Коҳиши содирот ба коҳиши ҳаҷми фурӯши флузоту сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон марбут аст – дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин рақам 247 маротиба коҳиш ёфтааст.
Коҳиши содирот ба коҳиши ҳаҷми фурӯши флузоту сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон марбут аст – дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин рақам 247 маротиба коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши манбаъ:
Аз аввали соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 2,5 миллиард доллар коло ва маҳсулот ворид гардидааст.
Дар ин бора аз Агентии омори Тоыикистон хабар доданд.
Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 24% афзоиш ёфтааст.
Оҷонсии омор қайд кардааст, ки ҳаҷми воридот пеш аз ҳама аз ҳисоби хариди мошину таҷҳизот афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар 4 моҳ маҳсулоти маъдан (18,7%) ва фулузоти ғайрициматбаҳоро (10,2%) харидааст.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои агентӣ, содирот дар соли ҷорӣ 636 миллион долларро ташкил дод, нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2024 13% камтар аст.
Коҳиши ин нишондиҳанда ба коҳиши ҳаҷми фурӯши фулузоту сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Тоҷикистон марбут аст.
Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то апрели соли 2025 ҷумҳурӣ ин навъи маҳсулотро ҳамагӣ ба маблағи 1,2 миллион доллар содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 247 маротиба камтар аст. https://tajikpress.com/2025/06/03/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%b4%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%82%d1%83-%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b4/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев