Қазоии намози бомдод чигуна хонда мешавад?
Савол:
Асалому алайкум аҳли илм!Мо як гурӯҳ мардикорон дар Русия болои масъалаи хондани қазоии намози бомдод баҳс дорем. Аз саҳифаи шумо ҳам ҷавоби пурраро наёфтем ва маҷбур шудем алоҳида савол диҳем. <br />
Пеш аз он ки ба масъала дурустар ошно шавед гуфтаниам,ки мо мардуми дар шимоли Русия кор мекарда аз сабаби тобистон сар шудани шабҳои равшан "белая ночь" намози бомдодро дар вақташ хонда наметавонем,чунки намози хуфтан аз бомдод ҳамагӣ 2-3 соат аз ҳам фарқ дорад ва аксаран онро баъди баромадани офтоб мехонем. Нофаҳмӣ дар он аст, ки баъзе мегӯянд,ки қазоӣ ният карда намешавад,дигарӣ мегӯяд, ки қазоӣ ният мешаваду аввал фарз ва баъдан суннат хонда мешавад, савумӣ мегӯяд,ки фақат фарз қазоӣ хонда мешаваду халос. Бобои Эшон кадоме аз инҳо дуруст мегӯянд? Агар сунат қазоӣ хонда шавад, нияташ чӣ гуна аст? Аз шумо ҷавоби оҷилро инизорем. Худованд аҳли хонаводаи шуморо ниаҳбон бошад.
Саволкунанда: Самад
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматӣуллоҳ. Бародари исломӣ! Бояд шумо кушиш кунед намоҳоро дар вақташ хонед ва нагузоред қазо шавад. Аммо роҷиъ ба масъалаи намози қазои пас инро бояд бигуям, ки вақте намози бомдод бо баромадани офтоб қазо шуд пас бояд шумо аваал азон гуфта сипас суннати онро ба нияти қазои ва баъди он иқомат гуфта фарзро низ ба нияти қазо бихонед. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавобдиҳанда: Эшони Маҳмудҷон
10Диданд: 392Таърих: 15.06.2014
Мархамат бародарон ва хохарони исломи ба гурухи мусалмони
Дар ин чо барои Руза Ва Рузадорон бисер савол чавобхо ва Хадису Киссахо хаст
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=57005391282211&_prevCmd=userAltGroups&tkn=1721
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев