Дафтари иттилоотии давлатии Ғазза таъкид кард, ки аксари қурбониёни ҳамлаҳои ҷадиди Исроил занону кӯдакон ҳастанд ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин ҷиноятҳо пазируфтанӣ нест.
Ба гузориши ТоҷикПресс, ин ниҳод эълон кард, ки режими саҳюнистӣ созишномаи оташбасро нақз карда ва ба насулкушии ғайринизомиён идома медиҳад.
Таҷовузоти ваҳшиёна ва афзоиши талофот
Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза, беш аз 356 нафар шаҳид ва садҳо нафар захмӣ ва бедарак шудаанд. Ин ҳамлаҳо дар шароите сурат гирифтаанд, ки Ғазза зери муҳосираи шадид қарор дорад ва гузаргоҳҳо комилан баста шудаанд, ки ин мавзӯъ бӯҳрони инсониро шиддат бахшидааст.
Қурбониёни асосӣ: занону кӯдакон
Ба сабаби шароити сахти инсонӣ ва камбуди сӯзишворӣ, аксари қурбониёни ин ҳамлаҳоро занон, кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. Баъзе оилаҳо ба тамомӣ дар ин ҷиноятҳо кушта шудаанд. Ин амалҳо нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва инсондӯстона мебошанд. https://tajikpress.com/2025/03/18/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%81%d1%83%d2%9b%d1%83%d1%82%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%b2%d0%b0%d2%b3%d1%88%d0%b8/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев