ҳамедонӣ,
Зи касби маъсият парҳез кун,дорад
пушаймонӣ.
Накӯӣ баҳри модар кун,ҳамин аст ҳукми
Раббонӣ,
Каломи Ҳақ Таоло агар боре ҳамехонӣ,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ.
Ба модар доимо хизматгузору меҳрубон
бошӣ,
Азизу мӯътабар назди Худои Ломакон
бошӣ,
Ҳамеша хурраму масрур бошӣ,шодмон
бошӣ,
Ҷавори раҳмати Ҳақ дар биҳишти
ҷовидон бошӣ,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ
Ба чашми пурхумори интизори модар
бинигар,
Суханҳои шакарбори ширинаш ҳар замон
бингар,
Ба меҳри доимии қалби ӯ ту ҳар замон
бингар,
Ба тавби кӯдаконаш чун шабеҳи посбон
бингар,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ
Намедони,ки модар бӯи садбарг
аст,райҳон аст,
Машомат нури чашмонаш муаттар
мекунад,ҷон аст,
Ҳамеша баҳри фарзандони худ вирду
дуъохон аст,
Агар боде ба фарзандаш вазад,тасону
ларзон аст,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ
Биҳишти ҷовидон зери қудуми модарон
бошад,
Ризои Ҳақ Таоло дар ризои модарон
бошад,
Ҳарими остони модарон доруламон
бошад,
Дуъои модарони ҷонфидо барқи дамон
бошад,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ
Раис-ул-анбиё,зоти муқаддас,Сайиди
олам,
Хушо зоти мукаррам,беҳтарин зодаи
олам,
Ба рӯҳи поки ӯ аз мо санову сад дуъо
ҳар дам,
Ба дарди осиёни бебизоат доруву
марҳам,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ
Мақоми модарон,ё Рабб,ба фирдавси
барин бодо,
Ба ҳурулайни Ҷаннат ҳамҷалису
ҳамнишин бодо,
Адӯи модарон дар нор маҳзуну ҳазин
бодо,
Лисони Сомеӣ,ё Рабб,ғарқи ангубин бодо,
• Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни
инсонӣ,
Ба модар меҳрубонӣ кун,агар марди
мусалмонӣ.......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3