Бетсалел Смотрич, вазири молияи режими саҳюнистӣ, бо интиқод аз амалиёти низомии ҳозира дар Ғазза, онро танҳо кӯшише барои озод кардани асирони саҳюнистӣ донист ва ҳамлаи васеътар ба Ғаззаро талаб кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Бетсалел Смотрич, вазири молияи режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи 14-уми саҳюнистӣ таъкид кард, ки агар ин ҳамла сурат нагирад, вуҷуди кабинаи ҳозира ҳеҷ тавре тавҷиҳе надорад.
Смотрич даъво кард, ки ҷанги ҳозира дар Ғазза кофӣ нест ва танҳо як амалиёти маҳдуд барои таъсири фишор аст. Ӯ пештар низ ишғоли комили Ғазза, иҷрои “нақшаи Трамп” барои интиқоли фаластиниён ба кишварҳои арабӣ ва барқароркунии ҳукумати низомиро талаб карда буд. Ӯ ба сарвазир Нетаняҳу ҳушдор дод, ки ин ҳадафҳо танҳо бо нобуд кардани Ҳамос амалӣ мешаванд.
Ин вазири тундрав бо ишора ба оташбаси моҳи январ, гуфт бозгашт ба ҷанг бояд бо ҳадафи шикасти комили Ҳамос ва ҳукумат бар Ғазза бошад, аммо ин воқеъ нашудааст. Ӯ ҳушдор дод, ки агар ҳукумат ба ин самт наравад, машруияти худро аз даст медиҳад. Смотрич инчунин аз мунаққидонаш шикоят кард ва даъво намуд, ки онҳо кӯшиш мекунанд назарҳои мантиқии ӯро хомӯш кунанд. https://tajikpress.com/2025/04/24/%d0%b2%d0%b0%d0%b7%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b7%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0%d0%b8-%d0%b2%d0%be%d2%9b%d0%b5%d3%a3-%d0%b1%d0%b0-%d2%93/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев