Котиби кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими якумин солгарди шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ бар идомаи роҳи ин шаҳид таъкид кард ва гуфт: Ҳаргиз аз муқовимат ва силоҳи он даст нахоҳем кашид.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Шайх Наим Қосим, Котиби кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар якумин маросими солгарди шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Котиби кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: Ҳарчанд фуқдони шаҳид Насруллоҳ хеле сахт аст аммо ҳузури эшон ҳамчунон дурахшон аст.
Ӯ хитоб ба Сайид Ҳасан Насруллоҳ гуфт, ки масири Ҳизбуллоҳ бо идеяҳо ва хун ва рӯҳи шумо ҳамчун парчами муқовимат идома хоҳад ёфт ва ин масир ҳатман ба пирӯзӣ хотима хоҳад ёфт.
Шайх Наим Қосим таъкид кард, ки пирӯзиҳои муқовимат дар собит қадамӣ ва идомаи равиши он зуҳур меёбад ва касоне, ки дар ин масир қадам мебароранд, ё ба шаҳодат мерасанд ё пирӯз мешаванд.
Котиби кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хитоб ба Сайиди шаҳиди муқовимат таъкид кард, ки шумо ба рисмонҳои илоҳии наҷот даст задед ва иртиботи худро бо наслҳои гуногун ба ёрии волаяти Имом Хоманаӣ ва Имом Хумайнӣ пайгирӣ кардед ва боис шуд, ки мо ошиқи вилоят шавем. https://tajikpress.com/2025/09/27/%d1%88%d0%b0%d0%b9%d1%85-%d0%bd%d0%b0%d0%b8%d0%bc-%d2%9b%d0%be%d1%81%d0%b8%d0%bc-%d1%80%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4-%d0%bd%d0%b0%d1%81%d1%80%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d0%b8/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев