10 сентябри соли 2025 Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Британия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Британия дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи иттилооти фаврӣ байни мақомоти салоҳиятдори ҳар ду кишвар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории он зоҳир карда шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мунтазам ва таҳкими муколамаи дуҷониба оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баён доштанд.
Пештар дар хабарҳо омада буд:
8 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Британия ва Ирландияи Шимолӣ Кэтрин Смиттон мулоқот намуд. https://tajikpress.com/2025/09/11/%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%80-%d0%b2%d0%b0-%d0%b3%d1%83%d1%84%d3%a3%d1%83%d0%b3%d1%83%d0%b8-%d0%ba%d0%be%d1%82%d0%b8%d0%b1%d0%b8-%d1%88%d1%83%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d1%82/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев