Худованд фармудааст:
إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ سورة لقمان:13
«Иннаш-ширка лазулмун азим».
«Албатта ширк бузургтарин зулм мебошад».
Сураи Луқмон, 13.
Гуноҳи бузург будани ширк дар он, ки инсон бе тавба вафот кунад, Худованд ӯро намебахшад.
Пас ширк чист? Он сарф кардани намуде аз намудҳои ибодат ба ғайри Худо мебошад, агарчӣ ба фариштаи муқарраб, авлиё, олим, обид, сардор, бут, оташ, дарахт, офтоб, маҳтоб, дирҳаму динор ва ё пайравӣ кардани нафс. Ба сабаби чизҳои дар боло зикршуда бисёре аз мардум ба Парвардигори хеш мушрик мегарданд. Пас касе, ки аз ғайри Худо ҳоҷат пурсад, аз ғайри (аз шахси ғоиб ё мурда) Ӯ (таъоло) ёрдам пурсад ва ё талаби мадад намояд, ки факат онро Аллоҳ метавонад ё эътиқод бар он кунад, ки ғайри Худо фоидаро ҷалб мекунаду зарарро дур месозад, ё ба касал шифо медиҳад, ғоибро ҳозир мекунад, дар ҳақиқат ба Худои пок аз шарик, ширк овардааст. Бо далели талаби шафоат ва ё васила ҷустан ин эътиқоди дар боло зикршударо низ иҷро карданаш раво набошад.
Зеро мушриконе, ки ғайри Худоро парастиш мекарданд, далели онҳо низ талаби шафоат ва василаю восита буд.
Чӣ тавре, ки Худои таъоло хабар медиҳад:
مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى سورة الزمر:3
«Ма наъбудуҳум илла лиюқаррибуна илаллоҳи зулфа».
«Барои он ибодат мекунем, то моро (бут, санг, маъбудони ботил) ба Худо наздик кунонанд».
Сураи аз-Зумар, 3.
Далели дигар:
وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَؤُلَاءِ شُفَعَاؤُنَا عِنْدَ اللَّهِ سورة يونس:18
«Ва яъбудуна мин дуниллаҳи мала язурруҳум ва ла янфаъуҳум ва яқулина ҳа улаи шуфаъуна индаллоҳ».
«Ғайр аз Худо он чизе, ки зарарро дур намекунад ва фоидаро ҷалб намекунад, ибодат мекунанд ва мегӯянд: Онҳо шафоаткунандаи моёнанд, дар назди Аллоҳ».
Сураи Юнус, 18.
Ва яке аз намудҳои ширк, ба ғайри Худо назру қурбонӣ кардан аст, ки иҷрои онро дар назди қабру мазори солеҳон мушоҳида карда мешавад. Қурбонӣ (хуни ҷонварро баровардан) хос барои Худованд мебошад. Далел бар ин фармудаи Худованд аст:
فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ سورة الكوثر:2
«Фасалли лироббика ванҳар».
«Пас хос барои Парвардигорат намоз гузор ва барои Ӯ қурбонӣ кун».
Сураи ал-Кавсар, 2.
Чӣ гунае, ки ба ғайри Худо саҷдаву намоз хондан ширк бошад, ҳамин тавр ба ғайри Худо қурбониву назр кардан низ ширк мебошад. Аз ин ҷост, ки Расули акрам саллаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд:
أَلاَ فَلاَ تَتَّخِذُوا الْقُبُورَ مَسَاجِدَ إِنِّى أَنْهَاكُمْ عَنْ ذَلِكَ
رواه مسلم
«Ала фала таттахизул қубура масаҷид. Иннӣ анҳокум ан залик».
«Огоҳ бошед! Қабрҳоро барои худ масҷид қарор надиҳед! Ба дурустӣ, ки ман шуморо аз он манъ мекунам».
Ривояти Имом Муслим.
Ширки асғар (хурд) ба мисоли ба ғайри Худо (пир, мазор, нон, дастархон…) қасам хӯрдан.
Паёмбар алайҳис салом фармудаанд:
سَمِعَ ابْنُ عُمَرَ رَجُلًا يَقُولُ وَالْكَعْبَةِ فَقَالَ لَا تَحْلِفْ بِغَيْرِ اللَّهِ فَإِنِّي سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ مَنْ حَلَفَ بِغَي ْرَكَ. صحيح رواه أحمد
«Самиъа ибну Умара раҷулан яқулу валкаъбатӣ. Фақола ла таҳлиф би ғайриллаҳи! Фаиннӣ самиъту расулаллоҳи саллаллоҳу алайҳи васаллама яқул: Ман ҳалафа би ғайриллаҳи фақад кафара ва ашрака».
Ибни Умар мардеро шунид, ки ба каъба қасам мехӯрд, пас барояш гуфт: «Ба ғайри Худо қасам махӯр, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи васалламро чунин шунидам: «Касе, ки ба ғайри Худо қасам хӯрад, дар ҳақиқат кофир шудааст ва ширк овардааст».
Ривояти Имом Аҳмад, саҳеҳ.
Риё низ аз ҷумлаи ширки асғар мебошад. Риё: амале, ки инсон дар иҷроаш таърифу мадҳи дигаронро талаб мекунад. Ба мисоли шахсе, ки таълим мегирад, то мардум ӯро олим гӯянд, хайрот мекунад, то мардум дасткушод гӯянд.
Паёмбар алайҳиссалом мефармоянд:
إِنَّ أَخْوَفَ مَا أَخَافُ عَلَيْكُمْ الشِّرْكُ الْأَصْغَرُ قَالُوا يَا رَسُولَ اللَّهِ وَمَا الشِّرْكُ الْأَصْغَرُ قَالَ الرِّيَاءُ صحيح رواه أحمد
«Инна ахвафу ма ахофу алайкум аш-ширкул асғар. Қолу я расулаллоҳ вама ширкул асғар ақола арриё».
«Сахттарин чизе, ки бароятон метарсам, он ширки асғар аст. Вақте ки аз маънои ширки
асғар суол карда шуданд, дар ҷавоб фармуданд: ширки асғар он риё аст».
Ривояти Имом Аҳмад, саҳеҳ.
Дар ҳадиси дигар чунин омадааст:
مَنْ عَلَّقَ تَمِيمَةً فَقَدْ أَشْرَكَ صحيح رواه أحمد
«Ман аллақа тамиматан фақад ашрака!.
«Касе тӯмореро овезад дар ҳақиқат (ба Худованд) ширк овардааст»
Саҳеҳ ривояти Аҳмад.
Тӯмор: ҳар чизе, ки ба қасди аз чашм нигаҳ доштан, пешравии кор ва ё ба нияти чизи дигар овехта шавад.
Тӯмор ду намудаст: яке аз оятҳо ва баъзе дуъоҳои маъсур аст ва дуввум аз кори фолбину сеҳргарон, ки аз мўй, нохун ва ҳарфҳо нофаҳмо мебошад. Намуди дуввум бо иттифоқи аҳли илм ҳаром аст. Аммо намуди тўмори яккум, ки аз оят ва дуъо иборат аст масъалаи байни аҳли илм ихтилоф мебошад, далели нодуруст буданаш пурқувваттар буда ва илова ба он ингуна тӯмор ба ширк роҳу сабаб мегардад. Масалан нафаре намуди яккуми тўморро кашол кунад, чун ба назари шахси дигар фарояд ӯ фарқ намекунонад, ки тӯмори кашолкардаи ӯ аз кадом намудаст ва ғолибан асланҳам тӯморо аҳли гумроҳгашта сару кор, ки доранд гумон мекунад, ки коркарди фолбен ё ҷодугаре ҳаст. Пас назди онҳо муроҷиъат мекунад то барояш тўморе баста диҳад, ки ба
гуноҳаш шахси сабаб шуда шерик мегардад. Пас ҳар намуди тӯморро кашол кардан гуноҳ мебошад).
Ширки акбар соҳибашро (агар аз дунё бе тавба равад) дар дӯзах абадӣ боқӣ мегузорад.
Чӣ тавре, ки Худои бузург хабар медиҳад:
إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِه سورة النساء:116
«Инналоҳа ла яғфиру ай юшрака биҳи».
«Ба Аллоҳ ширк оварда шавад, албатта онро намебахшад».
Сураи ан-Нисо, 116.
Аммо ширки асғар бошад, роҳест, ки инсонро ба ширки акбар мерасонад.
Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худо аз ӯ розӣ бод) гуфтаанд:
«Ба ман бардурӯғ ба Худованд қасам хӯрдан беҳтар аст аз он, ки ба ғайри Худо ба ростӣ қасам хӯрам». Дар ин ҷо бузургии гуноҳи ба ғайри Худо қасам хӯрданро мефаҳмонанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев