То ҳол тавассути Фонди саудии рушд беш аз 14 лоиҳа дар Тоҷикистон cармоягузорӣ мешавад.
Ба гузориши манбаъ:
Арабистони Саудӣ дар сохтмони “Роғун” сармоягузорӣ мекунад.
Дар ин бора, вазири сармоягузории подшоҳӣ Холид Ал-Фолеҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт.
Холид Ал-Фолеҳ гуфт:
“Арабистони Саудӣ то ҳол тавассути Фонди саудии рушд дар беш аз 14 лоиҳа бо арзиши зиёда аз 300 млн доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст”.
Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо нерӯгоҳи “Роғун” мебошад, афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфт. https://tajikpress.com/2025/10/16/%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%bc%d0%be%d1%8f%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%83%d0%b4%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%81/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев