Шахсеро, ки илм ва дониш ўро аз
муҳаррамоти (он чизҳое, ки
шариъат онро ҳаром ҳукм
кардааст) Худовандй боз надорад
ва аз гуноҳон дур накунад, аз
чумлаи хосирон аст. 2.Ҳангоме, ки ҳадиси саҳеҳ бошад, пас он
мазҳаби ман аст. 3.Ҳар касе, ки
далили манро намедонад бар ў
ҳаром аст, ки ба раъйи ман фатво
диҳад. 4.Ҳар касе, ки илмро ба
хотири дунё меомўзад, аз баракоти илм маҳрум мешавад ва ҳар касе,
ки илмро ба хотири Худо меомўзад,
дар илмаш баракат дода мешавад.
Ва дар қалбаш чой мегирад ва
афроди зиёде аз он истифода
хоҳанд кард. 5.Ҳар кас, ки мехоҳад аз одоби охират наҷот ёбад аз
сахтиҳои дунё набояд битарсад.
6.Инсон бояд ҳамеша нафсашро
муҳофизат кунад ва дурўғ нагўяд.
7.Ҳеч гоҳ дар корҳоятон чи дунёй
бошад ва ё ғайри дунёй бепарво мебошед, зеро Худованд аз ҳама
чиз аз шумо хоҳад пурсид. 8.Бар
тиловати Қуръон мудовамат
намоед. 9.Маргро пайваста ба ёд
биёр ва барои устодон ва касоне, ки
аз онҳо илм омўхтай талаби омурзиш кун. 10.Қабристонҳо ва
маконҳои муқаддасро зиёрат кун
ва ба мулоқоти уламо ва машоих
бештар бирав. 11.Агар касе аз ту
машварат хост, ба ў машварат
бидеҳ. (албатта дар корҳои нек). 12.Аз бухл бипарҳез, ки инсонро
расво мекунад. 13.Ҳиммати баланд
дошта бош, чун касе, ки ҳимматаш
заиф (суст) бошад, қадру
манзалаташ кам мегардад. 14.Ҳеч
гоҳ бо мусалмон ё зиммй душманй макун. 15.Зикри Худоро бештар кун
ва дуруду салом ба Пайғамбар (с)
бештар бифирист. 16.Бар он чизе,
ки Худованд (ч) аз моли дунё ва
мартаба ба ту иноят карда аст,
қаноат кун. 17. Ҳамеша бо мардум сухани нек бигў, дўст ва муҳаббати
хуб пеша кун ва бо бадон мадоро
дошта бош. 18.Аз хандидани бисёр
бипарҳез, ки дилро мемиронад. Ва
дар корҳоят саросема мабош. 19.Бо
шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гўё ҳар яке аз
онҳоро фарзандони худат медонй
зеро ин кор рағбат ва алоқаи
онҳоро ба илм бештар хоҳад кард.
20.Пайваста тақво пеша кун ва
амонатро ба соҳибаш баргардон. 21.Барои ҳамаи мардум хоссу ом
хайрхоҳ бош, мардумро ҳақир
машумор ва бо онҳо ҳатман
эҳтиром бигузор, ва он чизе, ки дар
даст дорй, бо ҳусни тадбир масраф
кун то аз мардум бениёз бошй. 22.Дар бозор ва масчид чизе махур,
магар шахсе, ки муътакиф ё
мусофир. 23.Роҳе, ки меравй ба ин
тарафу он тараф бештар нигоҳ
макун. 24.Ба бозор бисёр марав.
25.Он чиро, ки ба донистан ва омухтани он эҳтиёч дорй , худро
дар чаҳлу нодонй нагузор ва ҳарчй
зудтар онро биёмўз. 26.Бо ҳамсояат
хушрафторй намо ва бар озор ва
азияти он сабр кун. 27.Дар тамоми
корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кушиш кун, ки ҳалол
бихурй ва ҳалол бипўшй. 28.Агар
шахси омй ва бозор бо ту мубоҳиса
ва мунозира кард, бо вай мубоҳиса
макун, ки обрўи туро мебарад.
29.Кушиш кун, ки дар ибодат аз дигарон пешқадам бошй. 30. Ҳар
гоҳе, ки ҳарф мезанй, чеғ мазан ва
садоятро баланд макун. 31. Дар
пеши мардум бештар ба зикри
Худо машѓул бош, то, ки дигарон аз
ту биёмўзанд. 32. Бо ҳавопарастон нишаст ва бархост макун, магар ин,
ки хоста бошй, ки онҳоро ба суи
дин ва роҳи рост даъват кунй. 33. Аз
лаънат фиристодан ва дашном
додан парҳез кун ва ҳамеша
сухани рост бигўй. 34. Ҳамин, ки муаззин азон гуфт, барои адои
намоз омода шав. 35. Дар
мачлисҳои илмй аз хашму ғазаб
кор магир. Имом Абўҳанифа (р) ин васиятҳоро
на танҳо ба шогирдону фарзандаш,
балки ба ҳамаи пайравони
мазҳабаш ва умуман уммати ислом
тааллуқ дорад. Ҳамаи ин васиятҳо
мазмуни оёти Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) мебошанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев