Дар Тоҷикистон маҳдудият ё лимити сахт дар интиқоли барқ ҷорӣ шуд, мақомот онро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.
Ба гузориши манбаъ:
Ба гуфтаи мақомоти кишвар имсол, махсусан дар мавсими тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд.
Беҳруз Ҳасанзода муовини директори агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон таъкид намуд:
“Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни истеҳсолу истеъмол дар мамлакат муваққатан маҳдудияти таъмини неруи барқ ҷорӣ карда шудааст”.
Дар ҳамин ҳол, ахиран ширкати “Барқи тоҷик” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сокинон дар телефонҳои мобилӣ паёмакҳо равон карданд, ва дар он аз аҳолӣ хостанд, ки дар як вақт аз 4 кВт бештар барқ истифода кунанд, вагарна интиқоли он ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад. https://tajikpress.com/2025/12/01/%d0%bc%d0%b0%d2%b3%d0%b4%d1%83%d0%b4%d0%b8%d1%8f%d1%82-%d1%91-%d0%bb%d0%b8%d0%bc%d0%b8%d1%82%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d2%9b-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%82%d0%be%d2%b7/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев