Ҳ. Шанхай: Русия; бозигари мувозинакунанда дар шароити таҳрим
Созмони ҳамкории Шанхай (SCO) ҳамчун яке аз бузургтарин созмонҳои минтақаии ҷаҳон, нақши калидӣ дар тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Осиё иҷро мекунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Русия, дар шароите ки бо таҳримҳои васеъи ғарбӣ бахусус баъд аз ҷанги Украина рӯбарӯ аст, Созмони ҳамкории Шанҳайро фурсате барои кашидани нафаси дипломатӣ ва иқтисодӣ медонад.
Маскав аз ин созмон барои тақвияти муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, нигоҳ доштани ҷойгоҳи худ дар муодилаҳои минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо Чин ва Эрон истифода мекунад.
Путин дар ҷаласаи охир бори дигар бар зарурати эҷоди назми “адолатмандтар” таъкид кард ва ин созмонро абзоре барои муқобила бо ҳукмронии Ғарб донист. https://tajikpress.com/2025/09/11/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d0%b2%d0%be%d0%b7%d0%b8%d0%bd%d0%b0%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b0-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%88/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев