Дустон аклу хуш кунед,
Киссаи туй гуш кунед.
Сахари хеста аз хоб,
Рафтем ба туи Сухроб.
Сурудхо ранг ба ранг шуд,
Кайфи Рашид таранг шуд.
Аз пой зани ба сахна,
Сахна ба мисли санг шуд.
Бечораи Рашидро ,
Даму нафасаш танг шуд.
Ана дустон ба сахна ,
Одами нав баромад.
Чумбонда ишками худ,
Хочи Хусрав баромад.
Аз микрофони Махбуб,
Суруди "хандалак"шуд.
Хочи Наим дар сахна,
Ларзону печалак шуд.
Парронда кошу мичгон,
Бунёд ба ракс даромад.
Токат накарда домод,
Байни сахна баромад.
Хаво каме тира шуд,
Ё чашми ман хира шуд?
Тавба кардам худоё,
Бубинед Бахтиёрро.
Бо костюми "тринка"
Мераксад у лезгинка.
Дасташро карда боло,
Мисли чечену догхо.
Китфашро меларзонад,
Туйро у метасфонад.
Ё пирам гафс-ул аъзам,
Ана Бобои Аъзам.
Мепечад у мисли мор,
Маст бошад ёки хушёр?
Дар як су бози кунед,
Сахнаро холи кунед.
Ана омад бо викор,
Бобошокири танцор.
Ба кавли ворухихо,
Сахнаи мо "куйна" шуд.
Дар назди Бобошокир,
Майкл Джексон ху@на шуд.
Акнун бигуед дустон,
Ки буд,ки зеби сахна?
Зеби сахна азизон,
Албатта буд Рашидчон.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев