Вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза эълон кард, ки шумораи шаҳидони ҳамлаҳои неруҳои режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба 50 ҳазору 810 нафар расидааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза бо нашри баённомае, омори навтарини шаҳидон ва ҷароҳатдидагонро аз 7 октябри соли гузашта то ҳол эълон намуд.
Мувофиқи эълони Вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои неруҳои режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз 7 октябри соли гузашта то ин лаҳза, 50 ҳазору 810 нафар ба шаҳодат расидаанд.
Ҳамчунин ин ниҳоди тиббии фаластинӣ изҳор дошт, ки шумораи умумии ҷароҳатдидагон аз оғози ҷанг дар ин минтақа ба 115 ҳазору 688 нафар расидааст.
Ин вазорат эълон намуд, ки дар давоми 24 соати гузашта ҷасади 58 шаҳид ба беморхона интиқол дода шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат 213 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Аз 18 марти соли ҷорӣ дар мавҷи нави ҳамлаҳо ба Ғазза низ 1449 нафар шаҳид ва 3647 нафар захмӣ шудаанд.
Ҳанӯз ҳазорон нафари дигар дар навори Ғазза гумшуда ва зери харобаҳоянд. https://tajikpress.com/2025/04/08/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-50-%d2%b3%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80%d1%83-810-%d0%bd%d0%b0%d1%84/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев