КАШ !! Гуфт: –
Мухаббат чист? Гуфтам: – Эхсосоти
пуркуввату бузурги хоссаву
алохидаи ду дилдода ба якдигар.
Гуфт: – Он чи тавр ба амал меояд?
Гуфтам: – Бо мехри чудогонае, ки
нисбат ба дигарон ба якдигар
доранд. Гуфт: – Кувваи он дар
чист? Гуфтам: – Дар мехр. Гуфт: –
Онро чи сон пурзур кард? Гуфтам: –
Ба якдигар мехрубони кардан,
сухани хуш гуфтан, аз дарди дили
якдигар бохабар гашта, ба он
малхам шудан. Гуфт: – Зиндаги
чист? Гуфтам: – Майдони набард.
Гуфт: – Дар он чи сон буд? Гуфтам:–
Мубориз. Гуфт: – То кай? Гуфтам: –
То охири умр. Гуфт: – Рохи пурпечу
тоби зиндагиро чи тавр бояд тай
кард? Гуфтам: – Бо пуртокати,
хоксори, фурутани, дурандеши.
Гуфт: – Бояд чи сон кас буд?
Гуфтам: – Мехнатдуст, халолкор,
бавичдон. Гуфт: – Хушии зиндаги
чист? Гуфтам: – Дар хурдани нони
беминнати халол, хандахои
сидкану бегаш, талоши бегам
зистан, чаро ки кас як бор ба дунё
меояд. Гуфт: – Аврат чи сон бояд
буд? Гуфтам: – Рахмдил, дурандеш,
хоксор, халолкор, бояд шавхари
худро хурмат кунад, кудаконро
дуст дорад. Гуфт:– Мард чи?
Гуфтам:– Мард хам инчунин. Гуфт: –
Ту маро дуст медори? Гуфт: – Бале!
Гуфт: – Чи сон? Гуфтам: – Бехад
сахт. Ту онро тасаввур карда
наметавони. Гуфт: – Ачаб. Оё ту
медони, ки ман дигар касро дуст
медорам? Гуфтам: – Медонам. Гуфт:
– Хасад мебари? Гуфтам: – Харгиз.
Гуфт: – Чаро? Гуфтам: – Уро ба хуби
мешиносам. Чавони хуб аст.
Арзанда. Гуфт: – Агар ту маро дуст
дори, пас у ракиби туст. Гуфтам: –
На ин тавр меандешам. E шоистаи
туст, агар на, хак ба чонибат. Гуфт:
– Чаро чунин андеша дори?
Гуфтам: – Хушбахтии туро мехохам.
Гуфт: – Бо вучуди дигар касро
хохон шуданам? Гуфтам: – Оре,
ошиконат бехисобанд, вале ихтиёр
турост. Гуфт: – Марост ё ишкрост?
Гуфтам: – Дурустараш, ишкрост.
Гуфт: – Бевафоям намегуи? Гуфтам:
– Не, ба ин хукук надорам. Ту ба
ман ваъда надодаи. Гуфт: – Ту хам
чавони хубиву хушруи, шояд
маъшуконат зиёд бошанд? Сахт
дустат медоранд. Гуфтам: – Шояд,
аммо ман туро интихоб кардаам.
Гуфт: – Пас чаро барои ман
мубориза намебари? Гуфтам: – Аз
он ки варо ту худ интихоб кардаи.
Гуфт: – Мехохи, ки ба назди ту оям?
Гуфтам: – Нахохам. Гуфт: – Сабаб?
Гуфтам: – У туро фирефтааст? Гуфт:
– Не. Гуфтам: – Уро бо хохиши худ
интихоб карди? Гуфт:– Бале.
Гуфтам: – Ба у ваъда кардаи? Гуфт:
– Оре. Гуфтам: – Дигар чи хочати
гап. Гуфт: – Охир ту ошики мани.
Дар ишки ман месузи. Мехохам ба
ту некие бикунам. Гуфтам: – Ин
кори ту на некист. Бо вучуди он, ки
бо тамоми хастиям туро дуст
медорам, бе ту будан бароям басо
душвор аст, вале розиам, ки бо у
боши, аммо хиёнаткор набоши.
Ман ёри хиёнаткорро дуст
надорам. Илтимос, ин корро накун,
алангаи ишки поки маро хомeш
насоз. Гуфт: – Наход! Гуфтам: – Оре,
аз он ки ту ба пеши ман меои ва
рузе мерасаду ба ман хам хиёнат
мекуни. Гуфт: – Бо кадом сабаб
чунин меандеши? Гуфтам: – Аз он
ки шояд каси дигар ба ту нисбат аз
ман хубтар харф бизанад, изхори
ишк бикунад. Гуфт: – Туро
санчидан хостам. Ман бо у хохам
монд. Гуфтам: – Пас ишки ман
нисбати ту намиранда хохад буд.
Гуфт: – Бовар надорам. Вакташ
меояду зан мегири, маро фаромуш
хохи кард. Гуфтам: – Чи илоч,
зиндаги давом дорад, дигар зан
мегирам, аммо ишки туро фаромуш
карда наметавонам. Ин кувваи
бузургеро, ки бо вучуди талхиаш
хаётро бароям ширин
гардонидааст, аз ёд баровардан
гунохи азим асту корест мухол.
Гуфт: – Чаро намепурси, ки бо
кадом сабаб туро неву уро интихоб
кардам. Гуфтам: – Чи лозим, агар
интихоби дил гуи, сабабашро худ
намедони, агар интихоби худ гуи,
бепурсидан хам медонам, ки ба ин
хурсанд хам хастам. Гуфт: – Хисси
кунчкобиам азоб медихад. Гуфтам:
– Туро ман дуст медорам. Мехохам,
ки хушбахт боши. Аз он ки
камбизоатаму e доротар ва туро
хамрохи у будан ташвиш намеорад
ва хамин шодам мегардонад, ки
дар зиндагони азоб нахохи кашид...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев