Катоиби Қассом, шохаи низомии Ҳамос, дар нахустин гоми мубодилаи гаравгонҳо, пас аз таҳвили 7-и асири саҳюнист ба Салиби сурх, як баёния содир кард.
Пас аз иҷрои нахустин марҳалаи тавофуқи табодули гаравгонҳо, шохаи низомии Ҳамос бо судури баёнияи оташин, шикасти роҳбурди низомии Исроилро ба рух кашид ва таъкид кард, ки муқовимат, бо истодагӣ ва фидокорӣ, душманро ба пойи миз муомила кашонд.
Катоиби Қассом, шохаи низомии Ҳамос, дар нахустин гоми мубодилаи гаравгонҳо, пас аз таҳвили 7-и асири саҳюнист ба Салиби сурх, як баёния содир кард. Дар ин баёния омадааст: тавофуқи ҳосилшуда, самараи пойдории миллати мо ва истодагии муқоваматкунандагон аст. Мо пойбандии худро ба тавофуқи суратгирифта ва ҷадвалҳои замонии муртабит бо он эълом мекунем, машрут бар инки ишғолгар низ ба он пойбанд бошад.
Катоиби Қассом таъкид кард, ки муқовимат ҳамвора дар талош барои таваққуфи ҷанги наслкушӣ буда ва аз моҳҳои нахуст барои он кӯшидааст, аммо душман ба далели муҳосибаҳои тангназарона ва барои ирзои ғаризаи ваҳшигарӣ ва интиқомҷӯӣ давлати нозиаш, ҳамаи талошҳоро ноком гузошт. https://tajikpress.com/2025/10/13/%d0%b1%d0%b0%d1%91%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d2%9b%d0%b0%d1%81%d1%81%d0%be%d0%bc-%d0%b4%d1%83%d1%88%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8%d0%bc-%d1%88%d1%83%d0%b4/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев