Зиндагӣ мекард дар он пиразан.
Пиразан як шаб Худоро дид ба хоб,
Кард суоле аз Худо бигрифт ҷавоб.
Гуфт: Худоро бекасу танҳо манам,
Аз барои диданат шайдо манам.
Орзу дорам шави меҳмони ман,
Пораи ноне хӯри аз хони ман.
Лаҳзае хоҳам, ки ҳамрозам шавӣ,
Дар дами танҳои дамсозам шавӣ.
Шуд пазиро даъвати ӯро Худо,
Гуфт: фардо оям ман пеши шумо.
Пиразан бедор шуд он дам зи хоб,
Ҷоруб зад у хонаашро бо шитоб.
Пиразан бар сӯйи бозор шуд равон,
Кард харид мағзу мавизу шаҳду нон.
Беҳтарин хурокиҳоро у бипухт,
Чашм ба роҳи омади меҳмон-ш духт.
Баъди чанде тақ тақи дарро шунид,
Пиразан бо шоди суи дар давид.
Пиразан рафт боз кард дар бо шитоб,
Дид марде аст гадо, кардаш хитоб.
Дод зад бар он гадо аз дар биронд,
Баст дарашрову худаш танҳо бимонд.
Боз зи нав аз пушти дар омад садо,
Пиразан бо худ бигуфт, омад Худо.
Бошитоб рафту дарашро кард боз,
Кӯдакеро дид бо дасти ниёз.
Кӯдаки бечора ларзон аз хунук,
Дар танаш пироҳане дошт ӯ тунук.
Гарм шудан мехост кӯдак он замон,
Орзу мепарварид дар дил ниҳон.
Пиразан аммо ба куэӯдак дод зад,
Рондаш аз дар бар сараш фарёд зад.
Ронд куккдакрову дари хона баст,
Мунтазир дар хонааш танҳо нишаст.
Руз бигзашту ғуруб кард офтоб,
Партав афшон дар ҳаво шуд моҳтоб.
Ноумед шуд пиразан н-омад Худо,
Ногаҳон аз пушти дар омад.
Пиразан рафт он замон чашмаш ба роҳ,
Дид зане бо кудакон бо оҳу воҳ,
Он зани бечора гуфт мешав малул,
Деҳ бароям дирҳаме гар дори пул.
Ман харам бар кудакони худ ғизо,
То Худо аз ҳимматат гардад ризо.
Пиразан з-ин моҷаро шуд дар ғазаб,
Бо суханҳои қабеҳ бикшода лаб.
Гуфт, бирав ин дам зи пеши хонаам,
Ҳайф донам ман ба ту кошонаам.
Вақти хоб шуд гашта навмед пиразан,
Ки чиро н-омад, чиро меҳмони ман?
Хоб рафт ошуфтаҳолу хаста ҷон,
Дид ба хобаш боз Худоро ногаҳон.
Пиразан пурсид ба хобаш аз Худо,
Ки куҷо шуд ваъдаҳои ту, куҷо?
Гуфти, ки меҳмони ойи хонаам,
Пур зи файзат мекуни кошонаам.
Гуфт Худо бар пиразан, ай бехабар,
Омадам се бор, бирондиям зи дар.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев