Нишасти 6 ноябр миён раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо раҳбарони Осиёи Марказӣ (C5+1), лаҳзаи муҳим дар масири муносиботи ИМА ва ОМ буд.
Нишасти 6 ноябр миёни Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар Вашингтон (дар чаҳорчӯби C5+1), лаҳзаи муҳим дар масири муносиботи Амрико ва Осиёи Марказӣ буд. Ин нахустин бор буд, ки як раисиҷумҳури Амрико мизбони кулли маҷмӯаи C5+1 дар Кохи Сафед мешуд ва ҳамин амр ба ин дидор абъоди рамзӣ ва сиёсии вижае бахшид ва онро ба нуқтаи атфе дар таомулоти Вашингтон бо минтақа табдил кард.
Ин нишаст дар чаҳорчӯби C5+1 бо ваъдаи сармоягузориҳои бузург ва тамаркуз ба маводҳои маъдании ҳаётӣ барои коҳиши вобастагӣ ба Чин нишонаи гардиши муносиботи Амрико ва Осиёи Марказӣ ба сӯи ҳамкории иқтисодӣ буд. Бо ин ҳол, пайвастани Қазоқистон ба Паймони Иброҳим ба он як баъди сиёсӣ ва баҳсбарангез илова кард. Мақола таъкид мекунад, ки Вашингтон бояд аз бозгашт ба намунаи низомисозӣ парҳез карда, истиқлолияти роҳбурдӣ ва чандшарикии давлатҳои минтақаро эҳтиром гузорад, зеро Осиёи Марказӣ имрӯз фаъолона масири худро муайян мекунад. https://tajikpress.com/2025/11/09/%d2%b3%d0%b0%d0%b4%d0%b0%d1%84%d0%b8-%d0%b2%d0%be%d2%9b%d0%b5%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bc%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%be%d1%81%d0%b8/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев