ДУРУД ДАДАҶОН...
Бароятон ҳарфҳои ногуфтаи зиёд дорам... Аммо барои аввалин бор намедонам, ки аз куҷо ва чи гуна оғоз кунам...?
Дастам барои навиштани марсия намеравад, зеро ҳанӯз ҳам боварам намеояд, ки марг Шуморо барои ҳамеша аз байни мо рабудаву ба дасти хоки сард супорида. Дадаҷон қабули ин ҳақиқати талх барои мо, ҷигарбандатон хеле душвор асту боварнокарданӣ...(((
ОХИРИН ДИДОР
Хандаҳои ширинатон, нигоҳҳои самимиятон ва суханони шаккаринатон тӯли 4 рӯз аст, ки дақиқае аз ёдам намераваду оромам намегузорад. Чун наворе пеши чашмонам намудор мешаванд...
Дадаҷон рӯзҳоро дар ҷустуҷӯи Шумо дар рӯйи ҳавлиятон(мон) ба дасти шом месупораму шабҳо хоб надорам. Хотироти кӯдакӣ як-як пеши чашмонам намудор мешаваду дилам барои Шумо гум мезанад.
Дадаҷон мехоҳам ҳатто барои охирин бор Шуморо бубинаму ба оғӯш гирам...
- Гулрӯ, ту хоб кун ҷони падар. Ман ҳатман хуб мешавам ва туро танҳо намегузорам...
- барои нахустин бор бароям дурӯғ гуфтед, дадаҷон, зеро Шумо рафтед ва танҳоям гузоштед дар ин даҳри беканор.
Дадаҷон мане, ки танҳо соли як маротиба ба дидори Шумо сӯйи зодгоҳам мешитобам, чандрӯза меҳмонатон мешавам, барои ҳамеша танҳо мондед. Дадаҷон бидуни Шумо дар дар хонаатон(мон) дар байни ҷамъаму худро танҳо ҳис мекунам. Куҷоед дадаҷон?(((
ВАҚТЕ КИ...
Вақте ки тобутатонро аз хона бароварданд, қалбамро сиёҳие пахш кард. Ба бародаронам нигоҳ кардаму бо дидани ашкҳои пур аз дарди онҳо надонистам, ки чи кор кунам.
ВАҚТЕ ки писари номдоратон акои Хуршедҷон (Хуршед Атовулло) дар паси тобути Шумо чун кӯдаке, ки падари хешро гум карда, дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондааст, медавид дунё ба назарам торик гашт...
ВАҚТЕ ки модарҷонам ва ҳамсари меҳрубонатонро бо чашмони пур аз ашк ва ғами аз даст додани ҳамсафари зиндагияшон мебинам, ҳамон хандаҳо ва самимияти Шумо ба ҳамдигаратон ба ёдам меояд.(Хонандаи ин сатрҳо ба суратҳо нигаред. Г.А.)
ВАҚТЕ ки дар чашмони бародаронам ва апаам Гулбону андӯҳи бепоёни ғам, ашкҳои сӯзон ва қалби пур аз дардро дидаму эҳсос кардам, айёми кӯдакиву оғӯши гарми Шумо ба ёдам расид.
ВАҚТЕ ки наберагонатон аз ман суроғи Шуморо мепурсанду ман ҷавобе барояшон дода наметавонам, қалбам ба дард меояду аз ҳарф задан мемонам дадаҷон.
ТӮТИИ СУХАНГӮЯТОН...
"...Ба тӯтии сухангӯям, ба Гулрӯҷон саломе гӯ..." - ин сатрро Шумо дадаҷони шуҳратмандаму шоири дардошноям, ки дар Самарқанд соли 1998 бароям навишта будед, ҳар рӯз беихтиёр такрор мекунам. Медонед, бо рафтани Шумо чанд рӯз аст, ки тӯтии сухангӯятон наметавонад сухане гӯяд...
Ҳама ҳарфҳоям ва андешаҳоям пароканда ҳастанд.
Дадаҷон дигар саломи Шуморо ба мани дур аз диёратон, ки мерасонад?
Дадаҷон дигар дар ин даҳри олуда аз дурӯғу хиёнат такягоҳу умедгоҳи ман кист?(Шукр, ки ҳамсари меҳрубонам ва нишона аз Шумо бародаронаму апаам ҳастанд. Аммо ҷойи Шуморо касе пур карда наметавонад...Г.А.)
Дадаҷон ман ҳамон Гулрӯи хурдакаки Шумоям, ки ҳанӯз аз муҳаббату оғӯши гарматон сер нашудаам...
Кашидам ранҷу озори ятимӣ,
Чашидам заҳри хунбори ятимӣ...
Касеро чун Карим парвардигоро,
Маяфкан бар сараш бори ятимӣ...
Дадаҷон оиди ин шеъри пур аз дардатон наметавонам ҳарфе рӯйи ин варақи аз ҷабри хома гурезон бинависам...Бубахшед(((
ҚАҲРАМОНИ МАН...
Дадаҷон Шумо ягона қаҳрамони зиндагии ман ҳастед.
Қаҳрамоне, ки бо маоши омӯзгорӣ 8 ҷигарбанди худро ба сӯйи орзуҳояшон(тон)- Душанбешаҳр фиристода, соҳиби маълумоти олӣ кардед. Қаҳрамоне, ки дар набардҳои зиндагӣ танҳо муборизаи беамон бурда, моро бузургу соҳибному соҳибэҳтиром намудед.
Қаҳрамоне, ки худ нахӯрдаву напӯшида дар фикри хондану зиндагии шоистаи мо будед.
Мо, ҷигарбандонатон барои ин ҳама хизматҳои беназиратон тамоми умр аз Шумо сипосгузорему дар назди рӯҳи покатон қарздорем...
Дадаҷон ифтихор мекунам, ки падаре чун Шумо дорам. (Ҳеҷ гоҳ доштам намегӯям, зеро Шумо ҳамеша дар қалби манед. Г.А.)
Дадаҷон ба андозаи тамоми дунё дӯстатон медорам.
БИДРУД ДАДАҶОНИ ҚАҲРАМОНИ МАН...
Бо сатрҳои пур аз дард ва муҳаббати беандоза тӯтии сухангӯятон Гулрӯи Атовулло...
(Сӯгномаи Искандари Раҳмон аз номи Гулрӯи Атовулло барои марги нобаҳангоми падараш Ато Карим)
Бошитоб аз бари дунёи фано рафт падар,
Ташналаб соҳили дарёи бақо рафт падар.
Бевафо дид ҷаҳонрову аз ӯ аҳд бурид,
Рӯйи ӯ сер надидему зи мо рафт падар.
Шаб ҳама шаб ба дари рӯз ду чашмаш тар буд,
Шабнами субҳ шуду рӯ ба само рафт падар.
Нури давлат зи сари мо бипарид, оҳ, дареғ,
Баски чун сояи шаҳболи ҳумо рафт падар.
Рафт айёми хушу рӯзи хушу лаҳзаи хуш,
Сӯйи бигзашта, пайи хотираҳо рафт падар.
Дили ӯ соати девор буду рафт зи ҷо,
Баски монандаи девор зи ҷо рафт падар.
Ӯ расида ба дари Каъбаи маънӣ ба тавоф,
Роҳи дил ҷуста, раҳи бодияҳо рафт падар.
Ё Худованд, ба рӯяш дари раҳмат бикушо,
Нек бодо сафараш, сӯйи Худо рафт падар.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев