Дар Рӯзи Ҷаҳонии Саломатӣ, мардуми Фаластин дар навори Ғазза бадтарин вазъияти саломатиро аз сар мегузаронанд, манъ кардани воридшавии ваксинаҳои фалаҷи кӯдакон аз ҷониби режими саҳюнистӣ ба ин минтақа, ҳамчун бомби соатӣ, ҳаёти кӯдакони Ғаззаро таҳдид мекунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза эълон кард, ки вазъияти саломатӣ ва инсонии ин минтақа ба сатҳи хатарнок ва фоҷиабор расидааст. Манъ кардани воридшавии ваксинаҳои фалаҷи кӯдакон аз ҷониби режими ишғолгар, ҳамчун бомби соатӣ ва таҳдиде барои густариши ин бемории сироятӣ аст.
Вазъияти фоҷиабори беморону ҷароҳатдидагон дар Ғазза
Юсуф Абурайш, ҷонишини вазири тандурустии Ғазза дар ин маврид изҳор дошт: “59% доруҳои зарурӣ тамоман тамом шудаанд ва бастани гузаргоҳҳо вазъияти ҷисмонии садҳо бемор ва ҷароҳатдидаеро, ки интизори сафар ба хориҷ барои муолиҷа ҳастанд, бадтар мекунад.”
Ӯ илова кард: “13 ҳазор бемор барои таҳсили муолиҷаҳои ихтисосӣ барои баромадан аз навори Ғазза ниёз доранд. Бастани гузаргоҳҳо амнияти ғизоии мардуми Ғаззаро низ таҳдид мекунад ва хатари марги кӯдакон аз сари сустӣ ва камхуниро афзоиш медиҳад. Дар давоми ҷанг 52 ҳолати марги кӯдакон аз сари нодории ғизо сабт шудааст ва то вақте ки ёрии ғизоӣ ворид нашавад, раванди марг аз сари гуруснагӣ ва нодории ғизо дар Ғазза идома хоҳад ёфт.”
Ин мақомоти тиббии Ғазза таъкид кард: “Беморхонаҳои Ғазза ба таври ҷиддӣ ба истгоҳҳои оксиген ниёз доранд, то ки қисмҳои ҳаётии онҳо қобилияти пешбурди хидматҳои тиббӣ ба ҷароҳатдидагон ва беморонро дошта бошанд. Хидматҳои тандурустӣ дар ин ҷо ба генераторҳои барқӣ вобастаанд ва аз сари камбудии сӯзишворӣ, қисмҳои иловагӣ, равған ва филтрҳо, генераторҳо кор намекунанд.” https://tajikpress.com/2025/04/08/%d1%88%d0%b0%d0%bc%d1%88%d0%b5%d1%80%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d0%b3%d3%af%d0%bb%d1%83%d0%b8-%d0%ba%d3%af%d0%b4%d0%b0%d0%ba%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев