ҲИКОЯИ ИБРАТНОК...
....Пире барои фарзандаш аз ҳақиқатҳои зиндагӣ чунин гуфт:
--- Дар вуҷуди ҳар инсоне, ҳамеша муборизае ҷараён дорад, монанди муборизаи ду гург, ки яке аз гургҳо символи бадиҳо
Мисли: ҳасад, ғурур, шаҳват, дурӯғ, такаббур ва худхоҳӣ аст.
Ва дигаре символи меҳрубонӣ, ишқ, умед ва ҳақиқат.
Суханони падар, кӯдакро ба фикр фурӯ бурд, то ин,ки пурсид:
--- Падар, кадом гург пирӯз мешавад?
Падар лабханде заду гуфт:
--- Гурге, ки ту ба он ғизо медиҳӣ...
Нет комментариев