Дар Русия манобеи ройгон фароҳам шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд забони русиро омӯзанд.
Ба гузориши манбаъ:
Дар Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ забони русиро ройгон меомӯзанд.
Дар кишвар захираҳои омодасозии муҳоҷирон мавҷуд аст, аз ҷумла, барномаи таълимии “Русӣ барои кор ва зиндагӣ” ва манбаи иттилоотӣ ва таълимии “Забони русӣ” мебошад.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия хабар медиҳад.
Дар ин ниҳод шарҳ доданд:
“Бо мақсади мутобиқсозии забон ва таълими забони русӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, пеш аз ҳама муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла берун аз Федератсияи Русия, барномаи таълимии “Забони русӣ барои зиндагӣ ва кор” барои шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин, Туркия ва Ветнам ҷорӣ карда шудааст”.
Таъкид мешавад, ки дастрасии ройгон ба барнома тавассути суроғаи интернетии https://migrant.spbu.ru ва инчунин дар портали хадамоти давлатӣ дар бахши хидматҳои электронӣ барои муҳоҷирони корӣ имконпазир аст. https://tajikpress.com/2025/05/26/%d0%be%d0%bc%d3%af%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%80%d0%be%d0%b9%d0%b3%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d0%b1%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев