Чистонҳо оид ба олами наботот:
Мехи зарин таги замин.
(Сабзӣ)
Тагаш суфача, болош сандуқча.
(Шалғам )
Сӣ сандуқ сила сандуқ,
Ҳама сандуқ, ба як сандуқ.
(Пиёз)
Он чист, ки ӯ ба гурда монанд,
Пушида кафан ба мурда монанд.
(Лӯбиё)
Сандуқчаи зебанда,
Як сутуну се долон.
(Себарга)
Мурғи сафед гирд-гирди бед.
(Замбурӯғ)
Пак-пакана қад дорад,
Ҷома чил қабат дорад.
(Сутуни ҷуворӣ)
Он чист, ки ӯ зи барг паноҳе дорад,
Дар сар кӯлоҳу ҷомаи сиёҳе дорад.
(Боимҷон)
Гумбази лундаи сабзӣ,
Аз боло камарбандӣ.
Ҳай-ҳай дилам меравад,
Дарунаш шакарбарин.
(Харбуза)
Он чист, ки панҷ хона дорад,
Дар нармии худ нишона дорад.
Дар хонаи ӯ пур аст аз барф,
Ин турфа, ки барф дона дорад.
(Пахта)
Очааш каҷу килеб,
Бачааш ширину шакар.
(Ток ва меваи он)
Саночӣ пур дар ордак,
Дар мобайнаш як чубак.
(Санҷид)
Гумбази лундаи сабзи камбар,
Ҳуҷраҳо дораду дар надорад.
(Тарбуз)
Гар даҳонаш во шавад,
Буйи хуш пайдо шавад.
(Гул)
Бе ӯ набувад низоми олам,
Сармояи ҳақ лек аз он аст.
(Гандум)
Таг санг, рӯ санг,
Миёнаш махмали дуранг.
(Писта)
Чист он гумбазе, ки ӯ бедар,
Андарун донаҳо бувад як сар.
Ҳоли он донаҳо чӣ мепурсӣ?
Ҳама хуниндиланд дар чодар.
(Анор)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев