added yesterday at 16:22
- Like3
added January 25 at 17:08
Читатель из Канады о книгах Садриддина Айни
Друзья, хочу рассказать вам , какое интересное событие со мной произошло. Когда мне было 9 лет, у меня была книга, которая произвела на меня сильнейшее впечатление. С переездом в другой город, книга потерялась и имя автора с годами забылось, но саму книгу я помнил всегда. Я все эти годы пытался вспомнить имя автора, искал среди советских писателей Узбекистана, так как многие рассказы описывали эту страну, но всё безуспешно. Я теперь живу в Канаде и как-то недавно, снова думая об этой книге, вообще сердце почти до слёз защемило..., что неужели я никогда в жизни не смогу снова прочитать её. ... И тут!!!! В этот же день! Вообще случайно прочитал комментарий на Ютюбе и вижу имя: САДРИДДИН АЙНИ! !!! Меня как молния ударила! Я сразу всё вспомнил из далёкого детства! Не знаю как это возможно, но тут просто какая-то мистика или чудо! Я нашёл в интернете полное собрание его сочинений и вот жду ,когда из Москвы прилетят эти драгоценные книги!
SOCIOPAT 1-01-2017
Садриддин Айнӣ
http://sadriddinaini.blogspot.ru/

8 Comments
31 Shares
106 likes
- Like3
added January 21 at 12:08
“ТОҶИКОН” (НАРХИ ЯК КИТОБ ДАР МАСКАВ БА 500 $ РАСИД)
Бобоҷон Ғафуров тамоми умри худро ба таърихи Шарқ ва миллати тоҷик бахшидааст. Китоби “Тоҷикон” ҳуҷҷати расмии тоҷикон буда, муаррифгари ин миллат дар ҷаҳон мебошад. Он имрӯз китоби рӯимизии ҳар як тоҷику ҳар як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст.Ман барои исботи ин фикрам як мисоли мушаххас меорам. Солҳои 1990 - 2014 дар Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Китоби“Таджики” (“Тоҷикон”) ҳамсафарам буд. Иттифоқе афтод, ки дар Маскав ба хонаи сармуҳаррири рӯзномаи “Красноармейская звезда” Маргарита Полунова ба кор равам. Чун ба кор сар кардам, ӯ бегоҳирӯзӣ маро ба наздаш даъват карда гуфт,ки ту аз кадом миллат ҳастӣ, чӣ гуна маълумот дорӣ. Ман ба ӯ гуфтам, ки тоҷикаму омӯзгорам ва китоби “Таджики”- ро аз борхалтаам гирифта, ба ӯ дароз кардам. Яъне, ман бо миллатам ва шахсияти бузурги он аллома Бобоҷон Ғафуров ифтихор доштанамро бо ин амал собит карданӣ шудам. Ӯ китобро бо шодӣ варақ зада истода буд, ки шавҳараш даромада омад ва китобро аз дасти ҳамсараш гирифта гуфт, ки ман тоҷикон ва муаллифи ин китобро медонам. Инчунин, изҳор дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов аз фанни таърих дарс медиҳад ва метавонад аз рӯи ин китоб силсилаи лексияҳоро оид ба тоҷикон мураттаб намояд. Ман баъдтар фаҳмидам, ки ӯ Александр Алексеев буда, чанде пеш доктори илмҳои таърих шудааст. Бо шодӣ китобро варақ зада, ба ман гуфт, ки барои ин китоб чанд рубл диҳам. Гуфтам, ки ин китобро намефурӯшам. Ҳамсараш низ аз ман хоҳиш намуд, ки китобро бифурӯшам. Хулоса, ӯ аз ҷайбаш 500$ амрикоиро бароварда ба ман дод ва соҳиби китоби “Таджики” шуд.
Ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ҳақиқатан ҳам ибратомӯз аст. Ду - се сол пас аз нашр шудани китоби “Тоҷикон” дар атрофи он ҳар гуна суханҳо пайдо шуд. Ҳатто баъзе аз олимон мегуфтанд, ки ӯ чаро номи китобашро “Тоҷикон” гузоштааст. Яъне, тобиши миллатгароӣ додан мехостанд. Дар охири ин набардҳо Бобоҷон Ғафуров ғолиб омада ва соҳиби обрую иззати зиёде дар тамоми ҷаҳон гашт. Дар тақризҳои академикҳои рус П.Огородников, М.Массон, А. Рибаков ва дигарон дар маҷаллаи “Вопросы истории”ҳақиқату мавқеъ ва натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталии ин муҳаққиқи оламшумул исбот гардид.
Дар даврони роҳбарии ӯ Тоҷикистон ба зинаҳои навтарини тараққиёт баромад. Чанд муддат чун сафир ҳам хизмат кардааст.Қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйинаш намуданд. Ӯ даҳҳо нафар шогирдонеро парварид, ки имрӯзҳо машъалбардори илми таърих мебошанд. Ба гуфтаи шоири покистонӣ Файз Аҳмади Файз, Бобоҷон Ғафуров бузургтарин фарзанди Машриқзамин буд.
Ҳамин тавр, солҳо мегузаранд, вале хизматҳои ин фарзанди фарзонаи тоҷик дар ёдҳо мемонад. Китоби “Тоҷикон”, барҳақ, шиносномаи миллати тоҷик барои ҷаҳониён аст.
Китоби “Тоҷикон” ин ҳуҷҷати расмии ҳар тоҷик,
Нишон аз олиму алломаи тоҷиктаборон буд.
Хабар овардааст аз он куҳанбунёдии тоҷик,
Сафири шодию ғамҳои он равшанзамирон буд.
Чунин инсони комил андар ин офоқ кампайдост,
Яке донандаву ҳам ахтаре дар илму ирфон буд.
Ҷаҳон то ҳаст, ӯ як қаҳрамони миллати мо аст,
Ватандору ватансозе барои Тоҷикистон буд.
Бобоҷон НУРЗОД, омӯзгор, ноҳияи Айнӣ
Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон. - Хуҷанд: Хуросон,
2019, - 254 саҳ. Хуҷанд - 2019
Ҳабиб Саид - Вопасин тоҷик аз сайёраи "Эҳёи маҳвгаштагон" - ПДФ
https://drive.google.com/file/d/1hSvj7C0aRF0MkIjLNAAGhioJereG1IJL/view?usp=sharing

0 Comments
9 Shares
26 likes
- Like3
added January 17 at 12:14
...Устод Айнӣ баробари шунидани ин суханони(Сталин) якбора ба ваҷд омада, дасти росташонро баланд бардошта, бо шиддат ба рӯи зонуашон зада, гуфтанд: «Оҳ, шарқшиносон мурданд!»...
Раҳимӣ – мутарҷими устод Айнӣ
Шоири маъруф Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз шогирдон ва дӯстони бисёр наздики устод Айнӣ буданд. Дар сафарҳои Маскав устодро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар зарурат вазифаи мутарҷимиро низ ба ҷо меоварданд. Баъзан ҳангоми болидагии табъашон аз суҳбату вохӯриҳояшон бо устод Айнӣ лаҳзаҳои ҷолибро нақл намуда, худашон низ ба завқ меомаданд.
- Соли 1941, дар моҳи апрел, - нақл мекарданд Раҳимӣ, - бори аввал дар Маскав Даҳаи санъати тоҷик барпо гашт. Аз ҳунари волои санъаткорони тоҷик толорҳои Маскав ба ҷӯшу хурӯш омада буданд. Қариб тамоми роҳбарони мамлакат барномаҳоро тамошо мекарданд. Сталин аз бозии Муҳаммадҷон Қосимов дар нақши Отелло ба ваҷд омада буд. Мегӯянд, ки баъди гузашти чандин сол ҳангоми мулоқот бо Бобоҷон Ғафуров – Сталин пурсидааст: «Оё Муҳаммадҷон Қосимов ҳанӯз дар вақти ба ҳалокат расонидани Дездемона ашк мерезад?».
Дар хотимаи Даҳаи санъат дар Кремл ба ифтихори аҳли ҳунари тоҷик зиёфати ҳукуматӣ барпо мегардад. Раҳимӣ дар сари як миз дар паҳлуи устод Айнӣ нишаста, мухтасари баъзе баромадҳоро ба он кас мефаҳмониданд.
- Вақте Сталин ба сухан баромад, - гуфтанд Раҳимӣ, - таваҷҷуҳи ҳама ба сӯи ӯ нигаронида шуд ва аҳли зиёфат дар интизори он буданд, ки вай дар ҳаққи тоҷикон чӣ сухане хоҳад гуфт. Сталин бо оромӣ ва бо виқори ба худ хос гӯё суханҳоро чида – чида интихоб карда, тоҷиконро чун халқи қадимтарин ва дорои тамаддуни ба худ хос васфу ситоиш намуд. Вай бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки тоҷикон аз ҷавҳари даҳо ва хиради хеш нобиғаеро чун Фирдавсӣ ба дунё овардаанд. Устод Айнӣ баробари шунидани ин суханон якбора ба ваҷд омада, дасти росташонро баланд бардошта, бо шиддат ба рӯи зонуашон зада, гуфтанд: «Оҳ, шарқшиносон мурданд!».
Дар паси ин суханони устод беадолатиҳо ва дағалона поймол намудани ҳуқуқи халқи тоҷик ба забон ва адабиёти худ ниҳон буд. Зеро он замон шарқшиносони Маскаву Ленинград ва пайравони онҳо бо ҳадафҳои муғризонаву бадқасдона адабиёти классикии тоҷику форсро аз рӯи ҳудудҳои ҷуғрофӣ тақсимбандӣ намуда, тоҷиконро аз суханварони тавонояшон, ки дар сарзаминҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд, мехостанд ба куллӣ маҳрум намоянд. Яъне, аз паси сари тоҷикон адабиёт ва сухансароёни бузурги онҳоро ба савдо гузошта буданд. Дар он даврони пурмоҷаро ва ҳокимияти идеологияи мутлақ танҳо устод Айнӣ буданд, ки бо ҷасорати ба худ хос аз мероси адабии тоҷикон далеронаву қотеона дифоъ мекарданд. Аз ин рӯ, баҳои баланди ба Фирдавсӣ додашуда чун шоири миллии тоҷикон устод Айниро ба ваҷд наоварда наметавонист. Бинобар он устод бо як шодмонии ногаҳонӣ ва ифтихормандӣ ҷӯшу ҳурӯши дили худро бидуни ихтиёр баён доштаанд. Дар баробари ин ба ҳаққонияти талошу муборизаҳои худ боварии комил пайдо карда буданд.
- Вақте, – гуфтанд Раҳимӣ, - устод Айнӣ даст ба зону заданд, дарҳол шахси ҷиддисимо ва қоматбаланде ҳозир шуда, пурсид:
- Дар ин ҷо чӣ гап? Сабаб чӣ буд, ки мӯйсафед даст ба зону зад? Магар суханони доҳӣ ба ӯ писанд наомад?
Раҳимӣ бадоҳатан чунин ҷавоб медиҳанд:
- Баракс, мӯйсафед чунон хурсанд шуданд, ки аз ҳаяҷони зиёд даст ба зону задаанд. Бубинед ҳатто чашмонашон аз шодмонӣ барқ мезанад.
- Мебинам, офарин, ба мӯйсафеди доно! – гуфта он шахс пас гашта меравад.
Дар рӯзҳои баргузории Даҳаи адабиёти тоҷик дар тирамоҳи соли 1949 низ Раҳимӣ ҳамеша дар паҳлуи устод Айнӣ қарор доштанд. Дар даҳа 30 нафар адибони тоҷик иштирок менамоянд ва дар баррасии асарҳои онҳо 45 нафар намояндагони адабиёти рус ширкат мекунанд. Дар қасри адибони Маскав шаби адабии устод Айнӣ бо ширкати нависандагони рус Симонов, Федин, Фадеев, Леонов барпо мегардад. Устод Айнӣ аз таваҷҷуҳи зиёде, ки нисбаташон зоҳир мешуд, бисёр хурсанд ва рӯҳбаланд буданд.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ, Ҷумҳурият

7 Shares
5 likes
- Like0
added January 14 at 08:19
Раҳими Мусулмониён(1938 - 2016)
...Профессор Сатторзода, ки ҳамкасбаш Мусулмониёнро дар муҳоҷират ҳам аёдат мекард, мегӯяд: "Чанд соле, ки дар Эрон буданд, хеле корҳои арзишмандеро дар муаррифии адабиёти Мовароуннаҳр, бахусус адабиёти тоҷик, назму насри гузаштаву имрӯзаи тоҷик анҷом доданд. Хеле корҳоеро ба сомон расонданд ва рисолаву китобҳоеро ба дасти чоп доданд, ки бо сабабҳои гуногун на ҳама дар дохили кишвар аз он хабар доранд. Ба мисли "Забон ва адаби форсӣ дар Фароруд" (соли 1997), "Ситораҳои Помир" (соли 2004), "Форсиву дарӣ" (соли 2004), "Тоҷикон дар таърих" (соли 2004), китоби шеърҳои устодон Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, романи Кароматулло Мирзо "Дар орзуи падар" ва ғайра"...
Раҳими Мусулмониён: олиме, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод
Ду сол пеш хабари фавти устоди шодравон Раҳими Мусалмониён маро дар як поси шаб дарёфт. Замоне буд, ки баъди фароғат аз ташвишҳои рӯзгор мехостам каме истироҳат кунам. Ва як занги телефонӣ ҳаввосамро парешон кард: устод Раҳими Мусалмониён даргузаштанд.
Ин паёми кутоҳ бас буд, ки дар он торикии шаб фиғон кунам, хотиротамро такурӯ намоям, як бори дигар савори шаҳпари хотираҳо фарозу нишеби беш аз бист соли пешро тай кунам.
Оре, беш аз бист соли пеш. Солҳое, ки фазои Тоҷикистони азиз бӯйи борут мекард, замоне, ки ҷаҳл бар ақл пирӯз шуда буд, замоне, ки хун мерехт ва садҳову ҳазорҳо азизон аз тарси ҷон аз кишвари маҳбуб фирор мекарданд. Ва дар миёни ин садҳову ҳазорҳо даҳҳо тан аз фарзонагони миллат дар қасди фирор аз кишвар зада буданд. Мерафтанд, ҳатто намедонистанд куҷо мераванд. Муҳим он буд, ки садои тирро нашнаванд, ҷонашон дар амон бошад. Чун тиру камон дар дасти касоне буд, ки ҳатто волидони худро омода буданд ба нишон гиранд.
Аввали соли 1993 бо устод дар яке аз ҷодаҳои пурҷамъияти Ишқобод тасодуф дучор омадем. Хеле лаҳзаи хотирмон, хеле ҳолоти аҷиб. Устод аз ин дидор ончунон хурсанд шуданд, ки гӯё фарзанди гумшудаи худро ёфта бошанд. Ва гуфтанд, метавонем дар хонаи иҷораи ишон будубош кунем. Ва чунин ҳам кардем. Ин ҳамзистӣ дар як утоқ Мусалмониёни олим ва пажуҳишгарро бароям бештар ошно кард. Дар кишваре, ки оби ғарибӣ нӯш мекардем ва бо дилҳои реш-реш дар ёди азизони худ рӯйи саҷҷода гирён будем, устод пайваста дар ҳоли мутолеа, пажуҳиш қарор доштанд. Сатрҳоро аз китобе ба китоби дигар мекӯчониданд, навиштаҳои пешини худро таҳрир мекарданд, хотироташонро рӯйи коғаз меоварданд. Ман даҳҳо саҳифа хотироти эшонро хондаам, ҳарчанд ҳоло намедонам он сатрҳои сӯзон ҷойе чоп шудаанд ё на.
Замони донишҷӯӣ саодати онро доштем, ки аз устод дарс биёмӯзем. Ҳанӯз китоби Атоуллоҳ Ҳусайниро ёд дорам, ки бо заҳматҳои эшон рӯйи чоп омада буд. Аммо дар ҳанишинии се-чормоҳа устодро ба гунаи дигар кашф кардам. Шояд ҳудуди бештар аз даҳ соли охир ва шояд бештар аз ин устод Мусулмониён бемор буданд, гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ, ки аслан касеро дигар ёд надоштанд. Ҳама донишҳо ва шинохтҳо хотироташонро тарк карда буд, касеро намешинохтанд, ба сони кӯдаке шуда, ки нав аз модар ба дунё омада ва муҳити атроф барояшон собиқа надошт.
Шояд чор сол пеш фарзандони устод бештар аз 4 ҳазор номгӯ китоби китобхонаи шахсии ишонро ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Утоқи бузурге бо рафҳои озода аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҷудо шуд ва онро китобхонаи шахсии профессор Раҳими Мусулмониён номиданд.
Ёд дорам дар маҳфиле ба ин муносибат устодони каломи бадеъ, донишмандон, фозилон, шогирдон ва пайвандони ишон гирди ҳам омадаву аз Раҳими Мусулмониён, шахсият ва ҷойгоҳаш дар илми адабиётшиносӣ, хидматҳояш дар пажуҳишҳои шоистаи илмӣ ёд карданд. Дар он ҷамъ профессор Абдунабӣ Сатторзодаро дидам, ки аз аввалинҳо шуда сухан мегуфт, сухан аз дӯст мегуфт, бародарвор мегуфт, аз олим ёд мекард, аз ҳамкасбу ҳамдаму ҳамнишинаш қиссаҳои ҷолиб мекард. Профессор Сатторзода солҳои сол бо Раҳими Мусулмониён зери як сақф ба шогирдон дарс гуфтаанд, даҳҳо шогирдони муштарак доранд, ки ҳар кадом имрӯз номбардорони устодони хешанд.
Ҳамчунин, профессор Баҳриддин Камолиддиновро дидам, ки аз ӯ балоғату фасоҳати сухан омӯхта будем ва ҳоло аз балоғати каломи Мусулмониён ҳарф мезад, аз бардоштҳои рӯзгори муҳоҷирати олим аз забони худаш нақл мекард, аммо нигарон буд, ки оё ин китобҳо то абад ҳифз мешуда бошанд?
Адиб ва рӯзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазоро ҳам дидам, ки атри деҳаи Мусулмониён дар фазои китобхона мепошид, чун онҳо ҳамдеҳаву ҳаммактаб буданд ва яқинан риштаҳои хешутаборӣ ҳам доранд. Ва дар паҳлӯи ӯ шоири мардумӣ Сайдулло Амин ҳам менишаст, ки ифтихори ҳамнишинӣ бо устод Мусулмониён доштааст.
Ва Рустами Ваҳҳоб, олим ва шоир ҳам менишаст, ки дар дил бас суханони ногуфта дар ситоиши устод Мусулмониён дошт. Нигорандаву Рустам ҳамсабақем ва медонам, ки роҳбари рисолаи дипломии ӯ устод Мусулмониён буд ва табиист, ки назар ба ҳама шарикдарсон маҳз Рустам метавонист бо шахсияти устод бештар ошно бошад.
Модар шояд чизеро пай бурда буд...?
Руҷуъи якум
Мегӯянд замоне модараш ба писаронаш таоми шабмонда намедод, ки фаромӯшхотир мешаванд. Вале ин замон, дар ин синну сол дарде ӯро фаро гирифт, ки натанҳо фаромӯшхотир, балки комил ҳама чизе дошт, ҳатто исми зану фарзанд, гузаштаву имрӯзаи худ ва ҳамаро аз ёд бурд. Шахсияте, ки тамоми умр китоб аз даст нагузошт, то биёмӯзад ва садҳо тани дигарро биёмӯзонад, ҳоло ҳамаро фаромӯш карда буд. Ҳам хондаҳову ҳам навиштаҳо ва ҳам гуфтаҳоро. Ҳоло ба сони он тифли навзодест, ки намедонад аз куҷо омад ва куҷо равон аст ва чӣ мекунаду чӣ хоҳад кард. Хушо ба ҳолаш, ки дигар аз гирудори ин олами фосид ва ин ҷомеаи нимбемору бегона ба тинати азалии инсонӣ озод аст...
Ҳазору ҳашт мақола ва 37 китоби ӯ
Устод Раҳими Мусулмониён бидуни шак аз пуркортарин олимони кишвар буд, ки таълифоташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар берун аз хоки он, бахусус Эрону Афғонистон маъруфияти хоса дорад. Ба гуфтаи профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки солҳо паҳлу ба паҳлу бо ӯ кор мекард ва ҳатто муддате дар фаъолиятҳои сиёсӣ низ канори ҳам қарор доштанд, таълифоти Мусалмониён басо арзишманд ва қобили ситоиш аст.
"Раҳими Мусулмониён аз адабиётшиносони пуркор ва заҳматкаштарини Тоҷикистон ҳастанд. То соли 2006 медонам, ки муаллифи 35 китобу рисола буданд. Тӯли умр 1008 мақолаи илмӣ таълиф кардаву чоп намудаанд. 18 асарро аз забонҳои дигар тарҷума ва ё аз хати форсӣ баргардон кардаанд. 46 матни суханронии худро омодаи чоп намудаанд".
Вале Бахтиёри Муртазо теъдоди асарҳои ӯро на 35, балки 37 медонад ва мегӯяд: “Дар охирин сӯҳбате, ки бо ҳам доштем, Раҳимҷон мегуфт, ки 37 китобаш чоп шудааст”.
Устод Сатторзода пажуҳишҳои Мусулмониёнро хеле ҷиддӣ ва дар мавзуъҳои мушкил медонад, ки арзиши бебаҳо доранд. Вале аз назари ӯ омодаву чопи китоби "Атоуллоҳ Масъуди Ҳусайнӣ" аз пурзаҳматтарин кори илмии олим буд. Чун дастхатҳои нодири ин китобро Раҳими Мусулмониён аз китобхонаҳои хориҷи кишвар дастрас ва мавриди пажуҳишу омӯзиш қарор дод. Ин китоб хеле арзишманд аст ва аз мӯътабартарин дастури таълимӣ барои факултаҳои филология ба шумор меравад. Китоб то он замоне, ки дар Тоҷикистон дар шакли илмии матншиносӣ интишор ёфт, ҳатто дар Эрон чоп нашуда буд.
"Раҳими Мусулмониён Атоуллоҳ Масъуди Хусайнӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифиро пайдо карданд, таҳия намуданд, ин китобҳо то он замон дар Эрон ҳам нашр нашуда буданд. Аммо тавассути заҳматҳои Раҳими Мусулмониён имрӯз олимони эронӣ ҳам аз он истифода мекунанд ва онҳо ошкоро инро як заҳмати пурарзиши олими тоҷик медонанд, ки хеле олимона ва муҳаққиқона ба чоп ҳозир карда шудааст",- гуфт профессор Сатторзода.
Баъди таълифи ӯ дар Эрону Афғонистон ин ду китоб мунташир шуданд ва минбаъд ҳар пажуҳише сурат мегирифт, дар поя ва истинод ба матни ҳозиркардаи Раҳими Мусулмониён буд, ки ин бидуни шак мояи ифтихор аст.
Китобҳои устодро мекашидем
Тири адовати ҷанги ҳамватанӣ устод Раҳими Мусулмнониёнро ҳам нишон гирифт. Аввали соли 1993 эшон бо ҷумла фарзандони худ аз Душанбеи азиз хориҷ гашт, чун хатар ба ҷонаш ва ҷони хонаводааш таҳдид мекард. Дар шароити он рӯзи Душанбе, ки пур аз нерӯҳои бегона буд, касе кафолати зинда мондан надошт. Бо як имову ишора ҳар кас метавонист аз касе ҳам, ки замоне ихтилофи назар доштааст, қасос гирад. Мусаллаҳон олимро аз донишҷӯ ва адибро аз хонанда фарқ намекарданд. Ва устод берун рафт ва хуб шуд рафт, чун ин хуруҷ ба маънои зинда мондан ва идомаи ҳаёту пажуҳиш буд. Медонам, ки рафтанаш аз Ватан роҳи пажуҳишро барояш густардатар кард, фазои фарҳангиву илмии Теҳрони пурҷамъият муносиби хостаҳои устод Мусулмониён буд. Вай дар ин шаҳр ба ҳавзаҳои илмӣ роҳ ёфт, ба китобхонаҳои бузург дасрасӣ пайдо кард, бо маъруфтарин олимону муҳаққиқони эронӣ ҳамнишин шуд. Ӯро ҳавзаи илмии Теҳрон хуш пазируфт, дар як муддати кӯтоҳ аз миёни устодони донишгоҳҳову ҳавзаҳои илмии пойтахти Эрон дӯстони хуб пайдо кард ва маҳз ҳамин сабаб шуд, ки устод ба фаъолияти илмии худ пардохт. Дарёи зиндагӣ барои эшон маҷрои нав пайдо кард, муҳит дигаргун шуд, олими тавоно ба як олими муҳоҷир табдил ёфт, ки акнун ҳамаро мебоист аз сифр шурӯъ кунад. Зеро гузаштаи олим ва пажуҳишҳои ӯ барои ин муҳит ноошно буданд, мардуми Эрон чашми хати сриллик надоштанд, ки бо таълифоти ӯ шинос шаванд. Акнун зарур буд он ҳама коре, ки мекард, бо ҳуруфи ниёгон анҷом медод. Устод, ки худ маншиноси моҳир ва донандаи бемисли хати ниёгон буданд, тавонистанд дар як муддати кутоҳ ба муҳити илмии Теҳрон ворид шаванд. Тавре Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, устод аслан дар кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик кор мекард, ки роҳбари он мунаққид ва адабиётшиноси маъруф, марҳум Соҳиб Табаров буд. Вале вижагии кори устод Мусулмониён он буд, ки адабиёти муосир ва классикиро ба ҳам омезиш дод. Ва чуноне ишора шуд, муътабартарин таълифоташ, ки барояш шӯҳрат овард ва маъруф кард, ҳамон асарҳои ёдшудаи Атоуллоҳ Масъуди Ҳусайнӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд.
Руҷуъи дуюм
Аввали солҳои 90 асри гузашта давраи талошҳои сиёсӣ ва миллӣ буд, ки аввал аз бахши фарҳанг оғоз гардид ва баъдан ба сиёсату давлат кӯчид. Яъне, талошҳо аввал барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ва гузариш ба хати ниёгон оғоз шуданд ва ҳамин кӯшишҳо тадриҷан нерӯҳои пинҳонкору пинҳонгӯи тоҷикро ҳам ба майдони сиёсат кашид. Устод Мусулмониён аз зумраи ҳамин касоне буд, ки бо ҳассосияти том рӯйдодҳоро пайгирӣ мекард ва чун фарди огоҳ ба ояндаи миллату ватан бетараф набуд. Ҳарчанд дар қадамҳои аввали талошҳои сиёсӣ шахсиятҳои маъруф зиёд ба он шомил шуданд, вале кам касон буданд, ки фишорҳои равониро таҳаммул кунанд ва аксаран ё тарки сангар карданд ва ё хомӯширо авлотар донистанд.
Ба Эрон ҳам бо як пора муҳаббати Тоҷикистон дар бағал рафт
Теҳрон олими барумандро чун олими саршор аз андешаҳои сиёсӣ истиқбол кард. Дар ин муҳит илм ҳам сиёсат аст. Магар олими бепарво ба сарнавишти миллату меҳанро ҳам метавон олим номид? Магар адиб набояд аз дарду ранҷи халқ ҳарф занад?
Омӯзиши ҳаёту фаъолияти баъдии устод Мусулмониён нишон дод, ки он сиёсатгӯиҳо ҳам муваққат буданд. Раҳими Мусулмониён баъдан ба баҳри тафаккуру андешаи илмӣ ғӯта мезанад ва маҷроеро дармеёбад, ки дигар наметавонад аз он берун шавад. Ва бо ҳамон равиш меравад ба сӯи ормонҳои дигар, ормонҳои пажуҳишӣ ва хидмат барои ташаккули фарҳанги миллӣ. Вай дар ин кишвар худро дар оғӯши адабиёт ва ҳунари волои аҷдодӣ дарёфт ва муҳите буд, ки шояд муддатҳо онро орзу мекард. Аз сӯйи дигар дарҳои ирфон ба рӯяш боз шуданд, муаллифони донишномаҳо ба хизмати ӯ эҳтиёҷ доштанд, то аз мақолаҳояш фарҳангу тамаддуни Тоҷикистонро низ барои эрониён муаррифӣ кунанд.
Ва дид, ки дар ин самт метавонад хидмати бештаре ба мардуму ба миллат кунад. Ин буд ки тадриҷан худро аз сиёсат дур кард, вале на бо пахши изҳоротҳои ранҷишомез, чуноне баъзеҳо ин корро карданд. Мо баъди ҳиҷрати устод ба Эрон ишонро дигар дар баҳсҳои расмии сиёсӣ надидем, дар ҷаласоту ҳамоишҳо ширкат накарданд, аз баррасии ҷараёни сиёсии кишвар худро дур кашиданд. Сиёсат шояд дар рӯзномаҳои эшон бошад, шояд дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо касоне, ки аз Тоҷикистон ба Эрон меомаданду сари роҳ устодро низ зиёрат мекарданд, вуҷуд дошт. Вале расман эшон аз ҷараёни сиёсӣ худро ба маҷрои таҳқиқоту пажуҳиш заданд.
Абдунабӣ Сатторзода маҳз ҳамин фаъолияти эронии устодро қобили мулоҳиза медонад ва онро хеле пурсамару муфид арзёбӣ мекунад. Агар аз назари профессор Сатторзода ва далелҳои овардаи ӯ арзёбӣ кунем, пас мебинем, ки воқеан ҳам профессор Мусулмониён дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни гузашта ва имрӯзаи тоҷикон, шиносоии Эрон бо Тоҷикистон ва шахсиятҳои варзидаи он заҳмати бештар кашидааст. Яъне, дур аз ватан низ олим дар ёди ватан буд ва ҳамин ватанеро, ки агар аз он фирор намекард, шояд кушта мешуд, барои олами Эрон чун мулки ашхоси соҳибтамаддун муаррифӣ кард.
Олими варзида дар ҷое аз мақолоташ кишварро паст назад, балки дар ҳамон мусоҳибаҳояш, ки дар аввалин соли ғурбаташ дар нашрияҳои Эрон интишор ёфта буданд, кӯшид вазъро ба гунае қаламдод накунад, ки монеъи сулҳу оштӣ дар кишвар донанд. Балки мо ҳатто аз он сӯҳбатҳои ихтисосиаш ҳам пай мебурдем, ки устод ба Эрон бо як пора муҳаббати Тоҷикистон дар бағал рафтааст. Муҳаббате, ки бидуни он наметавон тоҷик монд ва ҳамин тоҷикият ӯро наҷот бахшид. Худро андармони корҳое кард, ки тадриҷан аз сиёсат дур шуд ва ҳатто дар ин амал лаззати бо Ватан буданро чашид.
Профессор Сатторзода, ки ҳамкасбаш Мусулмониёнро дар муҳоҷират ҳам аёдат мекард, мегӯяд: "Чанд соле, ки дар Эрон буданд, хеле корҳои арзишмандеро дар муаррифии адабиёти Мовароуннаҳр, бахусус адабиёти тоҷик, назму насри гузаштаву имрӯзаи тоҷик анҷом доданд. Хеле корҳоеро ба сомон расонданд ва рисолаву китобҳоеро ба дасти чоп доданд, ки бо сабабҳои гуногун на ҳама дар дохили кишвар аз он хабар доранд. Ба мисли "Забон ва адаби форсӣ дар Фароруд" (соли 1997), "Ситораҳои Помир" (соли 2004), "Форсиву дарӣ" (соли 2004), "Тоҷикон дар таърих" (соли 2004), китоби шеърҳои устодон Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, романи Кароматулло Мирзо "Дар орзуи падар" ва ғайра".
Устод Мусулмониён яке аз муаллифони басо фаъоли "Донишномаи ҷаҳони Ислом" будаанд, ки он солҳо дар чанд ҷилд дар Эрон интишор ёфт ва профессор Сатторзода мегӯяд, ки шахсан худаш дар ин донишнома 70 мақолаи Раҳими Мусулмониёнро дар бораи фарҳангу тамаддуни Афғонистон ва 445 мақола дар бораи Тоҷикистонро баршумардааст. Яъне, Раҳими Мусулмониён дар Эрон на танҳо дар бораи Тоҷикистон, балки роҷеъ ба фарҳангу тамаддуни мардуми Афғонистони ҳамҷавор низ навиштаҳояшро дар "Донишномаи ҷаҳони Ислом" ҷо додааст.
Руҷӯъи сеюм
Ман ӯро ҳар субҳу шом саргарми кор медидам. Ҳам мутолиа дошт ва ҳам ёддоштҳояшро дар дафтари хотира менавишт. Чун ба Боку расидем, аввал коре, ки рӯзи дуюм бо эшон анҷом додем, мағозаи китоби "Алҳудо"-и Эронро ҷустем ва ёфтем. Ва иттифоқан сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст аз он мағоза дидан мекард. Баъди шиносоӣ як силсила китобҳое, ки интихоб карда будем, бо дастури ӯ соҳибони мағоза ройгон ба мо доданд. Алиасғари Шеърдӯст он замон мудири интишороти "Алҳудо" дар Эрон буд.
Ёддоштҳои устод
Бахтиёр Муртазо, ки чуноне ёд шуд аз дӯстони солҳои бачагии устод Мусулмониён мебошад, аз дафотири хотироти устод ёд мекунад ва мегӯяд он дафотир то ҳанӯз аслан чоп нашудаанд. "Китобҳое, ки аз бойгонии шахсии Раҳимҷон ба китобхонаи миллӣ тақдим шуданд, барои наслҳо хизмат хоҳанд кард. Вале он чи ки то ҳол чоп нашудаст, дафтари хотироташон мебошад. Раҳимҷон ҳанӯз хеле ҷавон буданд, ки хотира менавиштанд. Ва агар фарзандонашон, ҳамсарашон даст ба ин кори хайр зананд, ки он хотираҳо рӯи чопро бинанд, хеле олӣ мешавад. Зеро хотираи олим як нақли хушку холӣ нест, балки он ҷараёни зиндагии ӯст ва ҳатман ки маълумоти арзишманди пажуҳишӣ низ метавонад ҷо дода шуда бошад".
Адиби шинохта ва яке аз дӯстону наздикони Мусулмониён хуб медонад, ки устод завқи беандоза ба ёддоштнависӣ дошт. Нигоранда низ замоне, ки бо ҳам дар мусофират будем, медидам, ки ҳар субҳу шом рӯйдодҳоро рӯи коғаз меоварданд. Аслан адабиёти миллии мо аз рӯзномаҳои адибон холист. "Ёддоштҳо"-и устод Айнӣ истисноянд. Сардафтари адабиёти навини тоҷик ҳам хеле баъдҳо бачагиву наврасии худро ба ёд оварда, ин шоҳасарро офарид ва он метавонад як асари комилан бадеӣ шумарда шавад, на хотираву ёддошт. Он чӣ, ки ба дафтари хотирот алоқаманд аст, дар адабиёти тоҷик камтар вуҷуд дорад, ё аниқтраш мо намедонем ва ё адибони мо аз чопи он худдорӣ мекунанд. Аз миёни олимони шинохта мо медонем, ки устод Соҳиб Табаров ва профессор Худойназар Асозода ин корро ба хубӣ анҷом медоданд ва ҳатто ба мо шогирдон низ инро тавсия мекарданд. Профессор Худоназар Асозода хотироти худро дар шаш ҷилд (замони дар ҳаёт будан) бо номи "Достони зиндагӣ" нашр ҳам кардааст. Аммо ба гуфтаи бародараш Мусо Асозода устод Худойназар 42 дафтари хотирот дорад, ки 90 дарсади он рӯйи чоп надидааст. Аз ин рӯ иштибоҳ мебуд агар гӯем, ки адибону олимон рӯзнома наменависанд. Шояд аксаран ин корро мекунанд, вале то ин дам хотироти на ҳама рӯи чоп омадааст.
Руҷӯъи чорум
Дар чорабинии китобҳои устод Мусулмониён ба андешаи ҷойгоҳи бузургон дар ҷомеа ва эҳтироми шахсиятҳо дар замони дар қайди ҳаёт будани онҳо дода шудам. Ҷамъомадагон аз донишу заковат, хидматҳо ва инсонияти устод Мусулмониён замоне ёд мекарданд, ки вай дар қайди ҳаёт аст. Бо вуҷуде, ки шинохти комил аз эшон доштам, дарк кардам, ки боз ҳам ӯро намешинохтаам. Рустами Ваҳҳоб ҳам ба ҳамин ишора кард: ҳар қадар гуфтем, боз мебинам, ки ҳоло чизе нагуфтаем.
Шахсияти истисноии профессор Мусулмониён
Профессор Баҳриддин Камолиддинов фаромӯш ҳам накардааст, ки Раҳими Мусулмониён дар аввал донишҷӯи ихтиёрӣ буд. "Аммо зарфи як сол ончунон бо завқ омодаи дарсҳо буду фаъол буд, ки ҳама гуфтем: ин бача бояд қабул карда шавад. Раҳимҷон инсони кушодадил аст ва миёни мо маҳбубияти зиёд дорад. Метавон гуфт, ки зиёии асил аст ва ҳар касро шарафи чунин маҳбубият миёни устодону шогирдон намекунад. Шахсан ман ифтихор мекунам, ки бо чунин шахс саодати ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ доштам",-гуфт олими шинохта.
Рустами Ваҳҳоб хеле хотироти ҷолиберо аз гузаштаи устод ҳикоят кард. Аз ҷумла, аз барномае ёд намуд, ки бо ташаббуси устод роҳандозӣ шуд ва ҳадаф ҳам он буд, ки шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ худро миёни донишҷӯён андозанд ва мустақим бо онҳо ҳамсӯҳбат шаванд. Аз сӯи дигар вай мехост донишҷӯён аз ҳамин овон нишастан дар ҳузури бузургонро омӯзанд, аз сӯҳбатҳояшон мустақиман баҳравар шаванд. "Дар он хеле аз шахсиятҳои бузург даъват шуданд ва ба сони як маҳфили озод ва муфид фаъолият кард",-гуфт ӯ.
Ба андешаи Рустами Ваҳҳоб устод Мусулмониён "донишҷӯёнро ба истиқлоли андеша даъват мекард. Масалан, вақте донишҷӯ меомад, ки мавзӯъи рисолаи дипломӣ гирад, устод аз ӯ суол мекард, ки худаш чӣ мавзӯъро пешниҳод мекунад. Яъне, устод мекӯшид донишҷӯ худ пуё бошад ва ба мавзӯъҳои пешниҳодмешуда аҷр мегузошт ва аксар маврид тасдиқ мекард ва ё бо каме таҳрир иҷоза медод, ки ба таҳқиқ пардозад".
Дар маҳфиле академик Носирҷон Салимӣ ба ёд овард, ки теъдоди хеле зиёди китобҳои устод Мусулмониён ҳоло дар Эронанд. Ва ҳоло вазифа он аст, ки он китобҳои низ ба Тоҷикистон интиқол ёбанд ва аз ин ҳисоб бойгонии китобхонаи устод Мусулмониён дар Китобхонаи миллӣ ғанӣ шавад.
Бобоҷони Шафеъ
Китобхонаи миллӣ
Ҳабиб Саид - Ҳикояҳои фантастикӣ - ПДФ
https://drive.google.com/file/d/1Ab65IKRsc8F74-OdS8jo44-OAjn_6fSn/view?usp=sharingРаҳими Мусулмониён(1938 - 2016)

3 likes
- Like1
added January 11 at 16:45
...устод Айнӣ дар мақолаи «Тоҷикони кӯҳистон». Вай иқрор мекунад, ки кӯҳистонро ба хубӣ намедонад, аммо аз тариқи суҳбат бо мардикорони кӯҳистонӣ то андозае аз аҳволи онҳо огоҳ гардидааст. Устод менависад: «Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол кардаанд. Аҳолии кӯҳистон умуман соҳиби заковат ва зеҳни софе буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабро дӯст медоранд»...
АЙНӢ ВА "КОРГОҲ"-И ЗАБОНИ МОДАРӢ
ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон
Айнӣ, ки дар арафаи Инқилоби Бухоро синнаш аз чиҳил гузашта буд, ҳанӯз Тоҷикистон ва қаламрави онро тасаввур карда наметавонист. То мухторият ва ҷумҳурияти Тоҷикистон солҳо мегузаранд. Аммо вай бо тамоми мӯярагҳояш эҳсос мекунад, ки ин миллат ҳаққи будан ва бунёд кардан дорад. Зеро дорои фарҳанги қадим ва ғанист ва касе тавони онро надорад, ки ин воқеиятро инкор кунад.
Айнӣ дар наврасӣ ва ҷавонӣ бо равшанфикрони замонаш суҳбатҳо оростааст, дар маҳфилҳои адабию илмии хонадони Шарифҷон Махдум бо фозилони давр Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддини Шоҳин, Мирзоазими Сомӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо карда, ҳамроҳи дӯсташ Мунзим мактабҳои усули ҷадид ташкил намудааст. Хулоса, мактаби бузурги навсозиро гузаштааст, ки ин ҳама батафсил дар «Ёддоштҳо» - и безаволаш сабт гардидаанд. Аммо акнун гап дар сари як ё ду шаҳр ва аҳолии он намеравад, акнун бояд бо қаламраве сару кор дошт, ки дар он ҳаммиллатони ту зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз ҳам дур афтодаанд, парешонанд, аз гузаштаву ояндаи худ ҳатто огоҳии мухтасар надоранд, дар гӯшаи инзиво бо зорию хорӣ ба сар мебаранд.
«Барои ба хубӣ фаҳмидани аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии кӯҳистон дар Фалғар, Мастчоҳ, Қаротегин ва умуман дар кӯҳистони шарқии Бухоро тафтиши ҷиддӣ, ҳам ҳисоботи муфассал лозим аст», - менависад устод Айнӣ дар мақолаи «Тоҷикони кӯҳистон». Вай иқрор мекунад, ки кӯҳистонро ба хубӣ намедонад, аммо аз тариқи суҳбат бо мардикорони кӯҳистонӣ то андозае аз аҳволи онҳо огоҳ гардидааст. Устод менависад: «Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол кардаанд. Аҳолии кӯҳистон умуман соҳиби заковат ва зеҳни софе буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабро дӯст медоранд».
Баъдтар устод Айнӣ аз миёни онҳо қаҳрамонони асарҳои бадеии худро интихоб мекунад. Одинаву Ятим аз кӯҳистонанд, Ёдгору Гулнори романи «Дохунда», персонажҳои «Ғуломон» мардуми ба истилоҳ Бухорои Шарқӣ ҳастанд. Тасвирҳои ҷаззоб ва хотирнишини асарҳои устод, аз Дараи Ниҳон сар карда, то саҳроҳои колхозӣ, ҳама манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистонро ба ёд меоранд.
Адиби ватанпарвар аз инҳисори ҳаёти шаҳри Бухоро берун меояд ва ба паҳнои кишвараш қадам мениҳад. Баъди 75 дарраи ҷазои амири Бухоро дар Самарқанд зиндагӣ мекунад ва бар тақдири ҳаммиллатони худ меандешад. Онҳо парешонанд миёни дараҳо, кӯҳҳо, тагобҳо, водиҳо… «Пароканда лашкар наояд ба кор». Чӣ бояд кард? Боист даст ба қалам зад!
Муаллиф ин андешаро дар мақолаи «Акнун навбати қалам аст» инкишоф медиҳад ва менависад: «Қалам иборат аз хондан, навиштан, мусоҳибаҳои адабӣ кардан, ба ҳар гуна адабиёт ривоҷ додан, рӯзномаҳои муваққатӣ ва рисолаҳои фавқулодаро таълиф ва нашр кардан аст». Танҳо бо ин роҳ метавон миллатро ҳушёру бедор кард, дар роҳи зиндагии бошарофат ва пурнаҷобат омил сохт.
Аммо ин кори осон нест. Дар мақолаи «Танвири афкор» фиғони талхи устод Айнӣ ба осмони ҳафтум дакка мезанад: «Дар зарфи дусола инқилоб бадбахтона, мо, форсиён, ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем, ҳанӯз матбуот ва рӯзномаро асбоби пулгирии ҷариданависон мепиндорем».
Ин овози ҳақиқат аз мақолаи «Сайфу қалам» боз ҳам талхтару андуҳангезтар ба гӯш мерасад: «… хусусан, рӯзномаи форсӣ, гӯё хонанда надорад. Чунончи, аз як сол зиёд аст, барои форсизабонони Туркистон маҷмӯаи «Шуълаи инқилоб» нашр мешавад. Аз шаҳри Самарқанд иддае хонанда дорад, ки эшон низ ба воситаи саъю кӯшиши саркорони ҳукумат ва фирқа ба майдон омадаанд. Аз сойири аҳолии форсизабонон, ки дар Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷуҳе надидаем». Ва хулоса мекунад: «Ин камоли беэътиноии ҳамзабонони моро нишон медиҳад».
Дар ин гилаву озори устод Айнӣ як дунё ғамхорӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба миллати хеш ниҳон аст. Адиби миллатдӯст мехоҳад зудтару бештар ҳамқавмони худро дар сафи миллатҳои пешрафтаи замон бубинад. Коҳилӣ, фориғболӣ, бепарвоии онҳоро мазаммат мекунад ва мегӯяд: «Фикри соиб ва хати ҳаракати дуруст пайдо намешавад эшонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад, магар ба мактабу мадорис». Ва боз тавассути мақолаи «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ» ба ҳамватанонаш муроҷиат мекунад: «Ин як қазияи аз офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хатту савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳем монд».
Устод Айнӣ, ки дар мақолаҳояш пештар аз «форсизабонони Туркистон» мегуфт, дар гузориши «Қавми тоҷик ва рӯзнома» мушаххастар навиштааст: «Фақиртарин ватандори Туркистон қавми тоҷик аст. Мазлумтарин қавми тоҷик бечорагон, коргарон ва деҳқонон аст». Дар ҳамин мақола омадааст: «Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии тоҷикон аст». Дар мақолаҳои устод Айнӣ, ки онҳо инкишофи батадриҷи Тоҷикистонро чун дар ойина инъикос мекунанд, чунин афсӯс ва гилаҳоро борҳо дучор меоем, ки ҳама барҳақанд.
Баъдтар чунин нидоҳои ҳасратомез аз забони қаҳрамонони «Дохунда», «Ғуломон» ва билхосса, аз забони персонажҳои воқеии «Ёддоштҳо» - и чаҳорҷилда пурсӯзу гудоз баланд мешаванд. Аммо устод Айнӣ дар асарҳои бадеии хеш қаҳрамононашро батадриҷ аз оҳу афсӯс ба сӯйи мубориза, бунёдкорӣ ва навсозӣ мебарад, ки намунаи беҳтарини он фаъолияти Ёдгору Гулнор ва Муҳаббату Эргаш мебошад.
Дар очеркҳои мустанади «Канали Тӯқсанкорез», «Канали Марғедар», «Ду ҳашар», «Обёрӣ», достони «Ҷанги одаму об» ва ғайраҳо муаллиф дигар аз «камсаъйии тоҷик» шикоят намекунад, ифтихор дорад, ки ҳаммиллатонаш диёри бостонии худро бо заҳмати бунёдгарона ҷавонӣ мебахшанд.
Ҳамеша дар ғами ояндаи Ватан будан аз бузургтарин сифатҳои адиби миллатдӯст аст. Вай дар солҳои баъд ба унвони котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рафиқ Имомов нома навишта шиква мекунад, ки роҳбарон ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибор намедиҳанд. Онҳоеро, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия касбу ҳунар омӯхтаанд, ҳамсоягони мо бо ваъдаи маоши хуб ва таъмини хонаи зист кашида мебаранд. Ҳол он ки Тоҷикистон ба чунин фарзандони мутахассисаш эҳтиёҷи бениҳоят дорад.
Дар мақолаи «Масъалаи кадррасонӣ масъалаи таъхирнопазир аст» адиб аз пешрафтҳои Тоҷикистон сухан меронад. Аммо афсӯс мехӯрад, ки Ватани мо «бо ҳамаи кӯшиши партия ва ҳукумат, бо ҳамаи ин ки саҳми калоне аз бюҷети давлатӣ дар роҳи кадррасонӣ таъсис ва сарф шуда омада истодааст, аз ҷиҳати ба воя расидани кадрҳо нисбат ба бисёр республикаҳои бародарӣ дар қафост».
Бе ҳеҷ тардид бояд тазаккур дод, ки танҳо дили фарзандони миллатдӯст ва ватанпарвари воқеӣ ба ин андоза хун мешаваду нола мекунад. Дар рӯзҳое, ки душманони миллати тоҷик мушт ба сина мезаданд ва мавҷудияти ин миллати бофарҳангро инкор мекарданд, устод Айнӣ мардона ба майдон мебарояд, аз масоили мубрами зиндагии тоҷикон сухан ба миён меандозад, ҳаммиллатони худро даъват мекунад, ки ба эъмори Ватан камари ҳиммат бубанданд.
Айнии миллатдӯст аз рӯзҳои аввали фаъ-олияти баъдиинқилобӣ барои забони ягонаи адабӣ мубориза мебарад. Вай дӯстони ҳамқалами худро даъват мекунад, ки бо забоне асар эҷод кунанд, ки барои ҳамаи тоҷикон фаҳмо бошад. Забони ягонаи адабӣ замоне ба миён меояд, ки мактабҳо дар саросари кишвар аз рӯйи як низом ва китобҳои дарсии ягона фаъолият кунанд. Ҳар маҳал, ҳар ноҳия метавонад гӯиши худро ҳифз кунад ва ин сарвати бебаҳои мамлакат аст. Аммо забони адабӣ бояд ягона бошад.
Дар мақолаи «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» омадааст: «Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикӣ маълум аст, ки он ба забонҳои ғайр махлут буда, ба таъбири «бӯқаламун» сазовор аст… Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем». Бояд гуфт, ки дар тӯли баҳсҳои доманадори содакунии забони адабии тоҷик мавқеи устод Айнӣ ҳамин буд, ки дар боло омад. Вай беҳтарин вожаҳои мардуми ноҳияҳои гуногунро ҷамъ мекунад, мисли занбӯри асал накҳатҳои гулҳои худрӯи кӯҳистони Тоҷикистонро фароҳам меоварад, дар асарҳои худ ба кор мебарад, ба шогирдон намунаи ибрат мегардад, барои ояндагон роҳи дурусти инкишофи забони адабиро нишон медиҳад.
Воқеан, дар замоне, ки забон ҳанӯз аз тарзи таҳрири муғлақи мадрасавӣ, ибораву луғатҳои печида ва нолозими арабӣ озод нагардида буд, даъвати тоза кардани забон, сода ва оммафаҳм гуфтан, аз забони зиндаи мардум истифода кардан ҷасорати надидаву нашунида аст.
Аз ибтидо бо забони ягонаи адабии қавмҳои дар дараву водиҳо парешони тоҷик эътибори ҷиддӣ додани Айнӣ бесабаб набуд. Қафомонии иқтисодиву иҷтимоӣ, набудани роҳу нақлиёт, ҳукмронии гӯиш ва диалектҳои мухталия ба ваҳдат ва ягонагии миллӣ халал меоварданд. Забони адабӣ бояд ба сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳо фаҳмо бошад, то онҳо бо ин забон дарди дили худро гӯянд, аз авзои мамлакат бохабар бошанд. Гуфтаҳои устод Айнӣ моҳияти фавқулодаи худро ҳанӯз ҳам аз даст надодаанд.
15.09.2017
Ҷумхурият
Ҳабиб Саид - Новеллаҳо – ПДФ
https://drive.google.com/file/d/1rfLmsM0lqJlaG3xQvK9ifec1LpfhWhiw/view?usp=sharing

10 Shares
31 likes
- Like7
added January 9 at 15:55
0 Comments
4 Shares
13 likes
- Like2
added January 9 at 15:55
АКАДЕМИК АЛОУДДИН БАҲОУДДИНОВ (1911 - 1970)
Алоуддин Баҳоуддинов (5 декабр 1911, Самарқанд, Вилояти Самарқанд, Русияи подшоҳӣ — 23 феврал 1970, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — файласуф, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1953), доктори илмҳои фалсафа (1951), профессор (1952), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1961), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).
Алоуддин Баҳоуддинов соли 1931 Академияи омӯзгории шаҳри Самарқандро тамом карда, таҳсилро солҳои 1931—1934 дар аспирантураи академияи мазкур давом дод. Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд кори илмӣ мебурд. Солҳои 1928—1930 муаллими Академияи омӯзгории шаҳри Самарқанд, 1931—1934 дотсенти кафедраи психологияи академияи мазкур буд. Соли 1934 ӯ вазифаи муовини раиси Шӯрои Комисарони халқии ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои 1941—1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Солҳои 1946—1950 дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1936—1940 ва 1946—1951 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко дарс дода, солҳои 1951—1959 мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон ва дар як вақт солҳои 1955—1962 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба уҳда дошт. Солҳои 1961—1970 Алоуддин Баҳоуддинов директори Институти ҳизбии назди КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ буд. Ҳамзамон соли 1957 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ Ҳизби меҳнаткашони Виетнам материализми диалектикӣ ва таърихиро дарс додааст.
Фаъолияти илмӣ
Алоуддин Баҳоуддинов барои тадқиқоти илмии «Ақидаҳои фалсафии Ибни Сино» ба унвони номзади илми фалсафа (1948) ва барои рисолаи илмии «Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» ба унвони доктори илми фалсафа (1951) мушарраф шудааст. Асарҳои асосии ӯ ба таърихи фалсафа ва афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудаанд. Муаллифи асари «Доир ба масъалаи муттаҳидии миллати тоҷик» (1957), «Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик» (1961). Яке аз муаллифони «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон» (Душанбе, 1964, 1969) ва «Таърихи ташкилотҳои коммунистии Осиёи Миёна» (Тошкент, 1967). Тарҷума ва нашри асари Ибни Сино «Донишнома» ба забони русӣ саҳми босазои ӯст. Дар илм ӯ доир ба таҳлили ақидаҳои фалсафа ва иҷтимоии мутафаккирон Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Халдун, инчунин фалсафаи ихвонуссафо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Тадқ. фалсафа ва афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои XIX—XX, ақоиди фалсафи-иҷтимоиӣ асосгузори маорифпарварӣ Аҳмади Дониш, ҳамзамонон ва паӣравони ӯ — Шоҳин, Асирӣ, Сиддиқӣ, Айнӣ ва диг.
Сафарҳои илмӣ
Алоуддин Баҳоуддинов иштирокчии Конгресси IV умумиҷаҳонии сотсиологҳо дар Италия (1957), сардори ҳайати вакилони файласуфони шӯравӣ дар конгресси сотсиологҳои Ҳиндустон ва Покистон (1963). Дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҳизби меҳнаткашони Ветнам аз материализми диалектикӣ ва таърихӣ дарс гуфтааст.
Осор
Материалҳо аз фанни педагогика. — Сталинобод, 1940;
Материалы по педагогике. — Сталинабад, 1940;
Философские взгляды Авиценны в его книге «Дониш-намэ». — М., 1947;
Сиасет-намэ. Книга о правлении вазира XІ столетия Низам ал-Мулька. — М., 1949;
Из истории общественно-политической мысли таджикского народа второй половины XІX и начала XX вв: Дисс…доктора философ. наук. — М., 1950;
Развитие столицы Таджикской ССР. — Сталинабад, 1952 (соавтор);
Ибни Сина. Даниш-намэ. Книга знания. Перевод и предисловие. — Сталинабад, 1957;
К вопросу о консолидации таджикской нации. — Сталинабад, 1957;
Основы диалектического материализма. — Ханой, 1958 (на вьетнамском языке);
Марҳалаҳои асосии таърихи тараққиёти фалсафа. — Сталинобод, 1959;
Очерки по истории таджикской философии. — Сталинабад, 1961;
Роль русского рабочего класса в исторических судьбах таджикского народа. — Д., 1967 (соавтор);
Избранные произведение. — Д., 1980;
Очерки по истории таджикской философии. — Д., 2011.
Ҷоизаҳо
Орденҳои Ленин (1945),
Байрақи Сурхи Меҳнат (1948),
Нишони Фахрӣ (1956),
Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1961)
Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино (1967).
медалу ифтихорномахо мукофотонида шудааст.
Некдошт
Ба номи ӯ Пажуҳишгоҳи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хабиб Саид - Охотники за сознанием и подсознанием - ПДФ
https://drive.google.com/file/d/13Yh-rZ2bNm7ZbQn_-7bvsQA6msb8SruY/view?usp=sharing

3 Shares
12 likes
- Like1
loading...
Show more