Аъзои Шӯрои амният, ба ҷуз Амрико, аз саргирии ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаро маҳкум карданд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Аксари аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти рӯзи сешанбе, ки дар иртибот бо азсаргирии ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза баргузор шуд, ҳамлаҳои ҳавоии маргбори ғайримунтазира ба ғайринизомиёнро маҳкум карданд.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида Ҳамосро «танҳо» масъули азсаргирии ҳамлаҳо донист.
Дороти Шия, намояндаи муваққати Амрико дар Созмони Милал, бо ин иддао, ки артиши Исроил «дар ҳоли ҳамла ба мавқеъҳои Ҳамос аст», изҳор дошт: «Мо хуб медонем, ки Ҳамос ҳамчунон аз зерсохтҳои ғайринизомӣ ҳамчун платформаи партоб истифода мекунад ва Иёлоти Муттаҳида ин амалро маҳкум мекунад, ҳамон тавр ки дигарон низ бояд маҳкум кунанд».
Ӯ гуфт: «Трамп ба сароҳат эълон кардааст, ки Ҳамос бояд фавран гаравгонҳоро озод кунад ё баҳои сангине бипардозад ва мо аз Исроил дар марҳилаҳои баъдӣ ҳимоят мекунем». https://tajikpress.com/2025/03/19/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%88%d3%af%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d1%82-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев