🔹 Мавзӯъ: Фарозе аз номаи он ҳазрат дар бораи зарурати меъёри шинохт ва камоли он
«...Оё касе тиллои аслро аз бадал намешиносад ба маҳаки мизоне ниёз надорад то бо он бисанҷанд?! Ё касе ки роҳро аз бероҳа тамйиз намедиҳад ба роҳнамои роҳшиносе ниёз надорад то роҳро нишонаш диҳад?! Ё касе ки дар макони торикӣ гирифтор аст ба шамъи фурузоне ниёз надорад то пиромунашро рӯшан намояд?! Ё касе ки чашми худро аз даст додааст ба ҳамроҳи биное ниёз надорад то дасти ӯро бигирад?! Ё касе ки дар ҳоли ғарқ шудан аст ба дастовези устуворе ниёз надорад то ба он чанг бизанад?! Ё ҳеҷ оқиле бидуни қойиқ ба дарё мезанад?! Ё ҳеҷ кӯре бидуни ҳамро ба сафар меравад?! Ба ҳамин сон, касе ки ҳақро аз ботил намешиносад ба меъёре ниёз дорад то бо он бисанҷад ва касе ки ҳидоятро аз гумроҳӣ тамйиз намедиҳад ба роҳнамое ниёз дорад то ҳидоятро нишонаш диҳад ва касе ки дар торикии шубаҳот гирифтор аст ба шамъе ниёз дорад то барояш рӯшан намояд ва касе ки ба дуруст ва ғалат бино нест ба ҳамроҳе ниёз дорад то дасти ӯро бигирад ва касе ки дар дарёи ҷаҳл ғарқ мешавад ба дастовезе ниёз дорад то ба он биёвезад. Бидуни меъёр, шинохтан ва бидуни роҳнамо, роҳ ёфтан ва бидуни рӯшаноӣ, дидан ва бидуни ҳамроҳ, сафари кӯр ва бидуни дастовез, наҷот ва бидуни қойиқ, дарёнавардӣ мумкин нест...». ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1361/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев