Ба фарорасии Иди Фитр ҳамаи Хоҳарону бародарони мусалмонро табрик мегуям ,
Худованд ҳамаи аъмоли солеҳи мову шуморо қабул кунад ва беморонро фишои ъоҷил бахшад !
- Оё намози Идро дар хона барпо кардан ҷоиз аст ?
ҶАВОБ :
★Тибқи мазҳаби Ҳанафӣ :
Тибқи мазҳаби Ҳанафи барпо кардани намози Иди Фитр ( ки ҳукмаш воҷиб аст )дар хона ҷоиз нест, чун шартҳои намози ид куллан ба ҷо оварда намешавад, мисли :
- Шартҳо
1- Ҳузури султон ( ҳоким ).
2- Ё ин, ки қоим мақоми султон.
3- Барпо кардан бо ҷамоъат.
4- Дар шаҳр.
5- Дар саҳнаи калон.
Ҳар гоҳе ин шартҳо ёфта нашаванд намози Ид аз зиммаи ҳамагон соқит шуда ва касе иртикоби гуноҳе намешавад.
★ Тибқи мазҳаби ҷумҳури уламо , ки дар бар гирандаи мазҳаби ( Моликӣ - Шофеъӣ - Ҳанбалӣ ) аст, ки метавонанд намози Идро дар хона бо шакли фардӣ (тоқа) ё шавҳар бо ҳамсару фарзандҳояш бо шакли ҷамоъӣ барпо кунад, зеро мазҳаби ҷумҳур шартҳои зикр шударо матлуб намедонанд.
Ҳукми намози иди фитр дар назди Моликӣ ва Шофеъӣ , суннати муаккада аст, аммо дар назди Ҳанбали воҷиби кифоя.
- Давлатҳое, ки аксари аҳолияш ва ё куллан мусалмонанд дар айни ҳол пайрави мазҳаби Ҳанафӣ ҳастанд метавонанд тибқи мазҳаби Ҳанафӣ амал кунанд ва намозро нахонанд.
- Аммо мусалмонҳое, ки дар давлатҳои ақалият мусалмонанд мисли Амрико ва Уврупо ва Расия метавонанд бо мазҳаби ҷумҳур амал кунанд, балки ҳикматҳои мусбати худро дорад, чи худ танҳо гузорад ва чи бо аҳлу оилааш ва ё бо ёру рафиқонаш.
- Ҳикматҳои мусбати он :
1- Дар мазҳаби ҷумҳур барпо кардани Ид бо шакли номбар кардашуда ҷоиз аст, пас агар онро барпо кард, гуё яке аз шиорҳои исломро ба ҷо овард.
2- Зинда кардани яке аз шиорҳои динӣ.
3- Ин худ тарбияи нафсӣ аст ва ҳаройна дар зеҳни фарзандонамон яке аз шиори исломро ҷой карда, чун онҳо худ дар давлатҳои ақалияти исломи дур аз шиору мазоҳири исломиянд ва ин онҳоро побанди таъолими дини ислом карда, ба онҳо неру мебахшад.
4- Робитаи маънавӣ байни мусалмонон дар давлати ғурбати ғайри исломӣ.
5- Ҳар як мусалмон метавонад худ як бор дар умраш дар намози Ид имом шавад, чун ин корест такрор нашаванда ва занҳо ба шавҳарашон иқтидо мекунанд ва фарзандон ба падарашон ин худ як фазои тарбиявӣ аст.
6- Эҳсоси имонии мусалмон дар баробари шиорҳои дини ислом.
★ Тарзи хондани намози Ид дар хона :
Баъди намози бомдод то баромадани офтоб такбир гуфта ва онро то 20 дақиқа баъди офтоб баромадан давом медиҳанд.
Чигуна барпо кардани намози Ид
1- Нияти ду ракъат намози Идро аз дил мегузаронад.
2- Дастҳоро ба назди гушҳо бардошта такбир мегуянд ( Аллоҳу Акбар ).
3- Дуъои ифтитоҳро мехонад.
4- Се бор дастҳоро бардошта ва баъди ҳар бардоштан такбир мегуяд ( Аллоҳу Акбар ).
5- Аъузу биллоҳро то охир гуфта, пас аз он бисмиллоҳро.
6- Сураи фотеҳаро мехонад.
7- Зами сура мекунад.
8- Баъд аз он рукуву саҷдаҳояшро ба ҷо меорад.
Дуюм ракъат :
1- Сураи фотеҳа.
2- Зами сура.
3- Пеш аз рукуъ се бор дастҳояшро бардошта такбир мегуяд ( Аллоҳу Акбар )мисли ракъти якум.
4- Пас такбир гуфта рукуъ карда ва саҷдаҳоро ба ҷо меорад.
5- Аттаҳиётро бо салавоту дуоҳо хонда салом медиҳад.
Бо ҳамин намози Ид ба итмом мерасад.
Ба ҳамаи азизон мувафақият орзумандам.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев