Вақте, ки пир мешавем сурати зебо ба сирати зебо мепайвандад.
******
Дил дар орзуи ончи дастрасӣ бадон мутасаввир нест набояд баст, аз онки мояи ранҷи тан ва балои ҷон аст.
******
Аз бузургон танҳо ранҷҳост, ки боқӣ мемонад.
******
Инсон ҳамчун рудхона аст, ҳарчи амиқтар бошад оромтар ва мутавозеътар аст.
******
Аз ин мусибати гаронтар нест, ки аблаҳон доноёнро ба фурeтанӣ бихонанд.
******
Танҳо қонуне, ки метавонад ба саодати мо ҳоким бошад, қонуни ахлоқ ва усулу мувозинати инсоният аст.
******
Некбахттарини мардум касе аст, ки кирдор ба саховат биорояд ва гуфтор ба ростӣ.
*******
Шукуҳи зиндагӣ дар дониш нест, балки дар кирдор аст.
*******
Дунё ба талош подош медиҳад, на ба баҳона.
*******
Вақте касеро бо ангушт нишон медиҳӣ, бояд бидонӣ, ки се ангушти дигар ба сӯи худат ишора дорад
*******
Мо наметавонем бодҳоро ҳидоят кунем аммо метавонем бодбонҳои худро танзим намоем.
*******
Касоне, ки наметавонанд аз даромади ками худ пасандоз кунанд, бо даромади зиёд низ қодир ба пасандоз нахоҳанд буд.
******
То хам нашавед касе наметавонад саворатон шавад.
*******
Касе, ки кори нек бикорад, суд ва сармояи зиёд дарав мекунад, ва касе, ки кори бад бикорад, пушаймонӣ дарав мекунад.
*******
Касе, ки ба ободонӣ мекушад, ҷаҳон аз ӯ ба некӣ ёд мекунад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев