ДАРСИ ЗИНДАГӢ
_____



_____
Дӯстам ранҷур мабош, аз ҳар хатои зиндагӣ,
Аз фироқу нолаю аз захмҳои зиндагӣ.
Гар ғаме пеш ояду, нодориаш дилгир кунад,
Сабр кун, мардона бош, аз ин ҷафои зиндагӣ.
Ту, агар марди ҳақӣ, парҳез дорӣ аз бадӣ,
Нокасе санге занад, пуштад барои зиндагӣ.
Гар, зи мансабҳо равию тарк гӯяд, омадат,
Хира гардад, баҳри ту чашми бинои зиндагӣ.
Ёр, агар рафт, аз барат, дӯсте рабуд, гар боварат,
Дон Худо аст, ёварат, дар кӯчаҳои зиндагӣ.
Гар савори аспи мансаб корҳоят пеш равад,
Бишнавӣ, ҳамду бипӯшӣ, зарқабои зиндагӣ.
Давлатад афзун шавад, зӯру тавонат, чун шавад,
Дӯсту ағёр ёр дар ишратсарои зиндагӣ...
Дон, молу мансабу зӯру тавон, ки бевафост,
Меравад, рӯзе ҳама