Арзиши гази моеъ яке аз пуристифодатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон дигарбора марзи 7 сомониро убур кардааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, алҳол дар аксар фурӯшгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он қимати гази моеъ ба 7,2 сомонӣ дакка задааст.
Бино ба гуфти ронандаҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлон арзиши гази моеъ дар ин манотиқи Тоҷикистон ба 7,4 сомонӣ боло рафтааст.
То ду рӯзи қабл ин навъ маводи сӯхтро дар шаҳру навоҳии Суғд бо нархи то 6,8 – 7 сомонӣ хариддан имконпазир буд.
Яке аз роҳбарони ширкати чаканафурӯшии маводи сӯхт баландшавии нархи газро таъйид намуда, мегуянд, ки ин ба нархи воридоти мол вобаста аст.
Мурод Исмоилов, яке аз моликони Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки арзиши яклухти ҳар кило гази моеъ то ба 3 сомонӣ баланд шудааст.
роҳбари ширкати Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ гуфт: “Ду се рӯз ба ин тараф нархи ҳар килои яклухти гази моеъ аз 10,5 сомонӣ ба 13,5 сомонӣ баланд шуд. Ҳар қадаре, ки нархи воридотии мол баланд шавад, ҳамон андоза қимати чаканаи он ҳам баланд мешавад”.
Бино ба таҳлили хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳҳои қаблӣ ба ғайр аз гази моеъ нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир боқӣ мондааст: https://tajikpress.com/2024/11/09/%d0%bd%d0%b0%d1%80%d1%85%d0%b8-%d0%bf%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%b8%d1%84%d0%be%d0%b4%d0%b0%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bd-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d1%81%d3%af%d1%85%d1%82%d0%b8/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев