Ахбори рӯз, Интихобот, Матолиби рӯз
Ситоди интихоботии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор тибқи қонун ва дастуруламали интихоботӣ рӯйхати нозирони интихоботии ҲНИТ-ро ба участкаҳои ноҳияи мазкур пешниҳод намудааст. Аммо бо дастури раиси ҷамоатҳои Ҳисор, раиси маҳаллаи Кончӣ, раиси ҷамоати Алмосӣ ва раиси маҳаллаи Тутака нозирони ҲНИТ-ро мавриди фишор ва таҳдид қарор дода, ба онҳо гуфтаанд, ки шумо набояд аз тарафи ҲНИТ назорати интихоботро бар ӯҳда гиред. Аз ин рӯ, ситоди бахши ҳизб дар ноҳия ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ мактуби шикоятӣ ирсол намудааст.
Муҳаммаднабӣ Бердиев, номзад ба вакили МН МО ҶТмегӯяд, хатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Шӯроби ҷамоати Сомони ноҳияи Ҳисор, баъди адои намоз ба намозхонҳои масҷиди мазкур муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки даринтихобот ба ҲНИТ овоз надиҳед, зеро агар ин корро кунед, масҷид аз ҷониби мақомот баста хоҳад шуд.
Илова бар ин гуфта мешавад,Буриев Илҳом, раиси ҳавзаи марказии маҳаллии ноҳияи Ҳисор аз масъулони ҲНИТ талаб кардааст,то барои дарёфти шаҳодатномаи нозирии интихобот, ҳар як нозир худаш ба ҳавза муроҷиат карда, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият шаҳодатномаи нозириро дарёфт намоянд, ки ин ҳам яке аз роҳҳои фишор ба нозирони ҲНИТ аст.
Аз ин лиҳоз, Ситоди ҳизб дар ноҳияи Ҳисор аз масъулини КМИР хоҳиш кардааст, то бо дидани чораи фаврӣ пеши роҳи қонуншиканиҳои мазкурро гиранд, зеро ин амалҳо сӯистифода аз мансаб буда, хилофи баргузории интихоботи озод ва шаффоф мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев