Оморҳои ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳанд, ки дар 20 моҳи гузашта ҳазорон кӯдак дар Навори Ғазза кушта ё маҷрӯҳ шудаанд ва марказҳои тақсими ғизо, ки бояд паноҳгоҳи мардум бошанд, ба нуқтаи ҳамлаҳо табдил ёфтаанд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ аз Навори Ғазза, ки қарор буд бо таъсиси марказҳои тақсими кӯмак фишори ҷангӣ андаке коҳиш ёбад, дар рӯзҳои ахир ба саҳнаи тозаи хушунат табдил шудааст. Гузориши ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки дар камтар аз ду сол, наздики 50 ҳазор кӯдак дар ин минтақа кушта ё маҷрӯҳ шудаанд.
Оҷонси кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагони фаластинӣ (UNRWA) имрӯз (душанбе) эълом кард, ки аҳолии ғайринизомии Ғазза, аз ҷумла кӯдакон, кумакрасонҳо ва хабарнигорон, ҳамчунон мавриди ҳамла қарор доранд, ба вижа дар атрофи марказҳое, ки бояд ҷойи амн барои тақсими кӯмакҳои ғизоӣ бошанд.
Дар яке аз ҳамлаҳои ахир, артиши режими Исроил имрӯз ҷамъшавии мардумро дар наздикии як маркази тақсими кӯмак дар ғарби Рафа ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи кормандони тиббӣ, дар ин ҳамла се нафар кушта ва 35 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ин дувумин ҳамлаи пайдарпай ба ин марказҳо дар ду рӯзи гузашта буд. Рӯзи якшанбе низ, 32 нафар дар ҳамлаи монанд ҷони худро аз даст доданд ва тақрибан 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Танҳо аз замони оғози фаъолияти ин марказҳо дар 27 май, 49 кушта ва беш аз 300 захмӣ сабт шудааст. https://tajikpress.com/2025/06/02/%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d0%bb/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев