васияти
Имом ба писар Албата инҷо имом, имоми
Аъзам Абуҳанифа ва
фарзандаш Ҳамод ибни
Абуҳанифа аст, ки ба ў
мегуяд: Фарзандам! Худованд туро ба роҳи рост
ҳидоят ва таъйид кунад,
мехостам туро бо чанд
васияте огоҳ кунам, ки агар
онҳоро ба ёд дошта боши ва
дар амал пиёда сози умедворам, ки иншоаллоҳ
хушбахтии дунё ва охиратро
ҳосил хоҳи кард. Аввал: аввалини он тақвост,
ки узвҳои худро ба хотири
тарс аз Худо аз гуноҳон нигоҳ
дори, дустур ва фармудаҳои
парвардигоратро дар
бандагии Ў ҳамеша ба ҷой овари. Дуввум: ончиро эҳсос карди
ки ба донистан ва хондани он
ниёз дори бештар худро дар
ҷаҳл ва нодони магзор ва
ҳарчи тезтар онро биёмуз. Сеюм: касеки дар умури дин
ва дунё ба вай ниёз надори
бо ў шиштухез накун. Чорум: ҳақеки дигарон бар
зиммаи ту доранд мунсифона
адояш кун, ва агар ту бар
зиммаи дигарон ҳақе дошти
ҳаргиз барои худат толиби
инсоф нашав, магар инки зарурате бошад. Панҷум: ҳеҷгоҳ бо мусалмон ё
зиммӣ душманӣ накун. Шашум: бар ончи ки
Худованд аз моли дунё,
мақом ва мартаба ба ту
инноят карда аст қаноат кун. Ҳафтум: ончи дар даст дори
бо тадбир масрафаш кун, то
ҳамеша аз мардум бениёз
боши. Ҳаштум: Худатро дар чашми
дигарон беарзиш нагардон. Нуҳум: Аз мудохилат дар
корҳои пуч ва бе маъно
худатро боз дор. Даҳум: Дар вақти бархурд бо
мардум дар салом додан
пешдастиро ихтиёр кун. Чун
сухане гуфти неку бигу, бо
мардуми хуб дўстӣ ва
муҳаббат пеша кун ва бо бадон мадоро дошта бош. Ёздаҳум: зикри Худоро
бештар кун, бар Паёмбари
Худо ҳарчи метавони дуруд
ва саломи бештар бифирст. Дувоздаҳум: То метавони бо
сайидул истиғфор машғул
бош, ки иборат аст аз ин
иршоди Паёмбари Худо: "ﻲﻨﺘﻘﻠﺧ ﺖﻧﺃ ﻻﺇ ﻪﻟﺇ ﻻ ﻲﺑﺭ ﺖﻧﺃ ﻢﻬﻠﻟﺃ ﻙﺪﻋﻭ ﻭ ﻙﺪﻬﻋ ﻰﻠﻋ ﺎﻧﺃ ﻭ ﻙﺪﺒﻋ ﺎﻧﺃ ﻭ
ﺎﻣ ﺮﺷ ﻦﻣ ﻚﺑ ﺫﻮﻋﺃ ﺖﻌﻄﺘﺳﺍ ﺎﻣ
ﺀﻮﺑﺃ ﻭ ﻲﻠﻋ ﻚﺘﻤﻌﻨﺑ ﻚﻟ ﺀﻮﺑﺃ ،ﺖﻌﻨﺻ
ﺏﻮﻧﺬﻟﺍ ﺮﻔﻐﻳ ﻻ ﻪﻧﺈﻓ ﻲﻟﺮﻔﻏﺎﻓ ﻲﺒﻧﺬﺑ
ﺖﻧﺃ ﻻﺇ" «Боро илоҳо! Ту
парвардигори мани, ғайр аз
ту маъбуди барҳақе нест, ту
маро офаридаи, ман бандаи
ту ҳастам ва бар аҳдеки бо ту
бастаам то битавонам пойдорам. Аз шари аъмоли
бади худ ба ту паноҳ меҷуям,
бар ончи бар ман бахшида ва
эҳсон кардаи муътарифам ва
ба гуноҳони худ эътироф
дорам пас маро биёмурз, ки ғайр аз ту касе нест, ки
гуноҳонро биёмурзад». Касеки ин дуоро шаб бихонад
ва дар он шаб бимирад
дохили биҳишт мешавад ва
касеки онро субҳ бихонад ва
дар он рўз бимирад ба
биҳишт медарояд. Аз ҳазрати Абудардо (р)
ривоят аст, ки вақте ба ў гуфта
шуд хонаат оташ гирифт
фармуд: оташ намегирад,
зеро ман калимоте аз
Паёмбари Худо шунидаам, ки ҳар кас онҳоро дар аввали
субҳ бихонад то шаб ҳеҷ
мусибате ба ў намерасад ва
касеки онҳоро дар аввали
шаб бихонад то субҳ ҳеҷ
мусибате ба ў намерасад, ва он калимот чунин аст: "ﻚﻴﻠﻋ ﺖﻧﺃ ﻻﺇ ﻪﻟﺇ ﻻ ﻲﺑﺭ ﺖﻧﺃ ﻢﻬﻠﻟﺃ ﺎﻣ ﻢﻴﻈﻌﻟﺍ ﺵﺮﻌﻟﺍ ﺏﺭ ﺖﻧﺃ ﻭ ﺖﻠﻛﻮﺗ
ﻻ ﻦﻜﻳ ﻢﻟ ﺄﺸﻳ ﻢﻟ ﺎﻣ ﻭ ﻥﺎﻛ ﻪﻠﻟﺍ ﺀﺎﺷ
ﻢﻠﻋﺃ ﻢﻴﻈﻌﻟﺍ ﻪﻠﻟﺎﺑ ﻻﺇ ﺓﻮﻗ ﻻﻭ ﻝﻮﺣ
ﻪﻠﻟﺍ ﻥﺃ ﻭ ﺮﻳﺪﻗ ﺊﺷ ﻞﻛ ﻰﻠﻋ ﻪﻠﻟﺍ ﻥﺃ
ﻲﻧﺇ ﻢﻬﻠﻟﺃ ؛ﺎﻤﻠﻋ ﺊﻴﺷ ﻞﻜﺑ ﻁﺎﺣﺃ ﺪﻗ
ﻞﻛ ﺮﺷ ﻦﻣ ﻭ ﻲﺴﻔﻧ ﺮﺷ ﻦﻣ ﻚﺑ ﺫﻮﻋﺃ ﺬﺧﺁ ﺖﻧﺃ ﺔﺑﺍﺩ ﻞﻛ ﺮﺷ ﻦﻣ ﻭ ﺮﺷ ﻱﺫ
ﻁﺍﺮﺻ ﻰﻠﻋ ﻲﺑﺭ ﻥﺍ ﺎﻬﺘﻴﺻﺎﻨﺑ
ﻢﻴﻘﺘﺴﻣ" «Худоё! Ту парвардигори
мани, ғайр аз ту маъбуди
дигаре нест, тавакалам бар
туст ва ту парвардигори арши
азим ҳасти, ончи Худо
бихоҳад ҳамон ҳамон хоҳад шуд, ва то Худо нахоҳад ҳеҷ
коре анҷом нахоҳад гирифт,
ғайр аз Худои бузург ва
бартар ҳеҷ неруе нест, ки
инсонро аз маъсият боз дорад
ва ба некӣ водор намояд, яқин медонам, ки Худованд
ба ҳама чиз тавоност ва инки
илми парвардигор бар ҳама
чиз муҳит аст. Худоё! Аз шари
нафсам ва аз шари ҳар
соҳиби шаре ва аз шари ҳар махлуқе ки ту ихтиёрашро
дори ба ту паноҳ меҷуям, ба
рости ки парвардигорам бар
сироти мустақим аст». Сездаҳум: Ҳар рўз бар қироат
кардани қуръон мувозибат
намои ва савоби онро ба
Паёмбари Худо, падар ва
модар ва устодонат ва ҳамаи
мусалмонон ҳадя куни. Чордаҳум: Аз дўстонат бештар
аз душманонат дар ҳазар
бош, чунки фасод дар миёни
мардум густариш ёфтааст чи
басо мумкин аст дўстат ба
душман мубадал гардад. Понздаҳум: Розҳои худро
пинҳон бидор, касеро бар
пул, ва барномаи корӣ ва
ҷоеки қасди рафтан ба онҷо
дори огаҳ насоз. Шонздаҳум: Бо ҳамсояҳо
хушрафторӣ ва бар озор ва
азияти онон сабр кун. Ҳабдаҳум: Мазҳаби аҳли
суннат ва ҷамоатро ҳамвора
ба худ лозим дор ва аз
ҷоҳилон ва гумроҳон
бипарҳез. Ҳаждаҳум: Дар ҳама корҳоят
нияти худро холис гардон ва
дар ҳар сурат кушиш кун, ки
ҳалол бихури. Нуздаҳум: Ба панҷ ҳадисе ки
аз миёни панҷсад ҳазор
ҳадис интихоб кардаам амал
кун: 1- «Ҳар коре вобаста ба ният
аст, ва подоши ҳар шахсе
мутобиқи нияти он хоҳад
буд....» 2- «Аз нишонаҳои диндории
як марди мусалмон ин аст, ки
корҳои ло яънӣ ва
бефоидаро тарк кунад». 3- «Ҳеҷ яке аз шумо
мусалмони комил намешавад
то инки ончиро барои худаш
дўст медорад барои
бародараш дўст дошта
бошад» 4- «Ҳалол ва ҳаром ошкор
аст ва дар миёни он ду
чизҳои зиёде муштабиҳ аст,
ки бисёре аз мардум онро
намедонанд, пас касеки аз
шубуҳот парҳез кунад дин ва обурўяшро нигоҳ дошта аст
ва касеки дар шубуҳот
бияфтад дар ҳаром афтода
аст, монанди чупонеки
рамаашро дар атрофи
киштзор мечаронад ва наздик аст, ки ба киштзор
дохил хоҳад шуд. Сипас
фармуданд: огоҳ бошед! Ҳар
подшоҳ ҳудуде дорад, огоҳ
бошед, ки ҳудуди Худованд
ҳамон чизҳое аст, ки иртикоби онҳоро бар
бандагонаш ҳаром карда аст.
Огоҳ бошед! Дар тани одам
тикае аз гўште аст, ки агар
ислоҳ шавад тамоми ҷасад
ислоҳ мешавад ва агар он фосид гардад тамоми ҷисм
фосид мегардад, огоҳ бошед,
ки он қалб аст». 5- «Мусалмони комил касе
аст, ки мусалмонони дигар аз
дасти ва забонаш солим
бимонанд». Бистум: То дамеки солим
ҳасти дар миёни тарс ва умед
қарор дошта бош, ва бо
умеди нек ба Худо, ва
ғалабаи умед ва бо қалби
солим бимир, ки Худованд бахшанда ва меҳрубон аст
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев