Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини дуюми Раиси Парлумони Шветсия Джулия Кронлид мулоқот намуд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини дуюми Раиси Парлумони Шветсия Джулия Кронлид мулоқот намуд.
Дар ин хусус ба «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни мулоқот Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки «моро зарур аст ҳамкории худро амиқтар гардонем, масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, роҳҳои нави таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамонро пайдо намоем. Муносибатҳои мо дар асоси барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 уфуқҳои наве касб намуданд, ки бар эҳтироми ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ асос ёфтаанд.
Шветсия ҳамеша шарики муҳими Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории башардӯстона буд. Мо дар якҷоягӣ якчанд лоиҳаро амалӣ намудем, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши кишоварзӣ нигаронида шудаанд».
Иброз гардид, ки кори мунтазам дар доираи форумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои сатҳи баланд, аз қабили Ассамблеяи кунунии Иттиҳоди байнипарламентӣ ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намуда, барои ташаббусҳои муштарак имконияти нав фароҳам меорад. https://tajikpress.com/2025/04/09/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%b8%d1%81%d0%b8-%d0%bf%d0%b0%d1%80%d0%bb%d1%83%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев