Дар ҳоли ҳозир дар Русия 203 маркази воқеъӣ вуҷуд дорад, ки дар он муҳоҷирон метавонанд имтиҳони забони русиро супоранд.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, дар соли 2024 беш аз 9 ҳазор тасдиқномаҳо (сертификат)-и муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи донистани забони русӣ бекор карда шуд.
Дар ин бора раиси Рособрнадзор Анзор Музаев дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург хабар додааст.
Ба иттилои вай, пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ шумораи чунин қонуншиканиҳо 3 баробар коҳиш ёфт.
Ӯ гуфт: “Теъдоди қонуншиканиҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кардааст, тақрибан се баробар коҳиш ёфтааст. Сухан дар бораи тасдиқномаҳои бекоршуда меравад ва асосан ин ҳама ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи додашуда мебошанд, ки то ворид шудани тағйирот эътибор доштанд”.
Музаев ёдовар шуд, ки ҳоло дар Русия 203 марказ воқеӣ вуҷуд джорад, ки дар он метавон имтиҳони забони русӣ супорид. https://tajikpress.com/2025/05/21/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d2%b3%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80%d2%b3%d0%be-%d0%b3%d1%83%d0%b2%d0%be%d2%b3%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d0%b1%d0%be/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев