://tajikpress.com/2025/04/26/%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d1%80%d1%80%d0%be%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d2%b3%d0%b8%d0%bd%d0%b4%d1%83%d1%81%d1%82/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев