Дар соли гузашта 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми адои маносики Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот карданд.
Дар соли гузашта 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми адои маносики Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот карданд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар соли гузашта 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми адои маносики Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот карданд. Тибқи қоидаҳои байналмилалӣ онҳо дар макони вафоташон ба хок супорида шуданд.
Арзиши сафари сокинони Тоҷикистон барои ҳаҷҷи фарзӣ 57 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ин беш аз 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки нархи ҳаҷҷи фарзӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
Ин маблағ, ба гуфтаи мақомот, ба харидани чиптаи ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф хоҳад шуд. https://tajikpress.com/2025/02/01/%d1%84%d0%b0%d0%b2%d1%82%d0%b8-4-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b2%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba-%d2%b3%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%be%d0%bc%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d2%b7%d2%b7%d0%b8-%d1%84/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев