ДАРОМАДАН.
-(Бисми-л-лоҳи),
аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-
л-хубси ва-л-хабоиси.
- (Ба номи Аллоҳ), Худовандо, ман
аз бадии наршайтонҳои палид ва аз
модашайтонҳои палид ба ту паноҳ
мебарам.
ДУОИ АЗ ОБИШТАНГОҲ БЕРУН
ОМАДАН.
-Ғуфронака.
-Худовандо, омурзишатро
мехоҳам.
ЗИКРИ ПЕШ АЗ ВУЗӮЪ .
-Бисми-л-лоҳи.
-Ба номи Аллоҳ.
. ЗИКР ПАС АЗ АНҶОМИ ВУЗӮЪ.
-Ашҳаду ан ло илоҳа илла-л-лоҳу
ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду
анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва
расулуҳу.
-Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ
маъбуде шоистаи парастиш нест,
ягона аст, ҳамтое надорад ва
гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад
бандаву фиристодаи ӯст.
-Аллоҳумма-ҷъалнӣ мина-т-
таввобина, ваҷъалнӣ мина-л-
мутатаҳҳирина.
- Худовандо, маро аз зумраи
тавбакорон бигардон ва аз зумраи
покизагонам бигардон.
-Субҳонака-л-лоҳумма ва
биҳамдика ашҳаду ан ло илоҳа
илло анта, астағфирука ва атубу
илайка.
- Худовандо, ту пок астӣ ва
ситоиш турост (, яъне Худовандо,
туро ба покӣ ёд мекунам ва
ситоишат мекунам). Гувоҳӣ
медиҳам, ки ҷуз ту маъбуде
шоистаи парастиш нест, аз ту
омурзиш мехоҳам ва ба сӯи ту
тавба мекунам.
ДУОИ АЗ ХОНА БАРОМАДАН.
-Бисми-л-лоҳи таваккалту ъала-л-
лоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата
илло би-л-лоҳи.
- Ба номи Аллоҳ, ба Аллоҳ супурд
кардам ҳеҷ тавоне (барои дурӣ аз
гуноҳ) ва ҳеҷ нерӯе (барои пойдорӣ
бар тоати Аллоҳ) нест, магар ба
хост ва кӯмаки Аллоҳ.
-Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан
азилла ав узалла ав азилла ав
узалла ав азлима ав узлама ав
аҷҳала ав юҷҳала ъалайя.
- Худовандо, ҳамоно ман ба ту
паноҳ мебарам аз ин ки гумроҳ
шавам ё гумроҳ карда шавам ё
билахшам ё лахшонида шавам ё
ситам кунам ё ситам карда шавам ё
нодонӣ варзаму озор диҳам ва ё
касе дар ҳаққи ман нодонӣ
намояду озорам диҳад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев