Доналд Трамп ва сарони 9 кишвари арабӣ ва исломӣ дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар маҷлисе бӯҳрони Ғазза ва вазъияти онро пас аз ҷанг баррасӣ карданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи 79-умин маҷлиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо сарони 9 кишвари арабӣ ва исломӣ дидор ва дар бораи ояндаи Ғазза пас аз ҷанг суҳбат кард.
Дар ин маҷлис, сарони Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Миср, Урдун, Туркия, Индонезия ва Покистон ҳозир буданд.
Трамп дар ин маҷлис пешниҳоде кард, ки меҳвари асосии он ҳазфи комили нақши Ҳамос аз идораи Ғазза, хуруҷи тадриҷии артиши режими саҳюнистӣ аз ин минтақа ва супурдани масъулияти амният ба нерӯи муштарак аз кишварҳои минтақа буд.
Вай ҳамчунин аз ҳукуматҳои арабӣ ва исломӣ хост, ки ёриҳои молиявии васеъ барои бозсозӣ ва идораи Ғазза дар марҳилаи гузариш ихтисос диҳанд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, пас аз поёни ин маҷлис, онро “ба сахти натиҷабахш” тавсиф кард ва Трамп низ бо изҳори ризоят, маҷлисро “олӣ” хонд. https://tajikpress.com/2025/09/24/%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-9-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b1%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d0%bc%d3%a3-%d0%b1%d0%be-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев